Додситонии шаҳри Душанбе ба зидди ду корманди милисаи Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино-2 бо иттиҳоми “шиканҷа” ва “берун баромадан аз ҳади ваколатҳои хидматӣ” парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Онҳо ба шиканҷаи Мақсудҷон Саидов, сокини 36-солаи шаҳри Кӯлоб гумонбар мешаванд, ки пас аз чаҳор рӯзи боздошт ҷасадашро ба наздиконаш супурданд. Ин хабарро ду манбаъ дар мақомоти интизомӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ва дӯстони Мақсудҷон Саидов тасдиқ карданд.
Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ, кормандони милисаи ноҳияи Сино берун аз салоҳияти худ ва бе огоҳ кардани мақомоти маҳаллӣ Мақсудҷон Саидовро рӯзи 8-уми январ дар меҳмонхонаи “Чанор”-и Кӯлоб боздошт карда, ба Душанбе бурдаанд.
Яке аз ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ангуштони пойи Сайидов осори сӯхтагӣ дида шудааст, ки эҳтимолан осори сӯхтагӣ аз сими барқ аст, ки яке аз усулҳои шиканҷа аст.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ гуфтаанд, ки бархе кормандони мақомоти интизомии Тоҷикистон барои ба даст овардани эътироф ба пойи муттаҳамон ба ҷиноят барқ мегузоранд. Назари наздикони милисаҳои боздоштшуда ва вакилони дифои онҳо ба ин иттиҳом маълум нест.
Яке аз дӯстони Мақсудҷон Саидов, ки нахост номашро зикр кунем, гуфт, мақомот тарс доштанд, ки марги боздоштшуда дар Кӯлоб эътироз ба бор меорад. Ба гуфтаи ӯ, қабл аз супурдани ҷасад дар рӯзи 12-уми январ чанд мақоми милисаи Раёсати умури дохилии Душанбе бо наздикони Саидов суҳбат карда, гуфтаанд, ки гунаҳкоронро боздошт кардаанд ва ҷазо медиҳанд. Аз онҳо хостаанд, ки ҷое эътироз ва шикоят накунанд.
Мусоҳиби Радиои Озодӣ гуфт: “Ҷасадро оварда зуд ба хок супурданд ва ҳама ҷо пур аз корманди милиса буд. Ба падару модараш чизе гуфтаанд, ки на худашон дар ин бора гап мезананд ва на касе аз наздиконашонро иҷозат медиҳанд, ки дар ин бора гап зананд.”
Марги Абдуқаҳҳор Розиқов, як сокини дигари шаҳри Кӯлоб дар идораи милиса дар моҳи январи соли 2023 эътирози сокинони ин шаҳрро ба бор оварда буд. Он замон мақомот ба наздикони Розиқов ваъда дода буданд, ки эътироз накунанд ва шиканҷагаронро ҷазо хоҳанд дод. Додгоҳ се афсари пулисро дар шиканҷаи Розиқов гунаҳкор донист ва ҳар кадоми онҳоро ба 14 солии зиндон маҳкум кард.
Ҳукумати Тоҷикистон ба сабаби бадрафторӣ ва шиканҷаи гумонбарон дар боздоштгоҳҳо бисёр вақт танқид шунидааст. Аз ҷумла Созмони Милал дар гузашта гуфтааст, дар Тоҷикистон маъмурони интизомӣ барои ҳосил кардани эътирофи гуноҳ, боздоштшудагонро шиканҷа мекунанд ва додгоҳҳо низ ин эътирофҳои беасосро ба инобат мегиранд, ки мухолиф ба қонунҳои худи кишвар ва аҳдномаҳои байнулмилалист.