Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суқути чархбол (вертолет) дар Ванҷ. "Як нафар ҷон бохта, чаҳор кас захмӣ шуд"


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як чархболи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар роҳ ба назди сайёҳони рус, дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, афтодааст.

Як масъули ҳукумати ноҳия рӯзи 5-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "дар ин ҳодиса як нафар ҷон бохта, чаҳор каси дигар захмӣ шуданд."

Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, ҳодиса соати 12-и рӯзи панҷшанбе дар ҳудуди деҳаи Поймазор рух додааст: "Чархбол барои овардани сайёҳони рус, ки дар баландии беш аз 5 ҳазор метр дармонда буданд, мерафт."

"Айни ҳол муовини раиси ноҳия, намояндагони нерӯҳои марзбонӣ ва мақомоти дигари қудратӣ дар ҷойи ҳодиса ҳастанд. То ҷое, ки иттилоъ дорем, чархбол аз Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон будааст. Баъд аз чаппа шудан, ҳавонаварди асосӣ ҷон бохта, чаҳор нафари ҳамкораш захмӣ шудаанд", -- гуфт мусоҳиби мо дар ҳукумати ноҳияи Ванҷ.

Мақомоти Тоҷикистон расман дар бораи суқути чархбол иттилоъ надодаанд, аммо ба камияш ду манбаъ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки чархболи афтода ба Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон тааллуқ дорад.

Деҳаи Поймазор, ки чархбол дар онҷо афтодааст, яке аз деҳаҳои дурдасти ноҳияи Ванҷ мебошад. Деҳа дар поёни пиряхҳои Федченко, Кашолаях ва Хирсон ҷойгир аст.

Бори аввал нест, ки дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон чархболҳо мефтанд. Моҳи августи соли 2018 чархболи ҳомили 15 кӯҳнаварди хориҷӣ ва се сарнишини тоҷик дар поёноби пиряхи Фортамбек, дар ноҳияи Лахш, ба садама дучор шуд. Дар натиҷа се кӯҳнавард ва ду сарнишини тоҷик ҷон бохтанд. Ин гуруҳ узви ҳайате буданд, ки барои фатҳи қуллаи "Исмоили Сомонӣ" дар Тоҷикистон қарор доштанд.

XS
SM
MD
LG