Пайвандҳои дастрасӣ

Масъулони умури дин: "Гузориши Амрико ғайривоқеӣ аст". САДО


Масъулини умури дин мегӯянд, гузориши Департаменти давлатии ИМА дар бораи озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон “воқеъбинона нест” ва ба мавзӯи либос набояд тобиши сиёсӣ дода шавад. Мақомот гуфтанд, дар Тоҷикистон намояндагони ҳама мазҳабҳо, аз ҷумла мусалмонон, озодона ибодат мекунанд, дари масҷидҳо боз аст ва намояндагони динҳои дигар ҳам ҳақи ибодату фаъолият доранд.

Рӯзи 14-уми август гузориши солонаи вазъи озодиҳои мазҳабӣ дар саросари ҷаҳон нашр шуд ва дар робита бо Тоҷикистон Департаменти давлатии ИМА гуфт, ин кишвар мисли соли 2015 дар гурӯҳи “Кишварҳои мавриди таваҷҷӯҳи хос” буд. Департаменти давлатӣ гуфт, соли 2016 дар Тоҷикистон назорат аз фаъолиятҳои мазҳабӣ ҳамоно идома дошт ва ин навбат таваҷҷӯҳи мақомот бештар ба ҳиҷобпӯшии занон равона шуд.

Коршиносони тоҷик, ки бо гузориш ошно шудаанд, дар бархе маворид арзёбиҳои Департаменти давлатии Амрико дар мавриди вазъи озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистонро воқеъбинона меноманд.

“Гузориши байналмилалии озодиҳои мазҳабӣ - 2016” рӯзи 15-уми август аз ҷониби Департаменти давлатии Амрико муаррифӣ шуд. Дар гузориш омадааст, ки дар амри мубориза бо ақидаҳои ифротӣ дар Тоҷикистон маъракаи зидди пӯшидани либоси исломӣ ба роҳ монда шуд. Танҳо дар шаҳри Хуҷанд дар пайи 40 рейди мақомоти тоҷик, 643 зани ҳиҷобпӯш ба қайд гирифта шуда, дар вилояти Хатлон 6 ҳазору 873 зани ҳиҷобпӯшро дар бораи “бегона” будани ин либос “насиҳат кардаанд”.

Мӯсозода: Гузориш "ғайривоқеӣ" аст

Раиси Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон дар вилояти Суғд гузориши Департаменти давлатии Амрико дар мавриди вазъи озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистонро "ғайривоқеъбинона" хонд ва гуфт, ки ба мавзӯи либос набояд тобиши сиёсӣ дода шавад.

Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода, раиси Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, арзёбиҳои вазъи озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон воқеъбинона нест ва азбаски ин гузориш дар хориҷ таҳия шудааст, муаллифон дар ин мавзӯъ иттилои кофӣ надоранд.

Масҷиди марказии шаҳри Хуҷанд.
Масҷиди марказии шаҳри Хуҷанд.

Вай гуфт: “Ҳақиқатро аввал бо чашм бинаду баъд гӯяд, ки ҳуқуқ поймол шуд. Дар ин ҷо ҳолатҳои поймол шудани ҳуқуқ вуҷуд надорад. Вақте тарғиби либосҳои миллӣ меравад, ин ифтихори миллии мо аст. Ин либос аз ҳазорсолаҳо ба мо расидааст. Овардани либоси миллатҳои бегона ва сиёсӣ кардани мавзӯи либос, бар зарари дину мазҳаб аст. Чизе, ки сатри исломӣ мегӯянд, дар ислом ин сатр муайян нашудааст. Худи маънои “сатр” либос аст. Ҳамин либоси миллии тоҷикӣ дар ҳазорсолаҳо сатри миллии мо шуда омадааст.”

Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода таъкид кард, ки дар Тоҷикистон ҳуқуқи мусалмонҳо поймол намешавад ва ин арзёбиҳо дуруст нест. Дар ҳамин ҳол, гузориши Департаменти давлатӣ аз шикояти ҳадди аққал се зани ҳиҷобпӯш ба унвонии созмонҳои байналмилалии мустақар дар Тоҷикистон хабар додааст, ки гуфтаанд, ба хотири либосашон “мавриди озори кормандони ҳифзи ҳуқуқ” қарор гирифта, дар кӯчаву бозор ва маҳалли кор аз дасти полис азият шудаанд.

"Агар озодӣ намебуд, беш аз 4000 масҷид фаъолият намекард"

Як намояндаи Кумитаи дини Тоҷикистон аз маъракаи “фаҳмондадиҳии” фарҳанги пӯшидани либоси миллӣ дар Тоҷикистон ҳимоят кард ва инро “тарғиби фарҳанги миллӣ” номид. Мавлон Мухторов, сардабири маҷаллаи “Дин ва ҷомеа”-и Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон мегӯяд, ин андеша, ки ин ниҳод “ба назорати фаъолиятҳои мазҳабӣ” машғул аст, дуруст нест: “Мо ҳамкорӣ мекунем”, гуфт ӯ.

Мавлон Мухторов.
Мавлон Мухторов.

Мухторов таъкид кард, ки кори ҳазорҳо масҷиду иттиҳодияҳои динӣ дар кишвар намунаи фаъолияти озоди мазҳабии мусалмонҳову ғайримусалмонҳо дар ҷумҳурӣ мебошад: "Агар шароити мусоид фароҳам намебуд, дар Тоҷикистон 68 ташкилоти динии ғайриисломӣ озодона фаъолият намекарданд. Ҳамчунин, дарҳои 4089 масҷид дар Тоҷикистон ба рӯи намозгузорон боз аст. Мардум озодона ибодат мекунанд."

Дар гузориши Департаменти давлатии Амрико инчунин ба мавридҳои ҷудогонаи ҳабси шаҳрвандон бо иттиҳоми узвият дар созмонҳои ифротгарои динӣ, назири Салафия муроҷиат карда гуфтааст, ки дар давоми як соли гузашта, беш аз 100 нафар бо ин иттиҳом боздошт шуданд. Дар феҳрасти созмонҳои мамнӯи исломӣ инчунин Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳам шомил шудааст ва соли 2016 қонунҳои Тоҷикистон расман сабтином шудани ҳизби сиёсии диниро дар кишвар манъ кард. “Шоҳидони Яҳво”, як ташаккули мазҳабии ғайриисломии дигар ҳамоно мамнӯъ боқӣ мемонад ва ҳаққи фаъолияти расмӣ дар Тоҷикистонро надорад.

"Таҷрибаи шӯравӣ барои шароити имрӯз созгор нест"

Коршиносони тоҷик, ки бо гузориши нави Департаменти давлатӣ ошно шудаанд, дар бархе маворид арзёбиҳои Департаменти давлатии Амрико дар мавриди вазъи озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон воқеъбинона меноманд. Ба гуфтаи Фаридун Ҳодизода, коршиноси масоили мазҳабӣ, тамоюл ба маҳдуд шудани озодиҳои мазҳабӣ тӯли 8 соли ахир идома дорад.

Вай манъи ҷавонони то 18-сола аз вуруд ба масҷид, маҳдудияти синну солӣ барои адои фароизи ҳаҷ, баста шудани теъдоди зиёди ба гуфтаи мақомот масоҷиди “ғайриқонунӣ” ва маҳдудиятҳо дар пӯшиши либоси мазҳабӣ ва гузоштани ришро аз ҷумлаи чунин маҳдудиятҳо унвон кард. Ин коршинос тадбирҳои давлати Тоҷикистон нисбати маҳдудсозии озодиҳои мазҳабиро ба таҷрибаи муборизаи низоми шӯравӣ алайҳи дин шабоҳаат дод.

Фаридун Ҳодизода.
Фаридун Ҳодизода.

Вай гуфт: “Ҳоло дар Тоҷикистон бархе аз методҳои болшевикии солҳои 1930-ум дар қиболи дин истифода мешавад. Вале вазъияту шароити имрӯза аз замони шӯравӣ комилан тафовут дорад. Он замон телевизион, интернет набуд. Дар замони шӯравӣ “девори оҳанӣ” (“железный занавес”) амал мекард, ки беруниҳо аз ҳодисаҳои дохили кишвар хабар надоштанд. Феълан вазъият комилан дигар аст”.

Фаридун Ҳодизода мегӯяд, тадбирҳои сахтгиронаи давлати Тоҷикистон нисбати озодиҳои мазҳабӣ бо баҳонаи мубориза бо ифротгароӣ дар ҷомеа таъсири баръакс гузошта, шумори ифротгароҳо бештар гардидааст. Ба гуфтаи вай, теъдоди ҷангиёни тоҷик дар набардҳои Сурия ва Ироқ дар муқоиса ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ бештар буда, дар бораи ба гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон пайвастани ҷавонони тоҷик хабарҳо мерасад. Чанд рӯзе қабл дар Маскав ба гумони омодагӣ барои амалҳои террористӣ, 3 ҷавони тоҷик дастгир шуд.

Либоси миллӣ чи гуна аст?

Дар моҳҳои ахир аз вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистон хабарҳо дар бораи “рейд”-ҳои гурӯҳҳои муташаккил аз намояндагони кумитаҳои занону дин, пулис ва мақомоти маҳалӣ дар кӯчаю бозорҳои шаҳри Хуҷанд ва вуруди ин гурӯҳҳо ба манзили афроди мазҳабӣ барои “насиҳат”-и худдорӣ аз пӯшишҳои миллатҳои бегона, дар шабакаҳои иҷтимоӣ интишор мешаванд. Муҳибулло Қурбон, коршиноси масоили мазҳабӣ, ки феълан дар вилояти Суғд қарор дорад, мегӯяд, дар шаҳри Исфараи ин вилоят хонаводаи ӯ ба чунин “рейд” рӯ ба рӯ шудааст.

Муҳибуллоҳи Қурбон.
Муҳибуллоҳи Қурбон.

Ба гуфтаи вай, аъзои ин гурӯҳ аз хонум ва ду хоҳараш, ки сатр доштанд, боисрор тақозо кардааст, ки “ба таври тоҷикӣ рӯймол банданд”. Ҳамчунин аъзои ин гурӯҳ тавсия додаанд, ки минбаъд аз пӯшиши либоси бегона парҳез карда ва танҳо либоси миллии тоҷикӣ ба бар кунанд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ин коршинос, то ҳол дар мавриди манъи ҳиҷобу сатр қонуне қабул нашудааст.

Муҳибулло Қурбон гуфт: "Аввал қонун бояд қабул шаваду дар он зикр шавад, ки ҳамаи занҳо либоси миллӣ пӯшанд. Дар ин санади ҳуқуқӣ бояд шарҳ дода шавад, ки либоси миллӣ чӣ гуна аст. Зеро то ҳол тарҳи либоси ягонаи миллӣ пешниҳод нашудааст. Феълан дар масъалаи манъи сатру ҳиҷоб ва ҷорӣ кардани либоси миллӣ ҳараҷу мараҷ ба чашм мехӯрад”.

Зимнан, рӯзи 13-уми августи соли ҷорӣ дар хиёбонҳои марказии пойтахт ҳудудан 200 ҷавон бо 200 метр матоъи либоси миллӣ ба хиёбонҳо баромада ба тарғиби пӯшидани либоси миллӣ пардохтанд. Ин ҷавонон, ки аксарияташон худро узви созмони «Созандагони Ватан» -- бахши ҷавонони ҲХДТ меноманд, гуфтанд, бо ин аксияи худ пуштибониро аз сиёсати миллигароӣ дар намуди зоҳирии ҷавонон тарғиб карданд. Пӯшиши либоси мазҳабии сатру ҳиҷоб дар Тоҷикистон навъи гароиш ба фарҳанги бегона арзёбӣ мешавад, ки аз назари мақомоти Тоҷикистон хатари афзоиши ақидаҳои ифротии мазҳабиро дар пай хоҳад дошт.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG