Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳром Шарифзода, сардори Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон, ки як соли қабл бо эълони "ба тартиб даровадани" риши тақрибан 13 ҳазор нафар дар сархатти расонаҳои дохилу хориҷ қарор гирифта буд, аз мақомаш барканор шудааст. Дар Раёсати умури дохилии Хатлон ин хабарро тасдиқ карда, вале гуфтанд, ки дар бораи мақоми нави ӯ ва ё ҷои кори наваш иттилоъ надоранд.

Аммо чандин шоҳид бо нашри аксҳои ибтидо бериш ва баъди “ташриф” ба мақомот аллакай бериши худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегуфтанд, ки дар воқеъ дар Тоҷикистон маъракаи “риштарошон” вуҷуд дорад.

Дар ҳамин ҳол, бино ба хабари расмӣ, Искандар Солеҳзода – муовини пешини вазири умури дохилии Тоҷикистон – сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар Хатлон таъин шудааст. Солеҳзода субҳи 23 январ бо фармони раиси ҷумҳур аз мақоми муовини вазири корҳои дохилӣ "ба сабаби ба кори дигар гузаштан" озод гардида буд.

Генерал Искандар Солеҳзода дар гузашта ба ҳайси сардори шӯъбаи мубориза алайҳи коррупсия, сардори Бюрои маркази миллии “Интерпол”-и ВКД ва раҳбари намояндагии Вазорати умури дохилӣ оид ба муҳоҷират дар Русия кор кардааст.

Баҳром Шарифзода ҳамагӣ ду соли қабл ба мақоми сардори раёсати умури дохилии Хатлон расида ва аз чеҳраҳои хабарсоз дар ҷануби Тоҷикистон буд. Вай қаблан ба ҳайси сардори пулиси минтақаи Кӯлоб ҳам фаъолият доштааст.

Вале барои бисёриҳо шояд на марҳилаи кораш дар вазифаҳои пешин, балки изҳороти хабарсози ин афсари пулис хотирмон мешавад. Як соли пеш зимни нишасти хабарӣ дар робита бо натиҷаҳои кори полиси вилояти Хатлон дар соли 2015, ӯ гуфт, дар ин муддат ҳудуди 1800 зану духтар дар вилояти Хатлон аз пӯшидани сатр даст кашида, намуди зоҳирии 12 818 шаҳрванде, ки “ришҳои бениҳоят баланди бетартиб” доштаанд, ба тартиб дароварда шудааст. Инчунин, Шарифзода гуфта буд, дар соли 2015 дар ҳудуди вилоят фаъолияти 162 дӯкони сатрфурӯшӣ қатъ карда шуд.

Ин хабар дар расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ бозтоби густурда ёфт ва расонаҳои муътабари ҷаҳонӣ, аз ҷумла “Вошингтон Пост”, “Ал-Ҷазира”, “Таймс”, “Daily mail” ва “France 24” дар робита ба ин изҳори назари Баҳром Шарифзода мақолаҳо ба нашр расониданд ва ин амали мақомоти тоҷикро маҳдуд кардани озодиҳои фардӣ ва мазҳабӣ хонданд.

Баҳром Шарифзода моҳи январи соли 2015 ба ҷои Анвар Тағоймуродзода сардори раёсати умури дохилии Хатлон шуд
Баҳром Шарифзода моҳи январи соли 2015 ба ҷои Анвар Тағоймуродзода сардори раёсати умури дохилии Хатлон шуд

Аммо худи Баҳром Шарифзода дар вокуниш ба ин хабарҳо гуфт, ки онҳо дар ин кор касеро маҷбур накардаанд ва ин интихоби худи он афрод будааст, ки аз сатрпӯшӣ даст бикашанд ва ё ришҳои худро ба тартиб дароранд. Ӯ ҳамзамон таъкид кард, ки суханони вай дар расонаҳо ба шакли дигар бозтоб ёфтааст.

Дар тӯли солҳои 2014-2015 дар бораи авҷ гирифтани як маъракаи густардаи зидди сатру риш дар Тоҷикистон гузоришҳои зиёде нашр шуд. Аммо мақомот ҳамеша тибқи кадом дастуре сурат гирифтани ин кор, бахусус иҷборан тарошидан ё кӯтоҳ кардани риши мардонро рад мекарданд. Як мақоми Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар тобистони соли 2015 ҳатто гуфт, ки ду масъули ин вазоратро барои “худсарӣ” ва ҷабран тарошидани риши мардум ҷазо ҳам додаанд.

Аммо чандин шоҳид бо нашри аксҳои ибтидо бериш ва баъди “ташриф” ба мақомот аллакай бериши худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегуфтанд, ки дар воқеъ дар Тоҷикистон маъракаи “риштарошон” вуҷуд дорад ва ин кор бо дастури мақомот сурат мегирад.

Мақомот дар Тоҷикистон аз афзоиши ақидаҳои ифротӣ ҳарос доранд ва ифротгароии мазҳабиро таҳдиде ба амниятии миллии кишвар меноманд. Дар солҳои охир назорат аз фаъолиятҳои мазҳабӣ дар кишвар афзоиш ёфта, дар сатҳи давлат таблиқоти зидди ДИИШ ва зуҳуроти ифротгароӣ ба роҳ монда шудааст. Дар мактабҳои миёнаву олӣ расман пӯшидани сарулибоси мазҳабиву доштани риш манъ шудааст. Мақомот мегӯянд, баробар бо ин, зидди сарулибоси нимаурёни аврупоӣ ва ё аз ҳад зиёд замонавӣ ҳам манъ аст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG