Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД: "Касе барои пӯшидани ҳиҷоб ҷарима нашудааст". САДО, ВИДЕО


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки барои пӯшидани "либосҳои бегона", аз ҷумла либоси исломӣ, касеро ҷарима намекунанд. Ин дар ҳолест, ки рӯзҳои ахир расонаҳо навиштанд, занони сатрпӯши бозорҳои пойтахт ҳушдор гирифтаанд, ки барои пӯшиши либосҳои исломӣ, то ҳазор сомонӣ ҷарима хоҳанд шуд.

ВКД: "Касе барои пӯшидани ҳиҷоб ҷарима нашудааст"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:20 0:00
Линки мустақим

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 7-уми август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, барои пӯшиши либосҳои бегона касе ҷарима намешавад ва танҳо корҳои тарғиботӣ бурда хоҳад шуд. Ба қавли Умарҷони Эмомалӣ, "ҷарима вуҷуд надорад, ин фақат тарғиби либос ва фарҳанги миллӣ аст, дигар чизе нест. Ин гапҳои бофтаи мардум аст."

Солҳои охир ҳукумати Тоҷикистон назорат аз фаъолиятҳои мазҳабии шаҳрвандонро шадидтар карда, аз ҷумла, чунин назоратро аз болои сару либоси сокинон ҳам пурзӯр кардааст.

Вазорати умури дохилӣ дар ҳоле ҷарима барои пӯшиши либосҳои исломиро рад мекунад, ки дар расона ва шабакаҳои иҷтимоӣ ин хабар баҳсҳои зиёдеро ба миён овард.

Тӯли чанд рӯзи ахир дар бозор ва нуқтаҳои серодами шаҳри Душанбе гӯруҳҳои махсуси Кумита кор бо занон ва оила аз занони сатрпӯш даъват мекунанд, ки аз пӯшидани либоси ба қавли мақомот "бегона ба фарҳанги мо", худдорӣ кунанд.

Хабаргузории "Азия Плюс" аз қавли занони сатрпӯш, ки дар бозорҳои пойтахт тиҷорат мекунанд, навишт, ин занон ҳушдор гирифтаанд, ки барои пӯшидани либосҳои исломӣ то ҳазор сомонӣ ҷарима хоҳанд шуд. Дар ҳайати гурӯҳи кории Кумитаи кор бо занон ва дигар мақомотҳо ва ҳамчунин наворбардорон низ ҳузур доранд. Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 11 июл бори дигар ба зарурати тақвияти фарҳанги пӯшидани либоси миллӣ, на “бегонаи мазҳабӣ” таъкид кард.

Оқои Раҳмон рӯзи 11-уми июл дар мулоқот бо ҷомеаи шаҳрвандӣ аз “таъсири номатлуби фарҳангҳои бегона” ҳушдор дод ва гуфт, ки пӯшидани либоси “сиёҳу торик” арзишҳои миллиро поймол мекунад ва фазои маънавии ҷомеаро тира месозад. Ҳукумати Тоҷикистон пӯшидани либоси мазҳабии назири ҳиҷобу сатр ва дигар намунаҳои монанд ба инро ҳамчун нишонаи "бегонапарастӣ" ва "ифротишавии ҷомеа", интиқод мекунанд.

Баҳси ҳиҷоб. Ду насл дар муқобили якдигар
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:28 0:00

Солҳои охир ҳукумати Тоҷикистон назорат аз фаъолиятҳои мазҳабии шаҳрвандонро шадидтар карда, аз ҷумла, чунин назоратро аз болои сару либоси сокинон ҳам пурзӯр кардааст. Дар муассисаҳои таълимӣ пӯшидани ҳиҷобу рӯсарӣ ва барои мардон доштани риш манъ шуда, барои наврасони то 18-сола рафтан ба масҷид мумкин нест.

Ҳукумат ин тадбирҳоро ба ҷилавгирӣ аз тавсеаи ақоиди ифротӣ дар миёни аъзоии ҷомеа дуруст ва қонунӣ мешуморад, вале фаъолони ҳуқуқи башар мегӯянд, ин монеаҳо озодиҳои динии шаҳрвандонро маҳдуд мекунанд ва хилоф бо меъёрҳои конститутсияи кишвар ҳастанд.

XS
SM
MD
LG