Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки осиёии рушд ба Тоҷикистон $17 млн қарзи бебозгашт медиҳад


Бонки осиёии рушд барои зиёд кардани дониши занон дар бахши кишоварзӣ ва савдо ба Тоҷикистон 17,5 миллион доллар грант ё маблағи бебозгашт медиҳад.

Ин бонк рӯзи 21-уми август дар хабарномае навишт, ин маблағ барои ин ҳадафҳо ба Тоҷикистон дода мешавад: баланд бардоштани маҳсули заҳмати занон дар бахши кишоварзӣ, беҳтар кардани шароити нигоҳдории ва коркарди дастранҷи занон ва дастгирии занони осебпазир.

Дар назар аст, маблағи Бонки осиёии рушд барои дастгирии занони соҳибкор дар шаш шаҳру ноҳияи Тоҷикистон, аз ҷумла Бохтар, Фархор, Кӯлоб, Панҷ, Шаҳритус ва Восеъ харҷ шавад.

Ҷузъиёти бештари лоиҳа феълан маълум нест.

Бонки осиёии рушд яке аз кумакрасонҳои асосии Тоҷикистон мебошад.

XS
SM
MD
LG