Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

З.Усмонова: Тоҷикистон мехоҳад аз “толибизатсияи мағзҳо” пешгирӣ кунад


Зулайхо Усмонова, доктори илмҳои фалсафа ва ходими Пажӯҳишгоҳи таърих ва фалсафаи Академияи илмҳои Тоҷикистон.
Зулайхо Усмонова, доктори илмҳои фалсафа ва ходими Пажӯҳишгоҳи таърих ва фалсафаи Академияи илмҳои Тоҷикистон.

Дар Тоҷикистон як маъракаи густурдаи, ба қавли ҳукумат "мубориза бо фарҳанги бегона" ва "тақлидкорӣ", идома дорад, ки ҳадафаш ҷилавгирӣ аз "ифротишавии ҷомеа", мебошад. Вале бахше аз ҷомеа аз ин ҷараёнҳо розӣ нест ва мегӯяд, талоши бадар кардани ҳиҷобу рӯсарӣ аз тани занони тоҷик, дахолат ба ҳаёти хусусии онҳо ва хилоф бо арзишҳои озодии интихоб ва мазҳаб аст.

Як донишманди тоҷик, ки таҳқиқоти худро дар заминаи таъсири фарҳанги бегона анҷом додааст, мегӯяд, ба ин ҷараёнҳо набояд сатҳӣ ва эҳсосотӣ баҳо дод, чун ҳадафи ниҳоии мақомот дигар аст. Зулайхо Усмонова, доктори илмҳои фалсафа ва ходими Пажӯҳишгоҳи таърих ва фалсафаи Академия илмҳои Тоҷикистон дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ андешаҳои худро дар ин замина дар миён гузошт.

Нигаронии ҳукумат танҳо аз сару либос нест, ҳадаф пешгирӣ аз толибонӣ шудани мағзҳо аст.

Радиои Озодӣ: Ба назари Шумо сабаби ташдид ёфтани мубориза бо он чӣ “фарҳанги бегона” гуфта мешавад, чист? Оё воқеан мояи нигаронии ҳукумат танҳо рӯсарии занон аст?

Зулайхо Усмонова: Фикр мекунам, дар баъзе ҳолатҳо сахтгирии ҳукумат зарур аст. Чунки мо ҷангеро аз сар гузаронидем, ки як тарафи муқовиматашро исломгароён ташкил медоданд. Ин қувваҳо, мутаассифона, ҳанӯз ҳам ба фикру ҷаҳонбинии як қисмате аз ҷомеаи мо таъсиргузор ҳастанд. Бо намуди зоҳирӣ, албатта, наметавон шахсро баҳо дод. Аммо тавре мегӯянд, зоҳир баёнгари вазъи ботинии инсон аст. Он мушкилиҳое, ки дар ҷомеаи мо имрӯз вуҷуд дорад, ба ҷаҳолат ва нодонии бархе нафарон вобаста аст. Чунки бисёриҳо дар мо ба маънои ҷомеаи дунявӣ ва давлати дунявӣ сарфаҳм намераванд. Бинобар ин, ман амалкарди ҳукуматро дар ин самт, новобаста ба баъзе камбудиҳояш, дуруст мешуморам. Чунки бо чунин падидаҳои манфӣ бо тундӣ мубориза бояд бурд. Вагарна торафт мазҳабӣ шудани ҷомае, оқибатҳои нохуше дорад, метавонад боиси пайдо шудани ҳаракатҳои тахрибкоре мисли Толибон дар Афғонистон шавад. Нигаронии ҳукумат танҳо аз сару либос нест, ҳадаф пешгирӣ аз толибонӣ шудани мағзҳо аст.

Радиои Озодӣ: Ҳоло дар Тоҷикистон ҳукумат талош дорад ҳар чӣ бештар умури мазҳабӣ ва ҳатто пӯшиши одамонро зери назорат бигирад. Дар ҷумҳурӣ як барномаи мубориза бо либосҳои ба истилоҳ "бегона" дар ҳоли иҷро аст, ки бархе онро дахолат ба ҳаёти шахсии одамон меҳисобанд. Сабаби чунин рафтори ҳукумат дар чист?

Зулайхо Усмонова: Мехоҳам ин масъаларо бо овардани як мисоли мушаххас аз зиндагӣ ба Шумо шарҳ диҳам. Ҳукумат аз таъсири қувваҳои хориҷ аз кишвар ба мафкураи шаҳрвандонаш сахт нигарон аст. Фарз кардем, ҳамсояи ман намегузорад, ки духтараш аз хона бо мӯи сари бараҳна берун барояд ва талаб мекунад, ки сатр ва ё ҳиҷоб пӯшад. Баъдан талаби ӯ бо ин хотима намеёбад. Ба эҳтимоли зиёд ӯ рафтан ба мактабро ба духтараш манъ мекунад ва пинҳонӣ дар 15-солагӣ духтарашро ба шавҳар медиҳад. Дар натиҷа тамоми низоми як давлати дунёявӣ ва қонунсолор поймол мешавад. Гап дар сари ин меравад. Чунки намуди зоҳири баёнгари олами ботинӣ аст, ки дар натиҷаи таъсири расму фарҳангҳои бегона шакл гирифтаанд. Ҳукумат аз ин чиз нигарон аст ва талош дорад пеши роҳи ин падидаро бигирад.

Радиои Озодӣ: Чаро ҳукумат дар оғози мазҳабишавии ҷомеа пеши роҳи онро нагирифт ва ҳамакнун бо як қотеият даст ба кор шудааст?

Зулайхо Усмонова: Агар дар ёд дошта бошед, дар оғози солҳои 2000-ум ҳукумат ба барқарор кардани сохти давлатдорӣ ва иқтисодиёт банд буд. Баъди ҷангӣ шаҳрвандӣ дар ҳамаи соҳаҳо мушкилот вуҷуд дошт. Шояд дар ин марҳила баъзе равандҳо аз зери назари ҳукумат дур монданд. Ҳарчанд анҷом додани ин реформа хеле сахт аст, аммо ин маънои онро надорад, ки ҳоло он камбудиҳое, ки аз зери назар дур монда буданд ислоҳ карда нашаванд.

Радиои Озодӣ: Фикр мекунед, ин намуди либоси барои мардуми тоҷик "бегона" чӣ гуна дар байни занони тоҷик ҳаводор пайдо кард ва занону духтарони тоҷик онро ба таври густурда ба бар карданд?

Зулайхо Усмонова: Фикр мекунам нахустин «омилони нуфуз», ки фарҳанги бегонаро, хусусан дар пӯшидани либос дар мо сироят карданд, нафароне буданд, ки аз Афғонистон баъди имзо шудани созишномаи сулҳ баргаштанд. Маҳз дар он ҷо онҳо бо фарҳанг ва пӯшишҳои ба мо бегона сироят шуданд. Баъдан давраи нуфузи руҳониёни алоҳида шурӯъ шуд, ки амри маъруф ва суханрониҳояшон дар садҳо фиттаву дискҳо дар саросари ҷумҳурӣ паҳн мешуд ва садои онҳоро дар кӯчаву бозор, нақлиёту дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ шунидан мумкин буд. Рӯҳониён бо сӯистифода аз озодиҳои фароҳамкардаи ҳукумат, мағшӯии мардум ва ҳаводоронашонро ба авҷаш расониданд.

Радиои Озодӣ: Аз гузаштаи начандон дур медонем, ки Шӯравӣ низ бо рӯсарии занон, дину диндорон мубориза мебурд. Аммо бо ин вуҷуд одамон аз Шӯравӣ ба некӣ ёд мекунанд, аммо талошҳои имрӯзи ҳукумат дар мубориза бо рӯсарӣ ба сахти пеш меравад ва аксуламали бархе тоифаҳоро дар пай дорад. Чаро чунин аст, шояд ин ҷо иштибоҳе ҷой дорад?

Зулайхо Усмонова: Одамон аз даврони Шӯравӣ барои он ба некӣ ёд мекунанд, Шӯравӣ як зумра имтиёҳои иҷтимоӣ ва имкониятҳои ройгонро ба одамон медод. Ҳатто барои онҳое, ки кор намекарданд. Яъне давлат барои одамон барномаҳое дошт, ки бо андак кор ва ё, ҳатто кор накарда зиндагиашонро таъмин мекарданд. Носталжии одамон аз ин ҷо маншаъ мегирад.

Радиои Озодӣ: Аммо шеваи бархӯрд бо мазҳаб ва диндорон монанд ба он замон нест?

Зулайхо Усмонова: Шеваи мубориза бо фанатизм дар Шӯравӣ ва замони ҳозира хеле фарқ мекунад. Муносибати имрӯзи давлат бо дин хеле таҳаммулгароёна аст. Шояд бисёриҳо фаромӯш карданд, аммо дар Шӯравӣ ба масҷид рафтанд, сохтани масҷид ҷашн гирифтани идҳои динӣ хеле мушкил буд ва ё ҳатто ғайримкон буд. Ҳоло ин мушкил нест. Масалан ҳоло идҳои динӣ дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифта мешаванд. Ба фарқ аз замони Шӯравӣ, ки одамон аз он ба некӣ ёд мекунанд, давлат ба эҳсости динии одамон эҳтиром қоил аст.

Атеизм ва ё бехудоӣ идеологии расмии давлатии Шӯравӣ ва озодиҳои динӣ дар сатҳи хонавода маҳдуд буд. Шумораи масҷидҳоро дар Тоҷикистон бо ангуштони як даст мешуд баршумурд. Дар як вилояти Суғд танҳо як масҷид буд- масҷиди Шайх Муслиҳиддин дар шаҳри Хуҷанд, ки падари ман бо пайдо шудани имконият аз 22 километр дурӣ ба он ҷо барои адо кардани намоз меомад. Аммо ҳоло дар ҳамон вилояти Суғд даҳҳо масҷид вуҷуд дорад ва барои адо кардани намоз ягон маҳдудият вуҷуд надорад. Ба қадри ин чизҳо бояд расид.

Радиои Озодӣ: Ташаккур барои сӯҳбат.

XS
SM
MD
LG