Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имдодгарони тоҷик як кӯҳнаварди хориҷиро наҷот додаанд


Панҷакент. Акс аз бойгонӣ
Панҷакент. Акс аз бойгонӣ

Имдодгарони тоҷик мегӯянд, як кӯҳнаварди осебдидаро аз Литва дар ҳудуди шаҳри Панҷакент наҷот дода, ба бемористон бурданд.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, Томас Пра-пуолениси 50-сола ҳангоми кӯҳнавардӣ дар кӯҳҳои Фон пояшро шикастааст.

Моҳи гузашта дар Тоҷикистон ду кӯҳнавард аз Бритониё ва яке дигар аз Беларус аз кӯҳ афтода захмӣ шуданд.

Масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтанд, сайёҳони хориҷӣ дар кӯҳистонҳои ноҳияи Лахш ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба фалокат дучор гардиданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG