Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ҳадди ақал 70 кас дар зилзилаи рӯзи 26 октябр

Бар асари зилзилаи шадиди рӯзи 26 октябр дар Осиёи Ҷанубӣ, ки маркази он қаторкӯҳҳои Ҳиндукуш дар шимолушарқи Афғонистон будааст, беш аз 70 нафар ба ҳалокат расида ва даҳҳо тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ин зилзила Тоҷикистон, Покистон, Ҳинд, Узбакистон ва Қирғизистонро низ такон дод. Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар шаҳри Пулихумрии вилояти Бағлони Афғонистон шоҳиди тахриби чанд хона шудаанд. Мақомоти афғон гуфтаанд, ки дар ин кишвар 17 нафар, аз ҷумла 12 духтари мактабхон дар вилояти Тахор бар асари зилзила ба ҳалокат расидаанд. Дар вилояти Хайбар-Пахтунхоҳи Покистон низ ҳадди ақал 13 нафар ҷон бохта ва 70 нафар ба бемористонҳо мунтақил шудаанд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG