Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷустуҷӯ бо белу каланд. Ҳукмишоҳ дар зери тарма бенишон шуд


Амиршоҳ Саидов, сокини 57-солаи ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ, даҳ рӯз боз ба ҷустуҷӯи писараш меравад. Ӯ дар зери тарма бенишон шудааст.

  • Ин мард ба сардии шадиди ҳаво нигоҳ накарда, бо белу каланд фарзандашро аз миёни тармае меҷӯяд, ки 100 метр дарозӣ ва 20 метр баландӣ дорад. Амиршоҳ Саидов дар баробари ҳамдеҳагон бештар аз ҳама эҳсос мекунад, ки ҳар лаҳза нишоне аз писари ҷавонаш пайдо мешавад.
Бовар кунед, бачаҳо хаста шуданд. Намак пошидем, ки барф зуд об шавад. Аммо чаро кормандони идораи ҳолатҳои фавқулода ба назди мо намеоянд?

"Аз Русия омадам, то писарамро наҷот диҳам"

Писари Амиршоҳ – Ҳукмишоҳ Саидови 27-сола – нисфирӯзии 15-уми январ барои шикори кабк аз хона берун шуда, дар секилометрии деҳаашон зери тарма мондааст. Ин ҷавон якуним сол қабл издивоҷ намуда, писараш шашмоҳа аст.

Падари Ҳукмишоҳ рӯзи 25-уми январ аз маконе, ки писараш зери тарма мондааст, бо мо суҳбат кард. Ӯ гуфт, замоне ки писараш зери тарма монд, дар шаҳри Маскави Русия, дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошт.

“Чанд лаҳза баъд аз рух додани ҳодиса, наздикон хабари шуми зери тарма мондани писарамро расонданд. Баъди як рӯз барои наҷоти фарзандам ба деҳа омадам”, - гуфт ӯ.

"Телефонаш як рӯз фаъол буд"

Падари ин ҷавон мегӯяд, ба умеди сиҳату солим ёфтани фарзандаш аз зери тарма омадааст ва ҳоло низ умедро аз даст надодааст. Симкорти телефони Ҳукмишоҳ баъди зери тарма мондан, то як рӯз фаъол будааст, аммо бо тамосҳои пайвастаи наздикон посухе наомадааст. Дар 10 рӯзи ахир падари Ҳукмишоҳ аз ҳама бештар ба шумораи телефони писари зери тарма мондааш тамос гирифтааст.

Ин мард мегӯяд, давоми рӯзҳое, ки бо мардуми деҳа аз пайи ҷустуҷӯи фарзандаш ҳастанд, наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ба наздашон наомада, барои дарёфти ҷавон кумаке накардаанд. Ӯ гуфт, ҳар рӯз зиёдтар аз се километр роҳро тай карда, аз субҳи барвақт то шом бо сокинони чанде аз деҳаҳои Язгулом бо белу каланд фарзандашро мекобанд.

"Як масъули идораи ҳолатҳои фавқулода омад, аммо..."

“Бовар кунед, бачаҳо хаста шуданд. Намак пошидем, ки барф зуд об шавад. Чаро кормандони МЧС ба назди мо намеоянд? Фақат як рӯз як масъули МЧС омада буд ва ба ҳамин дигар касеро аз ин ниҳод надидем, ки барои ёфтани фарзандамон кумак намоянд”, - шиква кард ӯ.

Зафар, сокини ҷамоати Язгулом, низ дар суҳбат бо тасдиқ кард, ки дар рӯзҳои аввали рух додани ҳодиса як корманди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба наздашон рафтааст. Вай афзуд, “гуфтем, ки наход ягон таҷҳизот надошта бошед, ки ҷои ӯро пайдо кунад, симкорташ фаъол аст. Ба ҳарфҳои мо таваҷҷӯҳ накард ва фақат ҳамдардӣ баён намуду рафт”

Хонаводаи Ҳукмишоҳ мегӯянд, ягона хоҳишашон аз мақомот ҳамин аст, ки омада дар паҳлӯяшон биистанд ва дар ҷустуҷӯи фарзандашон ба онҳо ёрӣ кунанд.

"Ба онҷо техника намеравад, бо даст мекобӣ"

Асланшо Худоиев, сардори идораи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Ванҷ, ба Радиои Озодӣ гуфт, маконе, ки Ҳукмишоҳ зери тарма мондааст, 65 километр дур аз маркази ноҳияи Ванҷ буда, имкони бурдани техника ба он макон вуҷуд надорад. “Ба ҷои ҳодиса рафта будам. Вазъиятро дидам. Дар он ҷо фақат бо даст мекобӣ”, - гуфт ӯ.

Тоҷикистон ҳар сол дар фасли зимистон шоҳиди барфрезии шадид ва тармафароӣ ва дар аввали баҳору тобистон шоҳиди омадани сел мешавад.

"Трактору булдозер ҳаст, аммо чархбол нест"

Офатҳои табиӣ солҳои охир боис ба ҳалокат ва бе хонаву дар мондани даҳҳо нафар шудааст. Дар натиҷаи тармафароӣ дар соли 2017 тақрибан сӣ нафар ҷони худро аз даст доданд. Дар ин ҳодисаҳо сокинон аз маъмурони наҷот шикоят карданд, ки ё барои кумак дер расида ва ё барои наҷоти одамон таҷҳизоти зарурӣ надоштанд.

Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон нагуфтаанд, ки дар маҷмуъ соҳиби чӣ қадар техника ҳастанд. Аммо, бино ба хабарҳо, созмону кишварҳои хориҷӣ дар солҳои охир ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода даҳҳо трактору булдозер додаанд. Аз ҷумла, охири соли гузашта Арабистони Саудӣ ба маблағи ним миллион доллар ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода булдозеру экскаватор, автотрейлер ва мошини навъи "Пикап" дод. Аз он пеш Барномаи рушди Созмони Милал ба ин ниҳод ба маблағи якуним миллион доллар ёрӣ карда буд.

Ягона чизе, ки мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода эътироф мекунанд, ин аст, ки ба далели гаронӣ то ҳол натавонистаанд як чархбол бигиранд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG