Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намои имрӯзи Боғи ҳайвоноти Душанбе

Бо омадани фасли тобистон ва ба таътил баромадани хонандагон имрӯзҳо сафи тамошобинони Боғи ҳайвонот ҳам зиёд шудааст. Аммо сокинон чанд сол боз дар Боғи ҳайвонот қариб ягон дигаргуниеро намебинанд. Манзур ин аст, ки чанд сол боз ба ин макон "меҳмон"-и наве аз ҷинси ҳайвонот "қадам ранҷа" накардааст. Танҳо соли 2011 баҳмутеро бо номи Турсунбой аз Қазоқистон бо ивази чанд паррандаи нодир ба инҷо оварда буданд, аммо баъд аз 7 моҳ он ҳам мурд. Дар назар буд, Боғи ҳайвоноти Душанбе соҳиби фил шавад, аммо то ба ҳол аз филҳо дараке нест. Феълан дар боғи ҳайвоноти Душанбе ҳудуди 1000 сар намояндаи 130 навъи ҳайвону паррандагон нигоҳ дошта мешаванд.

Ёфтҳои бештар

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG