Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади Алишер Мирзонаботро пайдо кардаанд

Алишер Мирзонабот бо ҳамсар, духтар ва ёвару ронандааш 17 июн ба дарёи Панҷ афтиданд
Алишер Мирзонабот бо ҳамсар, духтар ва ёвару ронандааш 17 июн ба дарёи Панҷ афтиданд

Ҷасади Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро баъди ду ҳафта ҷустуҷӯ аз дарёи Панҷ пайдо кардаанд. Ин хабарро субҳи 30-юми июн Ориф Нозимиён, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар Фейсбук нашр кард.

Ба гуфтаи сухангӯи Кумита, ҷасад дар ҳудуди деҳаи Кишти ноҳияи Шамсиддин Шоҳин "дар рӯйи об мушоҳида шуда, наҷотдиҳандагони Кумита онро аз об берун бароварда ба сохторҳои дахлдор супориданд."

"Ташхиси пурраи тиббӣ муайян кард, ки он Раиси Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон мебошад", - гуфт Ориф Нозимиён.

Ҷасади Алишер Мирзонаботро барои ташхис бурданд
Ҷасади Алишер Мирзонаботро барои ташхис бурданд

Ҳанӯз маълум нест, ки маросими видоъ бо Алишер Мирзонабот кай баргузор мешавад.

Мошини хидматии Алишер Мирзонабот рӯзи 17-уми июни имсол дар ноҳияи Дарвоз ба рӯди Панҷ сарозер шуд. Мақомот гуфтанд, раиси вилоят бо ҳамсару духтари дусолааш ва ёвару ронандааш аз Душанбе ба Хоруғ бармегаштанд.

То кунун ҷасад ё пайкари Садоншо Ҷанобалишо, ёвар ва Сино Муборакшоев, ронандаи раиси ВМКБ-ро пайдо карда, ба наздиконашон додаанд. Пайкари Амина Амонуллоева, ҳамсари Алишер Мирзонабот ва духтари дусолааш Орифа то ҳол пайдо нашудааст. Мақомот мегӯянд, "корҳои ҷустуҷӯи рӯи обӣ ва зери обӣ" барои пайдо кардани ин ҷасадҳо идома дорад.

Алишер Мирзонабот, ки дар гузашта дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон кор кардааст, 46-сола буд ва аз соли 2021 идораи вилояти Бадахшонро бар ӯҳда дошт.

Ҳарчанд мақомот аз шеваи раҳбарӣ ва амалкардҳояш дар панҷ соли гузашта ситоиш кардаанд, гурӯҳе аз фаъолони зодаи Бадахшон ӯро дар саркӯби норозиён ва боздошту ҳабси дигарандешон дар минтақа танқид мекунанд.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG