Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Роҳ ба Хуҷанд боз шуд, аммо хатари тарма ҳанӯз боқист" ВИДЕО


Гузориши Зарангези Наврӯзшоҳ аз барфрезӣ ва тармафароӣ роҳи Душанбе-Чаноқ

Дар ду шабонарӯзи ахир дар роҳи Душанбе-Чаноқ, ки маркази Тоҷикистонро бо шимол мепайвандад, 30 тарма фаромадааст. Дастикам ду рӯз ин роҳ баста буд.

  • Рӯзи 22-юми январ ба ҳаракати ҳама навъи нақлиёт, аз ҷумла мошинҳои борбар, ба самти Хуҷанд иҷозат дода шуд.
Ҳафтаи гузашта дар пайи барфрезии шадид ва тармафароӣ дар кишвар панҷ нафар ҷони худро аз даст доданд.

Фаромадани тарма ва масдуд шудани ҳаракати роҳ Мирзо Пиронов, ронандаи боркашро ду рӯз аз сафар боздошт. Ӯ рӯзи сешанбе баъд аз эълони иҷозаи сафар аз Душанбе ба самти Панҷакент ҳаракат кард.

Пиронов мегӯяд, маъмулан дар фасли сармо аз сафар ба минтақа худдорӣ мекунад, вале ин дафъа фармоиш гирифтаасту маҷбур ба роҳ баромад. Ӯ, ки дар роҳи пурбарф мошинашро таъмир мекард, гуфт, “дар ҳавои сарду пурбарф мошин каме мушкил эҷод мекунад. Ягона масъала ин аст. Понздаҳ-бист дақиқа вақтро мегирад ва насиб боз ба роҳамон идома медиҳем.”

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

"Роҳ ба Хуҷанд боз шуд, аммо хатари тармафароӣ боқист"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:31 0:00

Масъулони ширкати нигоҳубини роҳ дар ин минтақа мегӯянд, онҳо вазъро пурра зери назорат доранд. Бо вуҷуди иҷозаи мақомот барои ҳаракат дар роҳи Душанбе-Чаноқ ба назар мерасид ҳаракати мошинҳои хурд зиёд нест ва аксар мошинҳои борбар ба роҳ баромадаанд.

Дар роҳи Душанбе-Чаноқ ҳаво то 13 дараҷа сард буда, баландии барф то 70 сантиметр мерасад. Ба мушоҳидаи мо, дар ҷойҳое, ки тарма фаромадааст, баландии барф то 3 метр аст.

Муқим Азимов, сармуҳандиси ширкати “Инновейтив Роуд Солюшнз”, ки масъули нигоҳубин ва пулчинӣ дар роҳи Душанбе-Чаноқ аст, гуфт, «бориш дар куҳҳо зиёд аст. Ҳамчун мутахассис медонам, ки бо зиёд шудани бориш, хатари фаромадани тарма ҳам зиёд мешавад. Имсол, тавре мебинем, дар муқоиса ба солҳои пеш бориш зиёд аст.”

Роҳи Душанбе-Чаноқ, аз шоҳрагҳои нақлиётии Тоҷикистон, вилояти Суғдро бо Душанбе – пойтахти кишвар – мепайвандад. Дар гузашта дар натиҷаи фаромадани тарма дар ин роҳ даҳҳо нафар ҳалок шудаанд. Се корманди ширкати мутасаддии нигоҳубини роҳ низ ҳангоми поккорӣ зери тарма монда, ба ҳалокат расидаанд.

Дар пайи бориши барфи зиёд то ду рӯзи пеш ҳаракати мошин дар аксар минтақаҳои кишвар манъ шуда буд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон рӯзи 22-юми январ хабар дод, ки ба ҷуз роҳҳои “Рӯшон - Бартанг ва Хоруғ - Ишкошим дар вилояти Бадахшон, ки ҳанӯз баста боқӣ мемонанд, мошинҳо дар роҳҳои дигар кишвар бемамониат метавонанд ҳаракат кунанд.»

Ҳафтаи қабл дар пайи барфрезии шадид ва тармафароӣ панҷ нафар ҷони худро аз даст доданд.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG