Пайвандҳои дастрасӣ

“Ришамро тарошидам. Метавонам ба Тоҷикистон баргардам?” САДО


Сорбон Юсуфов

Сорбон Юсуфов (Рамазон Ҳусейниён), сокини 26-солаи Исфара, ки қаблан барои ришу мӯйи дарозаш чанд бор ба идораи пулис даъват шуда буд, шаш моҳи пеш аз кишвар берун рафт. Ҳоло ӯ мехоҳад, ба ватан баргардад ва барои ин аз мақомот кафолати амнияташро хостааст.

Мефаҳмам, ки ҳозир вазъият нохуб аст ва ҷавонон ба ҳар гурӯҳ шомил мешаванд. Лекин бе сабаб як нафарро чанд бор даъват кардан каме одамро метарсонад.

Сорбон рӯзи 1-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоло ришу мӯяшро ба тартиб даровард ва мехоҳад, мақомот аз таъқиби ӯ даст бардоранд. Ин сокини деҳаи Ворух гуфт, ӯ соли 2016 дар Русия бо тақлид ба қафқозиҳо ришу мӯйро дароз карда буд. “Баъди ихроҷам аз Русия ин ришу мӯйи дароз бароям дар ватан дардисар соз шуд. Давоми ду моҳ дастикам даҳ бор ба Идораи пулис даъват карданд”, - гуфт ӯ.

Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, мақомоти пулис дар бораи шахсияти ӯ, ки бо ришу мӯйи дароз аз Русия омада буд, бо ҳамсояҳо низ сӯҳбат кардаанд. “Аз онҳо забонхат гирифтаанд, ки ман чигуна бача ҳастам. Оё дар корҳои ҷамъиятӣ иштирок мекунам ё не. Дар бораи гурӯҳҳои террористӣ гапҳо шубҳанок мегӯям ё не. Бори охир аз вилоят занг заданд ва гуфтанд, ки шиносномаатро гирифта биё. Чанд кас гуфт, агар равӣ, ҳабс мешавӣ. Шиносномаамро, ки барои рафтан ба Русия иваз карда будам, гирифта, аз Тоҷикистон хориҷ шудам”, - нақл кард Сорбон Юсуфов.

“Шубҳаи мақомотро дарк мекунам, вале...”

Аз Исфара, зодгоҳи Сорбон, беш аз 100 ҷавон ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар Сурияву Ироқ пайвастаанд. Толиб Юсуфов, падари ин ҷавон мегӯяд, нигаронии мақомот аз ҳамин ҷиҳат нисбат ба ҷавонони ришдор бештар шудааст. Ӯ гуфт, нигаронии мақомотро дарк мекунад, аммо бидуни кадом далел даъвати батакрор хонаводаи ӯро аз сарнавишти писараш нигарон карда буд.

Сорбон бо чунин риш мавриди шубҳаи мақомот қарор гирифт
Сорбон бо чунин риш мавриди шубҳаи мақомот қарор гирифт

“Мефаҳмам, ки ҳозир вазъият нохуб аст ва ҷавонон ба ҳар гурӯҳ ҳамроҳ мешаванд. Лекин бе сабаб як нафарро чанд бор даъват кардан каме одамро метарсонад. Доим мегуфтам, ки гуноҳи писарамро гӯед, мегуфтанд, ки гуноҳ надорад, лекин боз даъват мекарданд”, - афзуд ӯ.

Ин мард мегӯяд, ҳоло мехоҳад, писарашро ба ватан баргардонад ва танҳо тафтиши одилонаи ин қазияро мехоҳад.​

Назарзода: “Мо ба ришҳои дароз шубҳа мекунем”

Хабарнигори Радиои Озодӣ дар нишасти матбуотии сардори Раёсати умури дохилии вилояти Суғд дар ҳафтаи гузашта мушкили ин ҷавонро матраҳ кард. Шариф Назарзода гуфт, ҷавоне бо чунин ном дар пайгард қарор надорад. Аммо ӯ гуфт, бархе барои содир кардани ҷиноят дар пайгарди расмӣ қарор мегиранд ва баъзе бинобар шубҳа дар “кофтукобӣ оперативӣ” ҳастанд.

Шариф Назарзода гуфт, воқеан, кормандони пулис ба “риши дарози бемаънӣ” шубҳа мекунанд. Ӯ гуфт, “баъзан, гурӯҳҳои террористӣ-экстремистиро боздошт мекунем, шомил шуданашон ба ин ҳизбу ҳаракатҳо пурра дар доираи парвандаи ҷиноятӣ омӯхта мешавад. Ҳамсояҳо, хешу табор, дӯстон пурсида мешаванд. Дар тафтиши парвандаи ҷиноятӣ маълум мешавад, ки шаҳрванд вақте ба ин ҳизбу ҳаракатҳо шомил мешавад, вазифаи аввалиндараҷааш риши дароз гузоштан аст. Аввал омада, оилаашро ба пӯшидани сатру ҳиҷоб маҷбур мекунад. Вақте оилаҳояшонро мепурсем, мегӯянд, моро ба пӯшидани ҳиҷоб маҷбур карданд.”

Дар ҷое, ки кормандони мақмот касбӣ ҳастанд, боздошт зиёд нест. Назорат мекунанд, то одам даст ба ҷиноят назананд. Назоратро бояд пурзӯр кард, на фишору таъқибро

Ҳодизода: “Таъқиб инсонро хатарнок мекунад”

Омори дақиқе рӯи даст нест, ки чанд шаҳрванди Тоҷикистон бо чунин шубҳа ба Тоҷикистон баргашта наметавонанд, вале коршиносон мегӯянд, шумори чунин ҷавонон рӯ ба афзоиш аст. Нозим Шарифов, як ронандаи таксӣ дар Русия, ки моҳе ду бор шаҳрвандони Тоҷикистонро ба марзи Украина мебарад, мегӯяд, ҳамеша мусофирони мошинаш аз чунин мушкил шикоят мекунанд. Аксари онҳо ба гуфтаи Шарифов аз чизе хавотиранд ва намехоҳанд ба ватан баргарданд.

“Дар ҳамин ду боре, ки дар як моҳ ба марз меравем, як ё ду нафар ҳамин хел мусофирон ҳаст. Маълум аст, ки бархеи онҳо чӣ гуноҳе доранд, вале бархе худашонро тамоман бегуноҳ медонанд”, - гуфт ӯ.

Фаридун Ҳодизода, коршиноси тоҷик мегӯяд, мақомот барои шубҳа кардан ба касе далел доранд, вале на ҳама ба андозае хатарноканд, ки мақомот амал мекунанд. Ӯ гуфт, бо далелҳои хурд таъқиби шаҳрвандон онҳоро хатарнокатар мекунад.

Фаридун Ҳодизода
Фаридун Ҳодизода

“Таъқиб инсонро хатарноктар мекунад. Барои як ҷинояти хурд набояд инсонро ба ҷинояти вазнин тела диҳем. Онҳоро бояд баргардонем ва дар дохил тарбия кунем. Дар дохил тарбият ва назорати онҳо осонтар аст. Дар ҷое, ки кормандони мақмот касбӣ ҳастанд, боздошт зиёд нест. Назорат мекунанд, то одам даст ба ҷиноят назананд. Назоратро бояд пурзӯр кард, на фишору таъқибро”, - изҳори назар кард Ҳодизода.

Тайи тақрибан ду сол боз бархе аз мардону ҷавонони тоҷик аз мавридҳои риштарошии маҷбурӣ дар гӯшаҳои кишвар сӯҳбат мекунанд. Аммо мақомот борҳо гуфтаанд, ки чунин маъракае роҳандозӣ нашудааст ва онҳо фақат аз мардон хостаанд, то риши дарози худро ба тартиб дароранд.

Соли гузашта дар Тоҷикистон барномаи мубориза бо терроризм ва экстремизм таҳия шуд, ки бар асоси он бояд бо қишри осебпазири ҷомеа бо воситаҳои таъсиррасонӣ кор бурад шавад. Исфара, зодгоҳи Сорбон низ ба минтақаҳои аз нигоҳи мазҳабӣ ва шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав дар рӯйхати «минтақаҳои осбепазир» шомил аст.

Мақомот дар ҳоле ин рӯйхатро омода карданд, ки беш аз ҳазор ҷавони тоҷик ба сафи гурӯҳҳои тундрав ба Сурия ва Ироқ рафтанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG