Сафорати Русия дар Тоҷикистон рӯзи 20-уми август хабар дод, ки амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷоти кӯҳнавардон муваффақона анҷом шуд.
"Интерфакс" аз қавли намояндагони сафорат навишт, дар бораи нопадид шудани ду кӯҳнавард рӯзи 16-уми август хабар расид. Номи кӯҳнавардон нашр намешавад. Танҳо гуфта шудааст, ки вазъи саломати онҳо хуб аст ва 21-уми август ба Русия бармегарданд.
Қуллаи "Озодӣ", ки то соли 2020 номи қуллаи Корженевскийро дошт, дар ҳудуди ноҳияи Лахш ҷойгир аст. Беш аз 7 ҳазор метр баландӣ дорад.