Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги ду кӯҳнавард дар “Қуллаи Ленин”


Кӯҳе дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Кӯҳе дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Дар самти қирғизистонии қуллаи Абӯалӣ ибни Сино, ки дар Қирғизистон “Қуллаи Ленин” ном дорад, ду кӯҳнавард ба ҳалокат расидаанд.

Раёсати умури дохилии вилояти Уш ба Бахши қирғизии Радиои Озодӣ рӯзи 30-юми август гуфт, фоҷеа шаби 28-уми август рӯй дод.

Сабаби марги Георгий Веселовский, кӯҳнаварди 38-сола аз Русия ва Вячеслав Шейко, кӯҳнаварди 41-сола аз Қирғизистон сармои шадид ё заҳролудшавӣ аз гази карбон гуфта мешавад.

Ҷасади кӯҳнавардон дар дохили хаймае пайдо шудааст, ки онҷо хоб буданд.

Аз рӯйи ҳодиса парвандаи ҷиноӣ кушодаанд ва ҳоло талошҳо барои аз баландӣ ба замин фаровардани ҷасадҳо ҷараён дорад.

Қуллаи Абӯалӣ ибни Сино то соли 2006 дар Тоҷикистон “Қуллаи Ленин” ном дошта, дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ҷойгир аст ва бо зиёда аз 7 ҳазор метр яке аз қуллаҳои баландтарин дар Осиёи Марказӣ шинохта мешавад.

Ба навиштаи Бахши қирғизии Радиои Озодӣ, дар се соли гузашта ду мавриди марги кӯҳнавардон аз Полшаву Русия сабт шуд.

Бо вуҷуди пурхатар будани қуллаи Абӯалӣ ибни Сино, бисёре аз кӯҳнавардон орзу мекунанд, ки онро фатҳ кунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG