Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бадахшон дар муҳосираи барфу тарма. ВИДЕО, АКС


Барф дар Дарвоз.

Дар пайи барфрезии шадиди ду рӯзи охир ва фаромадани тарма, шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Хоруғ баста шуда ва вилояти Бадахшон дар муҳосираи барф мондааст. Мақомот дар Ванҷ гуфтанд, ки панҷ сокини ноҳия зери тарма монда, чаҳор нафари онҳо зинда берун оварда шуданд ва як тани дигар ҳанӯз пайдо нашудааст. Фарҳод Нодулёбов, сардори Идораи роҳҳои ноҳияи Ванҷ, рӯзи 16-уми январ гуфт, ҳодиса шоми гузашта дар байни деҳаҳои Мотравн ва Жамаги ҷамоати Язгулом рух додааст. Ба гуфтаи Нодулёбов, ин афрод ҳини ҳаракат дар ин масир ба чанги тарма афтодаанд.

  • Қатъи ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ, ки тариқи ин масир Бадахшон бо маҳсулоти ниёзи аввал таъмин мешавад, сокинонро нигарон кардааст.
Роҳбандӣ дар вилояти Бадахшон як қатор мушкилоти иҷтимоӣ, аз ҷумла болоравии нархи баъзе аз маҳсулоти хӯроквориро дар пай дорад.

Дар Идораи ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Бадахшон рӯзи 16-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ дар ҳудуди ноҳияҳои Дарвозу Рӯшон ва Шуғнон бинобар фаромадани тарма ва кӯҳпораҳо масдуд шуд. Ҳамзамон ҳаракат дар роҳҳои Хоруғ-Ишкошим ва Хоруғ-Мурғоб низ қатъ гардида, бориши бошиддати барф дар ҳудуди вилоят идома дорад.

"Ғафсии қабати барф дар шаҳри Хоруғ 35 сантиметр ва дар баъзе гӯшаҳои вилоят ба 75 сантиметр расида, сабаби ташвиши мусофирону сокинон гардидаст", - афзуд манбаъ.

Умеда Юсуфова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, аз бориши зиёди барф тармафароӣ дар километри 344-уми ноҳияи Дарвоз, баъдан дар Шуғнону Рӯшон ва Ишкошим сабт шудааст. "Наҷотдиҳандагон фурсат намеёбанд, ки роҳро тоза кунанд ва боз тарма мефарояд. Бориши ниҳоят шадиди барф идома дорад. Агар ҳоло роҳро ҳам боз кунанд, гузаштан душвор аст, махсусан барои воситаҳои нақлиётӣ",-гуфт ӯ.

Ин видеоро корбарон фиристоданд:

Барфу ях роҳи Бадахшонро баст ва мошинро чаппа кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:24 0:00

Чанд тан аз ронандагони мошинҳои боркаш дар шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Хоруғ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, барои бартарафсозии барф ва боз намудани роҳ техникаи кофӣ ба назар намерасад ва ҳар лаҳзаи монданашон дар ин роҳ, бар зарари онҳо мебошад.

Ронандаҳо: "Намедонем чӣ кор кунем"

Як ронанда, ки худро Ҷамшед муаррифӣ намуд, иброз дошт, ки ҳудуди 15 километр дуртар аз маркази Дарвоз, дар қисмати роҳи Кеврон ҳамроҳ бо ронандаҳои 30 мошини дигар дармондаанд ва намедонанд ки чӣ кор кунанд. Ҳамсӯҳбатамон гуфт, бо дигар ҳамкоронаш ҳамсӯҳбат шудааст ва то ҷое, ки медонад, ҳудуди 200-300 мошини боркаш дар қитъаҳои мухталифи шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ банд мондаанд.

Ба гуфтаи ин ронанда, дар баъзе минтақаҳо беш аз 80 сантиметр барф боридааст ва умуман ҳаракат карда намешавад. Ӯ мегӯяд, ки аз самти Шӯрообод то Кеврони Дарвоз дар се шабонарӯз расиданд ва ба онҳо гуфта шудааст, ки ба самти Хоруғ ҳаракат накунанд, зеро роҳ баста аст. Ӯ ҳамзамон шикоят дорад, ки раванди пок кардани роҳҳо аз барфу тарма хеле суст пеш меравад.

Дар ҳамин ҳол, полковник ​Наим Мираков, сардори Идораи ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Бадахшон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, талош мекунанд ба зудӣ роҳро тоза намоянд. Ӯ иброз дошт, ки феълан қитъаҳои роҳи самти Дарвоз, Ишкошим ва Мурғоб баста аст ва барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта техникаҳоро сафарбар намудаанд.

Наим Мираков афзуд, ҳоло маълумоти дақиқ аз зиёни тармафароиҳои ахиру мушкили роҳҳо рӯи даст надоранд ва комиссияи махсус дар ин робита фаъолият дорад.

Ҷаласаи изтирорӣ дар ҳукумати Бадахшон

Ҳукумати вилояти Бадахшон рӯзи чаҳоршанбе бо ҳадафи рафъи оқибатҳои барфрезии шадид ҷаласаи фаврӣ баргузор кард. Ба гуфтаи мақомоти Бадахшон, дар ин нишаст масъалаи боз кардани роҳҳо ва фаъолияти муассисаҳои таълимиву беҳдоштӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Мақомот гуфтаанд, дар ҷодаҳои мошингарди вилоят 26 фаромадааст.

Қатъи ҳаракат дар роҳи байналмилалии Хоруғ-Душанбе, ки тариқи ин масир вилояти Бадахшон бо маҳсулоти ниёзи аввал таъмин мешавад ва бор аз Чин интиқол меёбад, ронандагони мошинҳои боркашро нигарон сохтааст.

Ноҳияи Мурғоби Бадахшон Тоҷикистонро тавассути ду гузаргоҳи дорои аҳамияти байналмилалӣ - Қизил Арт–Саритош ва Кулма-Қаросу бо кишварҳои ҳамсояи Қирғизистон ва Чин мепайвандад. Яъне, қисми асосии шоҳроҳи байналмилалии мошингард, ки Тоҷикистонро бо кишварҳои бузург ва бандарҳои обӣ мепайвандад, тавассути ин ноҳия мегузарад.

Ҳар сол ба ҳисоби миёна аз 8 то 10 ҳазор мошини боркаш гузаргоҳи байналмилалии Кулма-Қаросуро убур мекунанд. Одатан роҳбандӣ дар Бадахшон як қатор мушкилоти иҷтимоӣ, аз ҷумла болоравии нархи бархе аз маҳсулоти хӯроквориро дар пай дорад.

Шарҳҳоро бинед (10)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG