Пайвандҳои дастрасӣ

Фоҷеаи Шербеков. 8 фарзанд гумном, зану келинҳо дар маҳбас. ВИДЕО


Шариф Шербеков -- марди узбактабори 60-сола аз деҳаи Қизилнишони ноҳияи Қубодиён тайи чанд соли ахир танҳо зиндагӣ мекунад ва мардум низ аз ӯро "марди танҳо" ном мебаранд. Аз 11 узви хонаводаи Шариф Шербеков 8 тан дар Сурия буда ва 3 нафари дигар қабл аз сафар ба он кишвар, боздошт ва равонаи зиндон шуданд. Ин мард рӯзе якчанд дафъа ба хонаҳои холӣ ворид мешавад, кафшу бозичаҳои наберагонашро бо меҳр навозиш мекунад ва ҳар дафъа аз худ мепурсад, ки чаро ин фоҷеа маҳз бар сари ӯ омад?

Ин мард мегӯяд, ки вақте набераҳояшро ёд мекунад, ба хона даромада гиря мекунад. Намедонад, ки онҳо зинда ҳастанд ё мурда.

Шариф Шербеков мегӯяд, бо онки фарзандон пораи танаш ҳастанд, аммо ӯ хиёнатеро, ки онҳо дар ҳақаш карданд, намебахшад. Дили ӯ ба чаҳор набеараи ноболиғаш месӯзад, ки маълум нест дар куҷоанд, чӣ мехӯранд ва чӣ ҳол доранд.

"Дар хонаи келинам, ки ба Сурия рафтааст, ҳама чиз мисли пештара дар ҷойи худ аст. Ман ҳаминҳоро посбонӣ карда мешинам. Ҳама чизу чораашон истодааст. Каляскаи набераам, ки ман харида будам, набераамро бо он дар кӯчаҳо мегардондам. Вақте ки набераҳоямро ёд мекунам, хона даромада гиря мекунам. Намедонам, ки онҳо зинда ҳастанд ё мурда. Таскинам ҳамин хона аст. Зуд-зуд даромада тамошо мекунам, ки каме хушҳол шавам, хело азоб аст", - мегӯяд Шариф Шербеков.

Ба гуфтаи Шариф Шербеков, ӯ аз фарзанду набераҳо ва аъзои дигари хонаводааш аксҳои хотиравӣ надорад ва танҳо ҳамин хонаҳои беодам ва либосҳои наберагонро дорад. Ин мард набераҳояш – Илёс, Иброҳим, Хадиҷа ва Бунафшаро се сол боз надидааст. Онҳоро модарашон Оиша ба шаҳри Маскав ба назди ҳамсараш Исмат бурд ва аз онҷо ҳама ба Сурия рафтаанд. Баъдан Исмат ду бародари дигараш - Асадуллои 30-сола ва Раҳматуллои 27-соларо низ соли 2015 ба Сурия даъват кард.

Аз Қубодиён ба Русия, аз Русия ба Сурия

Исмат Шербеков, писари калонии Шариф Шербеков аст, ки 35 сол дорад ва соли 2010 ба Русия рафта буд. Баъдан бародаронаш ба ӯ пайвастанд. Шариф Шербеков бар иловаи он ки чанд соли пеш писаронашро аз даст дод, ҳамсараш Адолат Шербекова низ аз ӯ фирор кард ва ҳамроҳи келинҳояш Дилафрӯзу Олмахон аз деҳаи Қизилнишон ба Сурияро қасди сафар кард.

Ба гуфтаи Шербеков, ин ҳодиса моҳи декабри соли 2015 рух дод: "Ман намедонистам, ки ҳамсарам чӣ кор мекунад. Вале маълум шуд, ки келинҳоям бо писарони дар Сурия будаам сӯҳбати телефонӣ карда ва ҳамсарам ба хотири расонидани келинҳо ба Сурия онҳоро тариқи марзи Қирғизистон, аз Исфара ба Сурия бурд. Ман намедонистам, ҳамсарам гурехтааст. Агар медонистам, ки меравад, онҳоро намегузоштам. Вале ман як рӯз аз хона баромадам, ки гурехта аз Қубодиён рафтанд".

Ду келин ва ҳамсари Шербеков дар зиндон

Ҳамсар ва ду келини Шариф Шербеков, ки дар марзи Қирғизистон қабл аз сафар ба Сурия боздошт шуда будаанд, бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе мутаносибан ба 5 то 6 соли зиндон маҳкум шуданд. Додгоҳ ҳукмро 17 феврали соли 2016 содир карда буд.

Намое аз деҳаи Қизилнишони ноҳияи Қубодиён. Акс аз бойгонӣ.
Намое аз деҳаи Қизилнишони ноҳияи Қубодиён. Акс аз бойгонӣ.

Шербеков мегӯяд, ки ҳамсараш аз кардааш пушаймон шуда, дар мурофиаи додгоҳӣ гуфтааст, ки ба фиреби писару келинҳояш афтодааст. "Ҳамсарам ҳоло дар зиндони Норак аст. Вай дар мурофиа гуфт, ки пушаймон шудааст, додгоҳ низ ҳукми камтар дод. Хабараш гирифта омадам, саломатияш чандон хуб нест", - мегӯяд Шариф Шербеков.

Қаблан мақомоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри изҳороти расмӣ гуфта буданд, ки ҳамроҳи се зани қубодиёнӣ, як сокини Исфара - Қумрӣ Мӯъминова низ бо чаҳор кӯдаки ноболиғаш дар наздикии марзи Қирғизистон боздошт шудаанд. Ба иттилои ин манбаъ, дар сафари онҳо ду шаҳрванди Қирғизистон Ҷаҳонгир Курмишев ва Канибек Мийманов даст доштаанд.

Шариф Шербеков қисса мекунад, ки писараш дар шаҳри Маскав бо зодагони Узбакистону Доғистон дар як ҳуҷра зиндагӣ карда ва баъди бозгашт нишонаҳои тундгароиро дар ӯ эҳсос карданд ва ин ҳатто ба занони хонавода низ асар намуд. Ба гуфтаи ин мард, писаронаш ба Тоҷикистон бо риш баргаштанд ва ӯро низ маҷбур карданд, ки бояд риш монаду аз ҳар қассобхонае, ки қассобонаш намоз намехонанд, гӯшт нахарад.

Ҳудуди як сол қабл ҳашт сокини Қубодиён ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо ДИИШ барои муддатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуданд.
Ҳудуди як сол қабл ҳашт сокини Қубодиён ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо ДИИШ барои муддатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуданд.

Шариф Шербеков мегӯяд, "мегуфтанд, ки ман бояд ҳатман риш дошта бошам. Ҷангам мекарданд, ки вай қассобхона гӯшти ҳалол надорад. Ҳамаи хешу таборҳоро мегуфтанд, ки ҳиҷоб пӯшед. Ранҷидам, ҳамсарам бо ман низ даъво кард, ки аз хона баромада рав".

Ба таъкиди ин мард, пас аз ин ҳамсари 60-солааш Адолат Шербекова ва келинҳояш бо ӯ муносибати хубе надоштаанд. Ҳоло ин мард танҳо касе аст, ки ҳамсару келинҳояшро дар зиндон хабар мегирад ва аз ҳолашон пурсон мешавад.

Қизилнишон - деҳае ки даҳҳо аъзои ДИИШ дорад

Аммо Шариф Шербеков танҳо нафаре нест, ки фарзандону пайвандонаш ӯро тарк карда ва роҳи Ироқу Сурияро пеш гирифтанд. Азимҷон Алимардонов, омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ ва аз сокинони фаъол дар деҳаи Қизилнишон мебошад ва дар ҳоли ҳозир чаҳор фарзанд ва домодаш аз муҳоҷирати корӣ дар Русия ба Сурия рафтанд ва чандин сол боз хабаре аз онҳо нест.

Ба гуфтаи Алимардонов, духтараш дар Маскав зиндагӣ мекард ва соли 2014 ба Сурия рафтааст: "Мо дар тамос нестем, намедонем, ки дар куҷо ҳастанд. Намояндагони амният ба мо гуфтанд, ки дар Сурия ҳастанд. Сабаби рафтани фарзандону домодамро дар камбизоатӣ мебинам. Писарам баъди хатми соли дуюми донишгоҳ барои кор ба муҳоҷират рафт, боз фикр мекунам, ки аз дин огоҳии бештар надоштаанд."

Зимнан, дар ҷамоати "20-солагии истиқлол" аз соли 2012 ба ин тараф ифротгароӣ аз мавзӯъҳои доғ маҳсуб мешавад ва беш аз 10 сокини ин ҷамоат дар ҳамдастӣ бо Ҳаракати Исломии Узбакистон равонаи зиндон шудаанд. Ҳоло аз ду деҳа -- Қизилнишон ва Навбаҳори ин ҷамоат 46 нафар дар Сурия ҳастанд, ки 8 нафарашон занон мебошанд.

Мирзосаид Сабуров, масъули кор бо дин ва танзими расму оинҳои ноҳияи Қубодиён мегӯяд, ки аксаран онҳое, ки ба "Давлати исломӣ" пайвастаанд, узбактаборҳо мебошанд. Деҳаи Қизилнишони ҷамоати деҳоти "20-солагии истиқлол"-и ноҳияи Қубодиён, дар 230-километрии ҷануби шаҳри Душанбе воқеъ аст. Гуфта мешавад, ки дар маҷмӯъ беш аз 60 нафар аз сокинони ноҳияи Қубодиён, дар сафҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" меҷанганд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG