Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина то чӣ ҳад метавонад парвозҳои мулкиро дар Русия халалдор созад?

Фурудгоҳи "Шереметево"-и Маскав. Акс аз бойгонӣ
Фурудгоҳи "Шереметево"-и Маскав. Акс аз бойгонӣ

Ду рӯз пас аз онки Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина ба ширкатҳои ҳавопаймоии ғайринизомӣ ё мулкӣ дар бораи хатарҳои истифода аз ҳарими ҳавоии Русия ҳушдор дод, гузоришҳое зиёде дар бораи лағви парвозҳо ва баста шудани фурудгоҳҳо, нашр шуд.

Амалиёти паҳподии рӯ ба афзоиши Украина алайҳи Русия аз чанд муддат ба ин тараф боиси чунин мушкилиҳо шудааст ва маълум набуд, ки оё тағйироти муайяне рух додааст ё не. Аммо ишораи Зеленский дар бораи ин, ки Киев ният дорад сатҳи амалиётро боло барад, ин пурсишро ба миён овард, ки ин иқдом то чӣ андоза метавонад корро барои Русия душвор созад.

Валерий Романенко, аз Осорхонаи ҳавонавардии Украина ба бахши украинии Радиои Аврупои Озод\ Радиои Озодӣ гуфт, "мо ҳоло дар бораи қатъи муваққат дар амалиёт суҳбат намекунем, балки баҳс бар сари комилан мутаваққиф кардани фаъолияти онҳо дар тамоми соатҳои шабонарӯз аст. Ба ибораи дигар, ҳадафи ин стратегия, ғайриимкон сохтани истифодаи ин фурудгоҳҳост".

Ӯ афзуд, "чунин амалиёте имконпазир ва воқеъбинона аст. Ин кор бахши калоне аз тавони системаи ҳавоии Русияро ба худ машғул хоҳад сохт, дар ҳоле, ки аз ҷониби мо он бо истифода аз паҳподҳои хурд анҷом дода мешавад".

"КОМИЛАН ХАТАРНОК"

Заминаи ин мавзӯъ, суханронии видеоии шабонаи Зеленский дар рӯзи 1 сентябр буд.

Яке аз фурудгоҳҳои Маскав.
Яке аз фурудгоҳҳои Маскав.

Ӯ гуфт, "имрӯз мо мехоҳем ба ҳар ширкати ҳавопаймоие, ки аз ҳарими ҳавоии Русия истифода мекунад, ба ҳар як ширкати суғурта, ҳар касе, ки ҳанӯз аз фурудгоҳҳои асосии Русия истифода мекунад, ҳушдор диҳем, ки "осмони Русия комилан хатарнок мешавад".

Дар пайи ҳушдори Зеленсий, Украина расман дар дувуми сентябр ба Созмони байнулмилалии ҳавонавардии мулкӣ муроҷиат кард ва нисбат ба ончӣ, ки онро хатарҳои рӯ ба афзоиш барои ҳавонавардии ғайринизомӣ дар ҳарими ҳавоии Русия хонд, ҳушдор дод.

Ин масъала бо рӯйдодҳои рӯзи 3 сентябр тақвият ёфт.

Фурудгоҳи "Внуково"-и Маскав фаъолиятҳои худро ба таври муваққатӣ қатъ кард ва дигар фурудгоҳҳои аслии ин шаҳр, яъне "Шереметево" ва "Домодедово" низ аз ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо хабар доданд.

Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав эълон кард, ки байни рӯзҳои дувум ва севуми сентябр, 548 паҳподи украинӣ ба тарафи вилояти Маскав парвоз кардаанд.

Ҳамон рӯз Вазорати нақлиёти Русия эълон кард, ки дар пайи дархости ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ, ба онҳо дар бораи чораҳои амниятӣ дар фурудгоҳҳо ва ҳарими ҳавоии Русия тавзеҳот додааст.

Андрей Никитин, вазири нақлиёти Русия изҳор дошт, ки ин кишвар барои ба ҳадди ақал расонидани паёмадҳои ин вазъият, бо Вазорати дифоъ ва Горди миллӣ ҳамкорӣ мекунад. Ӯ гуфт, "бовар дорам, иҷоза нахоҳем дод, ҳеч гуна халали ҷиддӣ дар фаъолияти ҳавонавардии мулкӣ пеш биояд".

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Аммо маълумоти (Flightradar24) нишон дод, ки 3 сентябр чаҳор фурудгоҳи Русия дар миёни панҷ фурудгоҳи ҷаҳон бо бештарин халалдоршавӣ дар парвозҳо, қарор доштанд.

ҲАДАФҲОИ НАВ

Ҳамлаҳои густурдаи паҳподии Украина пеш аз ин низ боиси халалдор шудани фаъолияти фурудгоҳҳои Русия шуда буд, аммо барои муддати тӯлонӣ идома наёфта буд.

Романенко изҳор дошт, афзоиши фишор ба тарафи муқобил -- бе ҳамла ба ҳавопаймоҳои мулкӣ (ки Зеленский онро қатъиян рад кардааст ва метавонад ҷинояти ҷангӣ ба шумор равад), метавонад чораҳои иловагиро талаб кунад.

Ӯ пешбинӣ кард, "ҳадафҳо, зерсохтҳои назорати ҳаракати ҳавоии Русия хоҳанд буд: бурҷҳои назорат, системаҳои автоматии нишаст дар фурудгоҳҳо, таҷҳизоти раҳнамоии нишаст ва системаи радарӣ барои назорати ҳаракати ҳавоӣ. Инҳо системаҳое ҳастанд, ки бехатарии парвозро таъмин мекунанд. Ин системаҳо мавриди ҳамла қарор хоҳанд гирифт".

Александр Ланетский, мудири ширкати Friendly Avia Support дар Литва, ба шабакаи "Current Time" гуфт, ки баста шудани ҳарими ҳавоии Маскав бар ҳавонавардӣ дар саросари ин кишвар, ки аз лиҳози масоҳат бузургтарин кишвари ҷаҳон аст, таъсир хоҳад гузошт.

Ӯ изҳор дошт, "агар маркази ҳавонавардии Маскав ба муддати як ҳафта фалаҷ шавад, тамоми кишвар бешубҳа онро эҳсос хоҳад кард. Идомаи ҳамлаҳои паҳподҳо дар ин минтақа боиси эълони минтақам мамнуъ барои парвоз хоҳад шуд ва фаъолияти фурудгоҳҳо ва дар умум тамоми бахши ҳавонавардӣ дар ин минтақа аз кор бозмемонад".

Рӯзи 3 сентябр маълумот дар бораи парвозҳо нишон дод, ки бахши асосии халалдоршавиҳо ба парвозҳои дохилӣ марбут будаанд. Ин вазъият барои Русия аз ҷиҳати иқтисодӣ зараровар буда ва баҳои ҷанги Русияро барои мусофирони оддӣ нишон медиҳад.

Қисми зиёде аз парвозҳои байнулмилалии Русия, ба вижа парвозҳо ба тарафи Аврупо, муддатҳост, ки бинобар таҳримҳои Ғарб пас аз ҳамлаи густурдаи ин кишвар ба Украина дар соли 2022, қатъ гардидаанд.

Бо ин вуҷуд, парвозҳои бисёре ба дигар кишварҳо барқарор аст. Бар пояи маълумоти Ассотсиатсияи операторони сайёҳии Русия (ATOR) - як созмони фарогири ин соҳа, Туркия, Узбекистон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Чин ва Миср 72 дарсади ҳаҷми умумии мусофирони парвозҳои байналмилалии Русияро ташкил медиҳанд.

Богдан Долинтсе, коршиноси соҳаи ҳавонавардӣ ва фановариҳои дифоӣ, ба Радиои Аврупои Озод\Радиои Озодӣ гуфт, "ин ширкатҳои ҳавопаймоӣ ҳангоми тасмимгирӣ дар бораи парвоз ба Русия, таҳдидҳоро баррасӣ мекунанд, зеро масъулияти ҳар гуна ҳодиса ё аз даст рафтани ҳавопаймо дар ҳарими ҳавои Русия, танҳо бар дӯши худи Русия ва ширкати ҳавопаймоии марбут, хоҳад буд".

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гӯшаҳо

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG