Пайвандҳои дастрасӣ

"Зарур бувад, раво бувад"? Имомхатиб ба ришаш қайчӣ зад


Баъзе имомхатибони тоҷик дар мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон. Шаҳри Душанбе, моҳи феврали 2017

Аз имому имомхатибони масҷидҳои ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон (Ҷилликӯли собиқ) дархост шудааст, ки аз ин ба баъд риши худро аз 3 сантиметр дароз накунанд. Бархе аз имомҳо гуфтанд, ки дар гузашта риши онҳо панҷ-шаш сантиметр ё баробар ба андозаи як мушт буд ва баъди хоҳиши мақомоти ноҳия ними онро қайчӣ заданд. Ноҳияи Дӯстӣ беш аз 60 имому имомхатиб дорад.

Онҳое, ки майл ба ришу ҳиҷоб ва пӯшишҳои дигари исломӣ доранд, маъракаи таблиғи фарҳанги миллӣ ва танзими ришҳои дарозро нақзи ҳуқуқи худ медонанд.

Мақомоти ноҳияи Дӯстӣ далели ин тасмими худро таблиғи фарҳанги миллӣ унвон карданд. Онҳо мегӯянд, дар баробари либоси зебову шинам бояд риши имомҳо низ тартиб дошта бошад ва меъёри таъиншудаи се сантиметр “на кам аст, на зиёд аст”.

Насрулло Файзуллоев – имомхатиби масҷиди марказии ноҳияи Дӯстӣ – аз нахустин имомҳои минтақа аст, ки риши тақрибан панҷсантиметриашро кӯтоҳтар кард. Ӯ рӯзи 3-юми август дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд бар асоси мазҳаби ҳанафӣ, ки аксари мусалмонҳои Тоҷикистон аз он пайравӣ мекунанд, риш бояд ба андозаи 6 сантиметр бошад, вале ӯ натавонист хоҳиши мақомотро рад кунад.

“Дар гузашта риши ман тақрибан панҷ сантиметр буд. Хоҳиш карданд, илтимос карданд, мо ҳам не нагуфтему ришро кӯтоҳ кардем”, - гуфт Файзуллоев.

Салоҳиддин Раҷабзода, раиси ноҳияи Дӯстӣ
Салоҳиддин Раҷабзода, раиси ноҳияи Дӯстӣ

Дар гузашта мақомот ришҳои дарози донишҷӯён ва кормандони идораҳои давлатиро расман манъ карда буданд. Имомхатибон низ тайи тақрибан чаҳор сол боз ба унвони ходими давлатӣ кор карда, аз ҳисоби давлат маош дарёфт мекунанд. Мақомот мегӯянд, барои имомхатибон дар чаҳор соли пеш либоси ягона таҳия карданд ва акнун мехоҳанд, онҳо бо риши ботартиби худ ба мардони дигари кишвар намунаи ибрат шаванд.

Мавҷудияти дастури кӯтоҳ кардани риши имомҳои ноҳияи Дӯстиро раиси ноҳия Салоҳиддин Раҷабзода дар сӯҳбат бо хабарнигорон ошкор кард. Ӯ ҳафтаи гузашта дар як нишасти матбуотӣ гуфт, ки онҳо талош доранд, алайҳи либосу фарҳанги бегона дар ҷомеа мубориза баранд ва кӯтоҳ кардани риши ба қавли ӯ “дарози бемаънӣ” як бахше аз ин таблиғот аст.

“Мо ҳаматарафа бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кор кардем. Дар масъалаи ҳиҷоб ва риш. Риши сархатибро, ки баланд буд, паст кардем. Дар миёни мардум кор бурда истодем”, - гуфт ӯ.

Қаблан даҳҳо нафар аз сокинон аз инки ришашон маҷбурӣ тарошида шудааст, шикоят карданд. Наворҳое низ ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфта, ин пойгоҳҳоро ба мухолифону тарафдорони риш ҷудо кард.

Аммо мақомот борҳо гуфтаанд, ки риши касе маҷбурӣ тарошида нашудааст, балки аз онҳо хостаанд, то риши дарози худро ба тартиб дароранд. Баҳром Шарифзода, сардори пешини раёсати умури дохили вилояти Хатлон моҳи январи соли гузашта гуфта буд, ки давоми соли 2015 намуди зоҳирии 12 818 шаҳрвандеро, ки “ришҳои бениҳоят баланди бетартиб” доштанд, ба тартиб дароварданд.

Баҳром Шарифзода
Баҳром Шарифзода

Дар чанд соли ахир симои рӯҳониёни тоҷик тадриҷан дигар шуд. Ҷомаҳои ҳаррангаи онҳо бо яктаҳи якранг иваз шуд ва саллаҳои бузург зоҳири замонавӣ касб кард.

Аммо онҳое, ки майл ба ришу ҳиҷоб ва пӯшишҳои дигари исломӣ доранд, маъракаи таблиғи фарҳанги миллӣ ва танзими ришҳои дарозро нақзи ҳуқуқи худ медонанд. Онҳо мегӯянд, мақомот дар чанд соли охир бо баҳонаи мубориза бо ифротгароӣ интихобу озодии эътиқоди онҳоро маҳдуд кардаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG