Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Лайлатулқадр"-и ташвиқи Сурия ба зиндон бурд. ВИДЕО


Додгоҳи вилояти Хатлон 8 сокини ноҳияи Қубодиёнро ба иттиҳоми талоши пайвастан ба гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" мутаносибан аз 1 то 21 соли зиндон, маҳкум кард.

Ин афрод - муллои деҳа Исроил Намозов, бародарон Шоир, Аҳдам ва Одилҷон Шербековҳо, Хайрулло Сафаров, Музаффар Очилдиев, Отабек Эргашев ва Холмурод Имомов, сокинони деҳаи Навбаҳори ҷамоати деҳоти “20-солагии Истиқлол”-и ноҳияи Қубодиён ҳастанд. Додгоҳ тибқи се моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне "ташкили иттиҳодияи экстремистӣ”, “барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳаллӣ ва ё динӣ” ва "барқасдона вайрон кардани меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи башар дар ҷараёни низои мусаллаҳона" муҷрим шинохтааст.

Дар Шаби қадри моҳи Рамазони соли 2015 онҳо дар манзили Исроил Намозов ҷамъ шуда роҷеъ ба фарз будани ҷиҳод амри маъруф карда ва ҷавононро барои сафар ба Сурия таблиғ намудааст

Ин афрод, ки аз як рустои ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ҳастанд, бо қарори додгоҳ, барои тасмими пайвастан ба созмони “Давлати исломӣ” ва сафар ба Сурия муҷрим шинохта шуданд ва домуллои деҳа Исроил Намозови 49-сола, ки ба бовари тафтишот - раҳбари ин гурӯҳ ва як мубаллиғи ширкат дар ҷангҳои Сурия будааст, ба 21 соли зиндон маҳкум шуд. Маҳкумшудаҳо дар ҷараёни додгоҳ гуфтаанд, ки гуноҳи худро эътироф мекунанд ва аз додгоҳ мехоҳанд, ки ҳукми одилона содир кунад.

Шаби қадр, Гулмурод Ҳалимов ва даъвати ширкат дар ҷанг

Бар асоси таҳқиқи додгоҳ, дар Шаби қадри моҳи Рамазони соли 2015 онҳо дар манзили ин рӯҳонӣ ҷамъ шуда ва Исроил Намозов роҷеъ ба фарз будани ҷиҳод амри маъруф карда ва ҷавононро барои сафар ба Сурия таблиғ намудааст.

Темур Бойзода, додраси парванда рӯзи ҷумъаи 28 октябр зимни қироати ҳукм дар толори додгоҳи вилояти Хатлон гуфт: “Дар хонаи домуллои деҳа Исроил Намозов ҷамъ омада ва ӯ ду-се соат амри маъруф кардаанд. Аз ҷумла Намозов гуфтааст, ки "акнун ҷанги миёни кофару мусалмон оғоз шудааст ва ҳар касе ҷанг кунад, шаҳид шуда, дарҳои ҷаннат ба рӯяш боз мешавад ва онҳоро барои ҷиҳод рафтан ба Сурия даъват кардааст". Домуллои деҳа рафтан ба Сурияро барои ҳар мусалмон фарз хондааст.”

Ҳамзамон ҷаноби Бойзода гуфт, аз ин гурӯҳ адабиёти ифротӣ ва 200 аксу навори таблиғи созмони “Давлати исломӣ”, аз ҷумла навори даъват ба ҷиҳод кардани Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи ОМОН-и вазорати корхои дохилӣ дар компютерашон кашф шудааст, ки ҳама таблиғи ғояҳои ифротгароӣ мебошанд.

Ду тан вакили дифои ин гурӯҳи 8-нафара аз изҳори назарашон дар мавриди ҳукми додгоҳ худдорӣ карда ва танҳо гуфтаанд, ки фурсат доранд ва тасмимашонро баъдан хоҳанд гирфт, ки нисбати ҳукми додгоҳ шикоят баранд ё на.

Падар: Ҳукм одилона буд

Аммо Одилҷон Шербеков, падари се ҷавони маҳкумшуда ба 1, 17 ва 18 соли зиндон пас аз эълони ҳукм дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки албатта ба писаронаш дилаш месӯзад, аммо чун онҳо гунаҳкоранд, пас ба ҳукми додгоҳ эътирозе надорад: “Ҳукм дуруст аст, ман хабар надоштам, ки чӣ кор мекарданд. Инҳо қонунро намефаҳманд. Дар мактаб бояд ба онҳо қонунҳоро фаҳмонид, то ба гумроҳӣ нараванд.”

Мақомоти тафтишот мегӯяд, ки се нафар аъзои хонаводаи Шербековҳо аз деҳаи Навбаҳор бо шумули чанд кӯдак соли 2015 аз Русия ба Сурия рафтаанд ва модар ва ду келини хонаро ҳам даъват намуданд, вале ин занон боздошт шудаанд. Ҷавонони дигар, аз ҷумла се писари амаки онҳо низ бо даъвати Шербековҳо тасмими сафар ба Сурия карда, вале ҳамакнун боздошт ва равонаи зиндон шудаанд.

"Лайлатулқадр"-и ташвиқи Сурия ба солҳои тӯлонии зиндон бурд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:51 0:00

Қизилнишон дар сархати хабарҳои "экстремистӣ"

Ноҳияи Қубодиён, ки дар чанд соли ахир ҷавонони зиёдаш ба гурӯҳҳои тундрави террористӣ пайвастаанд, баъди он мавриди таваҷҷӯҳи вижаи сохторҳои амниятӣ қарор гирифт, ки якбора 11 сокини он ба Сурия рафтанд.

Қизилнишон, ҳоло Навбаҳор, як деҳаи узбакнишини Қубодиён аст ва соли 2008 чанд ҷавони сокини маҳаллӣ бо иттиҳоми ҳамдастӣ бо Ҳаракати исломии Узбакистон боздошт шуданд. Дар зарфи 5 соли охир беш аз 30 сокини танҳо як деҳа бо иттиҳоми узвият дар созмонҳои ифротӣ равонаи зиндон шуданд. Ҳамзамон аксарияти 30 тан аз онҳое, ки ҳоло дар Сурия ҳастанд, аз ҳамин деҳаи Қизилнишон мебошанд.

Бархе коршиносон бо нигоҳи интиқодӣ ба методҳои мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, ки аксар ҷавонҳои барои ифротгароӣ маҳкумшуда бо сабаби дониши пасти диниву дунявӣ, набуди машғулият ва ҷои кор гумроҳи афрод ва гурӯҳҳои ситезаҷӯ мешаванд. Дар бисёр ҳолатҳо, ба қавли онҳо, тасмими ба мӯҳлати тӯлонии зиндон маҳкум кардани онҳо дар асл мушкили ифротгароиро "табобат" намекунад, балки натиҷаи баръакс ба бор меорад.

Тибқи иттилои расмӣ, дар маҷмӯъ аз Тоҷикистон 1100 нафар ба ҷангҳои Сурияву Ироқ барои пуштибонӣ аз ҷангиёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” рафта, марги беш аз 300 нафари онҳо тасдиқ шудааст. Мақомот мегӯянд, ки 90 дар сади онҳое, ки ба ҷангҳои Сурия мераванд, аз бекорӣ ба хотири муҳоҷирати корӣ ба Русия мераванд ва дар он ҷо бо мусоидати гурӯҳҳои таблиғгар ба Туркия ва баъдан ба Сурия роҳ меёбанд. Тоҷикистон гурӯҳи худхондаи “Давлати исломӣ”- ро як созмони террористӣ ва мамнӯъ эълон кардааст.

XS
SM
MD
LG