Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манъи гузоштани ришу мӯйлаб дар зиндонҳо


Tajikistan,Dushanbe city,prisoners in Central jail of Акс аз бойгонӣ
Tajikistan,Dushanbe city,prisoners in Central jail of Акс аз бойгонӣ

Дар зиндонҳову боздоштгоҳҳои Қирғизистон ба маҳбусон мондани ришу мӯйлабро манъ кардаанд. Ҳомиёни ҳуқуқ инро нақзи ҳуқуқи зиндониён, вале мақомот "иҷрои талаботи қонун ва меъёрҳои беҳдоштӣ" меноманд.

Хадамоти давлатии иҷрои ҷазои Қирғизистон, ки масъулияти умури зиндонҳои ин кишварро дар даст дорад, тасдиқ кард, ки мондани ришу мӯйлаб дар маҳбасҳову боздоштгоҳҳо манъ шудааст. Ришу мӯйлаби онҳоеро, ки аз ин қоидаи нав риоя намекунанд, маҷбуран хоҳанд тарошид.

Хабари манъи мондани ришу мӯйлаб дар зиндонҳову боздоштгоҳҳои Қирғизистонро ибтидо як созмони ҳомии ҳуқуқ расонаӣ кард. Ин созмон гуфт, дар маҳбасҳои Қирғизистон ба тарошидани мӯйлабу риши маҳбусон шурӯъ кардаанд.

Дар оғоз ин кор дар боздоштгоҳи рақами 50, ки дар тирамоҳи соли гузашта аз он ҷо як гурӯҳи зиндониёни муҷрим дар ҷиноятҳои сангин, аз ҷумла терроризм фирор карданд, таҷриба шуда, баъдан ин қоидаро дар тамоми муассисаҳои ислоҳии Қирғизистон ҷорӣ кардаанд.

Аммо Хадамоти давлатии иҷрои ҷазои Қирғизистон ин иддаоро, ки тарошидани мӯйлабу риши зиндониҳо ҳуқуқи онҳоро поймол мекунад, рад мекунад. Вале ин идора тасдиқ мекунад, ки қоидаҳои будубош дар зиндонҳои кишвар шадидтар шудаанд.

Элеонора Сабатарова, сухангӯи ин идора рӯзи 17 феврал дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт: “Қаблан мо имкони таъмини шароити вижаи маҳбусонро надоштем ва ба маҳбусон ҳатто либоси махсус дода наметавонистем. Ҳоло ин имконро дорем ва ба маҳбусон ҳам либоси махсус медиҳем ва ҳам дар ҳар маҳбас сартароши вижаро ба кор гирифтаем, ки ришу мӯйлаби маҳбусонро метарошад. Ин нақзи ҳуқуқи онҳо нест, мо танҳо талаботи қонунгузорӣ, меъёрҳои гигиенӣ ва қоидаҳои нигоҳдорӣ дар маҳбасҳоро риоя мекунем.”

Маҳбус ҳангоми адои намоз дар яке аз маҳбасҳои Қирғизистон
Маҳбус ҳангоми адои намоз дар яке аз маҳбасҳои Қирғизистон

Элеонора Сабатарова афзуд, маҳбусоне, ки ба далоили мазҳабӣ мехоҳанд ришу мӯйлаб гузоранд, метавонанд ба сурати алоҳида чунин иҷозатро ба даст биоранд: “Фақат талаб ин аст, ки ришу мӯйлаби онҳо бояд ботартиб ва ҷавобгӯи меъёрҳои беҳдоштӣ бошад.”

Як намояндаи раёсати муассисаҳои ислоҳии вазорати адлияи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, нафарони гумонбар дар боздоштгоҳҳои ин кишвар ҳаққи гузоштани ришу мӯйлаб доранд. Ин ҳамсӯҳбати мо, ки ба шарти набурдани номаш сӯҳбат кард, гуфт: “Қоидаҳои нигоҳдории маҳбусону гумонбарон дар Кодекси иҷрои ҷазо муқаррар шудаанд ва дар солҳои охир ин кодекс тағйир наёфтааст. Мувофиқи ин Кодекс, гумонбар то замони судури ҳукми додгоҳ ва интиқолаш ба маҳбас метавонад риш монад. Аммо баланд не, мувофиқи меъёр. Пеш аз интиқоли маҳбус ба зиндон табиист, ки ҳам мӯи сар ва ҳам риши ӯро метарошанд. Ин як меъёри беҳдоштӣ аст, ки дар давраи Шӯравӣ ҳам кор бурда мешуд.”

Ҳомиёни ҳуқуқ дар Қирғизистон қарори манъи гузоштани ришу мӯйлаб дар зиндонҳои ин кишварро ба афзоиши шумори маҳбусони пайрави ақидаҳои тунди мазҳабӣ ва ба як манбаи таблиғи ифротгароӣ табдил ёфтани муассисаҳои ислоҳӣ чӣ дар Қирғизистон ва чӣ дар кишварҳои дигари минтақа бастагӣ медиҳанд. Гуфта мешавад, теъдоди зиёди намояндагони олами ҷиноӣ маҳз дар зиндонҳо ва таҳти таъсири маҳбусони диндор ба масоили динӣ ва аксаран ба ақидаҳои ифротии мазҳабӣ рӯ меоранд.

Хадамоти иҷрои ҷазои Қирғизистон ба манзури муқобила бо чунин “иттиҳод”-и олами ҷиноӣ бо тундравони мазҳабӣ барномаҳои муштаракеро бо муфтиёти ин кишвар рӯи даст гирифтааст. Бар асоси ин барномаи ҳамкорӣ, муфтиёт масҷидҳову намозхонаҳо дар маҳбасҳоро зери назорат гирифта, рӯзҳои ҷумъа барои мавъизахонӣ ба маҳбусон намояндагонашро ба зиндонҳо мефиристад. Муфтиёт зимнан аз тасмими тарошидани ришу мӯйлаби маҳбусон дар зиндонҳои Қирғизистон пуштибонӣ мекунад.

Дониёр Муродилов, намояндаи шӯъбаи даъвати муфтиёт мегӯяд, инро набояд ҳамчун поймол кардани ҳуқуқи маҳбусони диндор ба қалам дод: “Зиндон як ҷои махсус аст, ки қоидаҳои махсуси худро дорад ва ин қоидаҳоро бояд иҷро кард. Риши маҳбусонро танҳо замоне метарошанд, ки ӯ аз кӯтоҳ кардани ришу мӯйлабаш саркашӣ кунад. Риши дароз мондани маҳбус шарт нест, 1-2 сантиметр гузоранд, кофист.”

Маҳбусони тоҷик. Акс аз бойгонӣ
Маҳбусони тоҷик. Акс аз бойгонӣ

Дар бисёре аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳатто дар Русия гузоштани риши дароз ҳамчун аломати майли соҳибаш ба ақидаҳои ифротие, чун Салафия, талаққӣ мешавад. Мақомоти амниятии Русия ахиран ба идораҳои давлатӣ рӯйхати аломатҳоеро фиристодаанд, ки ба ақидаи онҳо, бар асоси ин аломатҳо метавон пайрави ақидаҳои ифротиро муайян кард. Дар ин рӯйхат ришу дарозу шими қадаш кӯтоҳ доштан ва ҳамин тавр, калимаҳое, чун “СубҳонАллоҳ”-у “ИншоАллоҳ”-ро ба забони овардани ҷавонмардони ришдор аз аломатҳое номбар шудаанд, ки аз майли онҳо ба ақидаҳову созмонҳои ифротӣ дарак медиҳанд.

Дар Тоҷикистон, ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, тақрибан ду сол боз маъракаи зидди ришдорон идома дорад, ки дар матбуот ба он ҳатто “риштарошон” ном додаанд. Мақомот вуҷуди кадом маъракаи ҳадафмандонаи маҷбуран тарошидани риши мардумро рад мекунанд, вале Баҳром Шарифзода, сардори Раёсати корҳои дохилии Хатлон моҳи январ дар нишасти хабариаш гуфт, дар тӯли соли гузашта 6773 зану духтар дар ин вилоят аз пӯшидани сатр даст кашида ва риши 12 818 нафарро “ба тартиб” даровардаанд. Баъди дар расонаҳои байналмилалӣ сару садои зиёд ба по кардани ин изҳорот, Баҳром Шарифзода дигарбора мавзӯъро шарҳ дод ва гуфт, манзури ӯ на маҷбуран кашидани сатру низ иҷборан тарошидани риши мардум буд, балки ин корҳо ҳама аз тариқи “фаҳмондадиҳӣ” сурат гирифтааст.

XS
SM
MD
LG