Пайвандҳои дастрасӣ

Дилшод Раҳимӣ: “Дар Тоҷикистон оинҳои хеле ками наврӯзӣ боқӣ монданд”


Дилшод Раҳимӣ.

Сӯҳбати ихтисосӣ бо муовини мудири Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти Тоҷикистон Дилшод Раҳимӣ.

Радиои Озодӣ: Чун дар остонаи таҷлил аз ҷашни Наврӯз қарор дорем, лутфан мегуфтед, ки дар миёни сокинони Тоҷикистон чӣ расму оини наврӯзӣ дар гузашта буданд ва кадоме аз онҳо то ба имрӯз ба мо расидаанд?

Дилшод Раҳимӣ: “Воқеан, ҷашни Наврӯз бузург аст. Ин ҷашнест, ки онро наметавон дар як рӯз таҷлил кард ва омодагӣ ба он аз як моҳ қабл оғоз мешавад. Баъд аз рӯзи нахустини Наврӯз, яъне баробарии шабу рӯз, ин ҷашн боз ду ҳафтаи дигар идома меёбад. Тибқи пажӯҳишҳо ва адабиёти гузаштагон, мо дар бораи расму оини ҷашнгирии Наврӯз иттилое дар даст дорем. Аммо бар пояи маводи пажӯҳишгарони рус ва осори устод Айнӣ, мо дар бораи расму русуми таҷлили Наврӯз дар қарни 19 бештар маълумот дорем. Аз ҷумла, дар пажӯҳишҳо ва осори таърихшиносон ва адибону тоҷику рус дар бораи расму ойинҳои наврӯзӣ, бозиҳои варзишӣ

Зери фишори таблиғоти Шӯравӣ маросими "чоршанбесурӣ" бо маҳдудиятҳое рӯбарӯ шуд ва аз байн рафт. Феълан дар Тоҷикистон ҳеҷ нафаре “чоршанбесурӣ” ё “чоршанбеи охирон”-ро ба унвони маросими эътиқодӣ таҷлил намекунад.”

ва эътиқодҳову бовариҳои наврӯзии сокинон, ҷанбаҳои адабиву фарҳангии Наврӯз зикр мешаванд. Дар солҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷашни на танҳо Наврӯз, балки ҷашну идҳои дигари сокинони Тоҷикистон маҳдудиятҳое роҳандозӣ шуда буданд. Баъзе аз расму ойинҳои тоҷикон, ки аз қарнҳои гузашта ба мерос монда буданд, аз байн рафтанд. Аз ҷумла, маросими “чоршанбесурӣ”. Мо вақте аз кӯҳансолон дар бораи ин маросим савол мекунем, онҳо мегӯянд, ки ин маросимро ба забони тоҷикӣ “чоршанбесурӣ” не, балки “чоршанбеи охирин” меномидаанд. Ҳарчанд ин маросим дар водиҳои мухталиф, аз ҷумла Зарафшону, Ҳисор, Рашт, Кӯлоб ва дигар минтақаҳои тоҷикнишин то солҳои 1960-1970 қарни гузашта вуҷуд доштааст. Зери фишори таблиғоти Шӯравӣ ин маросим бо маҳдудиятҳое рӯбарӯ шуда, оҳиста аз байн рафт. Феълан дар Тоҷикистон ҳеҷ нафаре “чорашанбесурӣ” ё “чоршанбеи охирон”-ро ба унвони маросими эътиқодӣ таҷлил намекунад.”

Радиои Озодӣ: Аммо дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ҷашни “Чоршанбесурӣ” хеле маъруф аст.

Дилшод Раҳимӣ: “Дуруст аст. Аммо ман дар робита танҳо ба Тоҷикистон сӯҳбат мекунам. Дар Эрон ва кишварҳои дигаре, ки онҷо зардуштиҳо зиндагӣ мекунанд, таҷлили ин маросим роиҷ мебошад. Эҳтимол ин маросимро дар Афғонистон ва Узбакистон низ таҷлил кунанд. Вале дар Тоҷикистон ин маросимро танҳо ба унвони шуғли кӯдакона ё намоишкорона барпо мекунанд. Ҷанбаҳои эътиқодии ин маросим аз байн рафтааст.”

Радиои Озодӣ: Пас, ҷанбаи эътиқодии “чоршанбеи охирин” чӣ буд?

Дилшод Раҳимӣ: “Вақте соли нав, яъне Наврӯз фаро мерасад, тоҷикон аз қабл омодагӣ мегирифтанд. Ба тозакунии муҳит ва ботини худ машғул мешуданд. Бонувон кулли ашёи хонаро тоза мекарданд ва ҳатто зарфҳои каме шикастаро ба санг зада, комилан аз байн мебурданд. Яъне, мардум эътиқод доштанд, ки ба соли нав бояд бо ашёи комилу тоза ворид шуд. Кӯрпаву қолинҳои аз зимистон гузаштаро афшонда, мешустанд. Ин маросимро ҳатто “хонатаконӣ” ё “хонабаророн” унвон карда буданд. Мардҳо боғҳоро тамиз карда, аз тариқи ҳашар роҳҳоро ба тартиб меоварданд. Кӯлу рӯдхона ва чашмаҳоро тоза мекараданду қабристонҳову масҷидҳоро ба тартиб меоварданд. Ҳамчунон бозорҳову маҳалҳои дигари ҷамъшавии мардумро тоза мекарданд. Яъне, тоза кардани манзил ва муҳит як амри ҳатмии омодагӣ ба ҷашни Наврӯз буд. Инчунин, тоза кардани ботини худ, риштарошӣ, кӯтоҳ кардани мӯи сар ва гирифтани нохун, пӯшидани либоси наву тоза ҷузъе аз омодагии сокинон ба ҷашни Наврӯз дониста мешавад. Аз лиҳози равонӣ, баргузории “чоршанбеи охирин” маросими муҳимтарин арзёбӣ мешуд. Мардҳо ва занҳо ҷудогона дуртар аз назари мардум маҳфилҳои маросимӣ баргузор мекарданд. Се гулхан афрӯхта, аз болои он меҷаҳиданд. Баъд аз ҷаҳидани бори саввум ба самти гулхан барнагашта ва нигоҳ накарда, вориди манзили худ мешуданд. Дар роҳи бозгашт ягон ашёи рӯзгори “лабшикаста” ё фарсударо ба санг зада мешикистанд, то ҳамаи шикасту рехт дар соли гузашта бимонад. Гузаштагони мардуми мо ба ин бовар буданд, ки оташ гуноҳҳои онҳоро месӯзонад ва ба ин тартиб онҳо покиза мешаванд. Мутаассифона, имрӯз хеле каме аз расму ойинҳои наврӯзии мо боқӣ мондаанд.»

Радиои Озодӣ: Аммо таҳияи хони наврӯзӣ бо ҳафтсину ҳафтшин ҳамчунон роиҷ аст...

Дилшод Раҳимӣ: «Дуруст, ин ойин зиёд роиҷ аст, аммо ин расм бештар дар муассисаҳо – мактабҳову идораҳо тавсеа дода мешавад. Вале дар хонаводаҳо андак нафароне пайдо мешаванд, ки чунин дастархоне таҳия кунанд. То ҷое мо таҳқиқ кардем, “ҳафтсину” “ҳафтшин” ба номи ҳарфҳои алифбои арабӣ рабт надоранд. Ин танҳо номи зарф аст, яъне лаълии чинӣ, ки болои он ғизо мегузоранд. Мо он лаълиҳоро чинӣ мегӯем ва номи ин дастархон аз ҳамон “чинӣ” гирифта шудааст, на аввалин ҳарфи ғизо. Эрониҳо низ дар хони наврӯзӣ ғизое мегузоранд, ки ба ҳарфи “син” ва “шин” ҳеҷ иртибот надорад.»

Радиои Озодӣ: Яъне, шарт нест, ки болои хони наврӯзӣ танҳо ғизое гузорем, ки бо ҳарфи “с” ё “ш” оғоз ёбад?

Дар солҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷашни на танҳо Наврӯз, балки ҷашну идҳои дигари сокинони Тоҷикистон маҳдудиятҳое роҳандозӣ шуда буданд ва баъзе аз расму ойинҳои тоҷикон, ки аз қарнҳои гузашта ба мерос монда буданд, аз байн рафтанд.

Дилшод Раҳимӣ: «Бале. Ин як иштибоҳест, ки миёни мардум паҳн шудааст ва бархе ҳатто болои хони наврӯзӣ шонаеро мегузоранд, ки аз лиҳози беҳдоштӣ аслан манъ аст. Ё бархе болои хони наврӯзӣ «шоколад» ва «сок» (шарбат) мегузоранд, ки қобили қабул нест. Дар Эрон болои хони наврӯзӣ ҳатто Қуръон мегузоранд, ки на ба “син” рабте дораду на ба “шин”. Аммо ин ақидаи иштибоҳии омиёна дар бораи ҳафтсину ҳафтшин ҳудуди 50 соли охир дар Эрону Афғонистон паҳн шудааст. Аммо дурустии ҳафтсину ҳафтшин таърихи чандҳазорсола дораду ба фариштаҳову эзадҳо марбут аст, ки ба хотири онҳо чунин хон таҳия карда мешавад. Ин ҳам ҷанбаи эътиқодӣ дошт, албатта.»

Радиои Озодӣ: Кадоме аз суннатҳои дигари хони наврӯзӣ дар Тоҷикистон боқӣ мондааст?

Дилшод Раҳимӣ: «Ҳангоми сафарҳои пажӯҳишӣ аз кӯҳансолон савол мекунем, ки оё дар даҳаи сивуми қарни гузашта ҳафтсину ҳафтшин доштед, онҳо тааҷҷуб карда мепурсанд, ки яъне чӣ? Мепурсидем, ки хони наврӯзиро чӣ гуна таҳия мекардед? Мегӯянд, ки қабл аз сайри наврӯзӣ хонеро дар манзил таҳия карда, баъд аз бозгашт тановул мекарданд ва ё ба манзилу хешовандону дӯстон мерафтем. Яъне, хони наврӯзӣ барои анҷоми маросими “меҳмонравак” зарур буд. Дар ин маврид ҳеҷ қоида вуҷуд надошт ва ҳар кас аз рӯи имконияташ хонро таҳия мекард. “Ҳафтмева” яке аз унсурҳои хони наврӯзӣ дониста шуда буд. Яъне, дохили лаълии чӯбин ё сафолин аз рӯи имконияти соҳиби хона ҳафт намуди мева гузошта мешуд.»

Радиои Озодӣ: Фақат меваи тар ё хушк ҳам мегузоштанд?

Дилшод Раҳимӣ: «Агар меваи тар надошта бошанд, метавонистанд лаълиро аз хушкмева, назири зардолу, себи қоқ, мавиз ва бодому писта пур кунанд. Ин худ як рамзи баракат ва фаровонӣ дониста мешуд. Ҳатман ҳалвои наврӯзӣ – суманак мегузоштанд. Аз таомҳои наврӯзӣ “гандумкӯчак” ё бо номи “далда”, “кашк” мегузоштанд, ки дар гузашта ғизои маъмулӣ дониста мешуд. Дар Бадахшон ин ғизоро “боҷ” мегӯянд. Ба ин тартиб, рӯи хони наврӯзӣ ғизое гузошта мешуд, ки аз ғалладона ва растаниҳои баҳорӣ назири пудина ва шулхаву гашниҷ таҳия мешуданд.»

Радиои Озодӣ: Шумо аз суманак ном бурдед, ки як навъи рамзи Наврӯз дар Тоҷикистон дониста мешавад. Аммо, дар Эрон моҳичаи заррин рамзи наврӯзӣ аст. Чаро чунин фарқият вуҷуд дорад?

Дилшод Раҳимӣ: «Дар оғоз гуфтам, ки бархе аз суннатҳои наврӯзии мо дар пайи таъсири фарҳанги бегонаи муғулӣ ё арабиву нажодҳои дигар аз байн рафтаанд. Ин эҳтимол низ вуҷуд дорад, ки фарҳанги эрониён аз фарҳанги бохтариёну суғдиён, хоразмиҳо ва қавмҳои қадимтар тафовут дорад. Миёни халқҳои мо муштаракот зиёд аст, аммо фарқият низ кам нест. Воқеан, дар Эрон моҳичаи заррин дохили зарфе ҷузъи хони наврӯзӣ аст. Шояд ин ба далели беозор будани ин ҷонвар ва покиза буданаш ворид расму ойини наврӯзӣ шуда бошад. Рӯзи шашум наврӯз – рӯзи Хурдоди моҳи Фарвардин мартабаи баланд доштааст. Онро боз Наврӯзи бузург ҳам мегуфтанд. Пас, саволи матраҳ ин аст, ки чаро об ва хурдод? Хурдод дар асотири Эрони бостон, дар Авасто онро Ҳауратата омадааст – ӯ яке аз амшоспандон аст. Вай яке аз фариштаҳои масъули худои зардушти Аҳуромаздо дониста мешавад. Вазифаи Ҳурдод нигаҳбонии обҳо мебошад. Зарфи обдор бо моҳичаи заррин ба хотири ҳамон Хурдод гузошта мешавад. Аммо ҷонварони дигар ба мисли мурғ аз сунани хони наврӯзӣ нест.»

Радиои Озодӣ: Яъне, моҳичаро ба хотири покизагиаш мегузоранд?

Дилшод Раҳимӣ: «Метавон гуфт, ки моҳӣ рамзи покизагӣ аст. Бибинед, тоҷикон ҳатто эътиқод доранд, ки агар қабл аз фарорасии моҳи Рамазон моҳӣ бихӯрӣ, гуноҳҳоят бахшида мешаванд. Дигар инки моҳӣ ҷонвари беозор аст, на садо дораду на зиёне мерасонад. Шояд дар ин маврид моҳӣ рамзи бегуноҳӣ ва покӣ дошта бошад. Аммо дар миёни мардуми тоҷик ин суннат аз байн рафтааст. Шояд ин сунан ба шакли дигаре вуҷуд доштааст, аммо мо дар бораи он санаде дар даст надорем. Аз Наврӯз мо гулгардонӣ – расонидани пайки наврӯзиро дорем. Шояд, ин сунан дар фарҳанги кишварҳои дигари ҳавзаи Наврӯз вуҷуд дорад, вале дар Тоҷикистон мо шакли комили онро мушоҳида мекунем. Мо аз осори адибон огаҳӣ дорем, ки дар асри 18 ва 19 низ ин сунан вуҷуд дошт ва онро на кӯдакон, балкӣ калонсолон иҷро мекарданд. Гулгардонӣ расонидани паём аз фарорасии Наврӯз аст. Дар солҳои қадим дар устураҳои ориёӣ гуфта мешавад, ки Сиёвуш – худои табиат аст. Ҳангоми хазонрез мардум дар гузашта мегуфтанд худои табиат, яъне Сиёвуш фавтидааст ва фасли баҳор, баръакс мегуфтанд Сиёвуш зинда шуд. Зинда шудани табиат ва Сиёвушро бачаҳо бо дастаи гули тозаи шукуфта мужда медоданд.»

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG