Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аксҳои Маҳмуд Худойбердиев дар кӯчаҳои Қӯрғонтеппа


Дар кӯчаҳои шаҳри Қӯрғонтеппа аксҳои сарҳанг Маҳмуд Худойбердиев ва тарафдорони ӯ насб шуда, аз мардум дархост шудааст, ки агар онҳоро бинанд, ба мақомот хабар бидиҳанд.

Пайдо шудани акси сарҳанги шӯришгар Маҳмуд Худобердиев ва ҷонибдорони ӯ дар кӯчаҳо, фурӯшгоҳҳо ва истгоҳҳои автобусҳои шаҳри Қӯрғонтеппа раҳгузарҳоро нигарон кард ва ба андешае овард, ки эҳтимолан пулис дар робита ба ин гуруҳи табаддулгар хабари тозае пайдо кардааст. Бо нашри акси ҷангиёни фирорӣ пулис ҳамчунин аз мардум даъват кардааст, ки агар ин одамонро дидаанд ва ё мешиносанд, оҷилан ба мақомот хабар диҳанд.

Акси полковники шӯришгар Маҳмуд Худойбердиев ва даҳҳо ҷонибдори ӯ, ки баъди ду исёни мусаллаҳона дар миёнаи солҳои 90-ум ва талоши ҳамлаи нокомаш ба вилояти Суғд дар соли 1998 аз Тоҷикистон ба Узбакистон фирор кард, қаблан дар фурудгоҳ, назди идораи пулис ва марказҳои шиносномадиҳии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, дар тахтаи афроди мавриди ҷустуҷӯ насб шуда буд. Аммо ахиран чунин аксҳо дар саросари шаҳр пайдо шуд.

Сарҳанг Абдураҳим Мирзоев, сардори шӯъбаи корҳои дохилаи шаҳри Қӯрғонтеппа рӯзи 24 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, 14 нафар аз шаҳри Қӯрғонтеппа, ки ҳудудан 17 соли пеш ҳамроҳ бо Маҳмуд Худойбердиев бар зидди ҳукумат шӯриш бардоштанд, ҳанӯз боздошт нашудаанд ва пулис аксҳои кӯҳнаи онҳоро бо суратҳои навтар иваз кардааст.

Сарҳанг Мирзоев мегӯяд: “Ба шаҳрвандон муроҷиат мекунем ва телефонҳоро гузоштаем, ки барои мо бо дидани ин нафарон ба мо хабар диҳанд, чан моҳи пеш аксҳои онҳо куҳна шуда буд, ҳолати кӯҳнашави дар афтобу борон, ки куҳна шудабуданд аксҳои нав гузошта шуд, ки мардум шинохта тавонад.”

Раиси пулиси шаҳр гуфт, ки ин аксҳо то замони боздошти Маҳмуд Худойбердиев ва ҷонибдоронаш ҳамчунон дар кӯчаву хиёбонҳо ва дигар маконҳои таҷаммӯи мардум насб хоҳанд шуд.

Ҷонибдорони Худойбердиев дар ин 17 сол бояд ҳатман хеле пиртар шуда бошанд. Вале аксҳое, ки дар кӯчаҳои Қӯрғонтеппа насиб шудаанд, аксар хеле қадимианд. Шояд ба ҷуз акси худи Маҳмуд Худойбердиев, ки аз шабакаи Фейсбук бардошта шуда, гумон меравад, марбути соли 2013 бошад.

Ин акс соли 2013 дар Фейсбук нашр шуд ва гуфта мешавад, ки акси Маҳмуд Худойбердиев аст
Ин акс соли 2013 дар Фейсбук нашр шуд ва гуфта мешавад, ки акси Маҳмуд Худойбердиев аст

Полковник Маҳмуд Худойбердиев, аз фармондеҳони собиқи Фронти Халқӣ буд, ки баъди пирӯзии ин гурӯҳ дар ҷанги соли 1992 фармондеҳии як бригадаи махсуси артиши Тоҷикистон дар водии Вахшро бар ӯҳда дошт. Аммо ӯву ҷонибдоронаш бори аввал соли 1996 ва бори дувум соли 1997 муқобили ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон шӯриш бардошта, тамоми водии Вахш то ағбаи Фахробод ва дар исёни дувум ҳатто қисматҳое аз водии Ҳисор бо шумули корхонаи алюминсозии Турсунзодаро зери назорати худ оварданд. Баъди шикасти исёни дувум дар тобистони соли 1997 ӯву ҷангиёнаш ба Узбакистон фирор карданд.

Худойбердиев дар моҳи ноябри соли 1998 ба шимоли Тоҷикистон ҳуҷум кард, вале боз шикаст хӯрда, маҷбур шуд боз ҳам ба Узбакистон фирор кунад.

Бовар меравад, ки ӯву аксари ҷангиёнаш то ҳол дар Узбакистон паноҳ мебаранд, вале Тошканд ба дархостҳои батакрори Душанбе дар мавриди таъқибу боздошт ва истирдоди Худойбердиев ва ҳамяроқони ӯ посухе надодааст ва дар қаламраваш паноҳ бурдани онҳоро низ ба таври расмӣ эътироф ё инкор накардааст.

Баҳром Шарифзода
Баҳром Шарифзода

Баҳром Шарифзода, сардори тозатаъини раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон рӯзи душанбеи 23 феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бо гузашти ин ҳама сол Маҳмуд Худойбердиев ва ҷонибдоронаш ҳамчунон барои амнияти кишвар хатар доранд: “Маҳмуд Худойбердиев ва ҳамдастони ӯ барои Тоҷикистон хатар дорад. Онҳо душмани миллат, хоин ҳастанд ва дар ҷустуҷӯи мақомот қарор доранд. Мо ҳеҷ гоҳ онҳоро аз пайгарди қонунӣ дур намекунем.”

Ба иттилои раёсати корхои дохилии вилояти Хатлон, аз 300 нафаре, ки дар ҷустуҷӯ қарор доранд, даҳҳо нафараш аз ҷонибдорони Маҳмуд Худойбердиеванд. Мақомоти Тоҷикистон дар чор соли ахир 20 тан аз ҷонибдорони Маҳмуд Худойбердиевро дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон маҳкум ба зиндон кардаанд.

Таҳлилгарони маҳаллӣ бо ишора ба ҳанӯз ҳам маъруф будани Худобердиев дар байни узбактаборҳои минтақа мегӯянд, бо он ки ҳукумати Тоҷикистон дар ҳифзи амнияти кишвар мусаллат шудааст, набояд таҳдиди нафароне ба мисли Худойбердиевро кам бигирад.

Сӯҳроби Сафариён, як таҳлилгари маҳаллӣ мегӯяд: “Маҳмуд Худойбердиев, ки як одами низомӣ аст, таҷрибаи кор дар мақомоти Тоҷикистонро дорад ва метавонад бо роҳи убури марз аз Узбакистон ба Хатлон ворид шавад ва суботу оромии ҷануби Тоҷикистонро ба ҳам занад.”

Садриддин Қаландарзода, таҳлилгари дигар мегӯяд, як нуктаи мояи нигаронӣ аст, ки Худойбердиев ҳанӯз дар минтақа тарафдор дорад ва метавонад аз онҳо истифода кунад: “Ҳамон ангезае, ки ӯ дошт, хомӯш нашудааст, чун ҷонибдорони худро дар Қӯрғонтеппа низ дорад ва ин хатарнок аст. Ба мусолиҳа наомад ва дастгир ҳам нашуд. Табиист, ки мекӯшад аз марз мардумро ноором созад, бахусус дар шабу рӯзе, ки дар дигар кишварҳо нооромиҳо ҳаст.”

Мақомоти Хатлон мегӯяд, ки пайвандони худи Маҳмуд Худойбердиев аз шаҳри Қӯрғонтеппа кайҳо кӯч бастанд ва манзили онҳо дар кӯчаи Мирзоқодиров, ки як замон хонаи бошукӯҳе буд, ҳоло амбори масолеҳи сохтмонӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG