Шумораи зиёде аз мардуми Тайланд дар маросими азодории подшоҳи он кишвар ширкат карданд, ки дар он кишвар шахсияти маҳбуб буд ва ҳамчун "Падари миллат" шинохта мешуд. Шоҳи Таиланд Пхумипон Адуладет рӯзи 12 октябр дар Бангкок вафот кард. Ӯ 88 сол дошт ва аз соли 1946, бештар аз раҳбарони кунунии кишварҳои дунё дар қудрат буд. Дар тӯли раҳбарии ӯ дар Таиланд 20 нахуствазир иваз ва 16 конститутсия қабул шуд. Ӯ ҳамчунин даҳ табаддулотро пушти сар кардааст.
Пхумипон Адуладет 5 декбри соли 1927 дар шаҳри Кембриҷи аёлати Массачусетс ба дунё омада буд. Он замон падари ӯ дар донишгоҳи Ҳарвард таҳсил мекард. Баъдтар оилаи Адуладет ба Таиланд баргашт ва ӯ дар соли 1946, баъди марги бародараш тахти шоҳиро мерос гирифт. Шоҳи Таиланд дар ин кишвар, ки аз нерӯҳои мухталифи сиёсӣ иборат аст, чеҳраи муттаҳидкунанда буд ва дар оштӣ додани ин нерӯҳо нақши калидиро мебозид. Ҳамон тавр, ки интизор меравад, тахти Адуладет акнун насиби писари ягонаи ӯ Маҳа Вачиралонкорн мешавад.