Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадамоти гумрук нагузошт ба кормандонаш "ахлоқи ҷинсӣ" таълим диҳанд


Бинои Хадамоти гумруки Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ.
Бинои Хадамоти гумруки Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ.

Хадамоти гумруки Тоҷикистон нагузоштааст, ки Бонки Осиёи Рушд кормандонашро "ахлоқи ҷинсӣ" таълим бидиҳад. Таълими ахлоқи ҷинсӣ дар доираи як барномаи Бонки Осиёи Рушд бояд сурат мегирифт.

Ин лоиҳа даври севвуми татбиқи барномаи ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои Осиёи Миёна аст, ки дар доираи он роҳи Душанбе то сарҳади Узбекистон бо сармоягузории Бонки Осиёи Рушд бозсозӣ шуд. Бар замми корҳои сохтмон, ин лоиҳа ҳамчунон ҷанбаи гендерӣ ҳам доштааст ва кормандони гузаргоҳҳои марзӣ бояд аз тренингҳои “зидди бадрафтории ҷинсӣ”, мегузаштанд.

Дар ҷомеаи Тоҷикистон шикояти занон аз бадрафтории ҷинсии мардон, хосатан кормандони мақомоти давлатӣ айб шуморида мешавад ва хеле кам иттифоқ меафтад, ки занон ба ягон идораи давлатӣ шикоят бурда бошанд.

Аммо дар гузориши ҷамъбастии иҷрои ин барнома, ки дар торнамои Бонки Осиёи Рушд ҷой дода шудааст гуфта мешавад, “масъулони лоиҳа барои баргузор кардани чунин тренинг кӯшиш ба харҷ доданд, барои ба даст овардани иҷозати Хадамоти гумрук ба мушкилӣ ру ба рӯ шудаанд”. Дар ин гузориш гуфта мешавад, ташкили тренингҳои “зидди бадрафтории ҷинсӣ” яке аз 7 банди қисмати баробарии гендерии ин барнома буд, ки ба далели иҷозат надодани Хадамоти гумурук умуман иҷро нашуд.

Хадамоти гумруки Тоҷикистон то замони нашри ин матлаб ба дархости Радиои Озодӣ дар робита ба ин гуфтаи Бонки Осиёи Рушд посухе надод. Аммо дида мешавад, қисматҳои боқимондаи марбут ба масъалаи ҷинсии ин барнома, иҷро шудааст.

Муаллифон навиштаанд, дар дохили идораи гузаргоҳи марзӣ, маконҳои алоҳидаи шустушӯ барои мардон ва занон, утоқи алоҳида барои модарони мусофире, ки дар метавонанд тифлашонро шир диҳанд, бунёд шудааст. Ҳамчунон дар гузаргоҳи марзӣ барои тафтиши зери либоси мардон ва занон, утоқҳои алоҳида пешбинӣ шудааст.

Дар ин гузориш гуфта намешавад, чаро Хадамоти гумрук нахостааст кормандонаш “ахлоқи ҷинсӣ” таълим гиранд. Вале нозирони ин барнома, иҷро нашудани ин нуктаро камбудӣ шуморида, гуфтаанд, минбаъд то таҳияи нуктаҳои лоиҳа иҷроиши он, бо идораҳои давлатӣ бояд ҳамоҳанг карда шавад.

Дар ҷомеаи Тоҷикистон шикояти занон аз бадрафтории ҷинсии мардон хосатан кормандони мақомоти давлатӣ айб шуморида мешавад ва хеле кам иттифоқ меафтад, ки занон бо шикастани ин табуи роиҷ дар ҷомеа дар нисбати бадрафторӣ ба худ, ба ягон идораи давлатӣ шикоят бурда бошанд.

Аммо соле пеш як мақоми Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид мушоҳидаҳояшро дар ин робита дар саҳфиааш дар "Facebook" навишт ва аз озору рафторҳои ноҷои ҷинсии мардон дар нисбати занон дар нақлиёти ҷамъиятӣ, хабар дод.

Норимаса Шимомура, муовини раҳбари Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон, дар ин бора баъд аз тафтиши шеваи кори системаи GPS дар дохили мусофирбарҳо дар саҳифаи "Фейсбук"-аш изҳори назар кард. Шимомура навишт, "автобус ва троллейбус воситаи асосии ҳамлу нақл аст. Аммо шунидам, ки занон аз озори ҷинсии номақбул дар ташвишанд ва аз ин рӯ аз нақлиёти дигари гаронарзиш истифода мекунанд."

Шимомура дар ҳоле, ин нуктаро навишт, ки Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон барои рушди нақлимёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе сармоягузорӣ мекард. Аммо бино бар мушоҳидаи Шимомура, занони тоҷик ба хотири наҷот ёфтан аз нигоҳҳои шаҳватбарангези мардон ва рафторҳои ношистаи ҷинсӣ дар нисбати хеш, боз ҳам маҷбуранд аз нақлиёти гаронтаре мисли таксӣ истифода карда аз савор шудан ба автобус парҳез кунанд.

Падидаи бадрафтории бархе аз мардон нисбат ба занон дар Тоҷикистон натанҳо дар дохил, балки дар хориҷ аз кишвар ҳам вирди забонҳо шудааст. Ин аст, ки вазорати умури хориҷии Бритониё ба шаҳрвандонаш, хусусан занҳо, ки қасди сафар ба Тоҷикистонро доранд, машварат додааст, шабона танҳо саёҳат накунанд. Чунки, ба гуфтаи ин ниҳоди Бритониё, дар Тоҷикистон ҳодисаҳои озору азияти ҷинсӣ нисбати занон ва ҳатто ҳодисаҳои таҷовуз ба номус дар рӯз низ ба қайд гирифта шудаанд.

XS
SM
MD
LG