Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъи ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе-Чаноқ. АКС


Акс аз рӯзи 20-уми январ
Акс аз рӯзи 20-уми январ

Ширкати мутассадии нигаҳдории роҳи Душанбе-Чаноқ эълон кард, ки ба сабаби барфи зиёд, ҳаракати нақлиёт дар ду қитъаи роҳи мазкур, ки шимоли кишварро бо пойтахт мепайванданд, муттавақиф шудааст.

Ширкати “Инновейтив Роуд Солюшн” гуфт, “Субҳи имрӯз боришоти барф, дар роҳ беш аз пеш шиддат гирифта, дар давоми ду рӯзи минбаъда боришоти беист ва шадид пешгӯӣ шудааст.”

Ба гуфтаи сухангӯи ширкат Далери Абдулло, эҳтимоли фаромадани тарма дар баъзе аз қитъаҳои роҳ бисёр зиёд шудааст ва барои ҳамин ба сабаби бехатарии ронандагон ҳаракат дар километрҳои 48 ва 73-ум мутаввақиф шудааст.

Акс аз рӯзи 20-уми январ
Акс аз рӯзи 20-уми январ

Далери Абдулло рӯзи 20-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Ситоди муштарак дорем, аз ҳисоби кормандони ширкат ва вазорати нақлиёт ва корҳои дохилӣ, ки тасмим мегиранд, дар сурати афзоиш ёфтани хатари тарма ва ё дигар омилҳо, ҳаракати нақлиёт мутаввақиф карда шавад. Имрӯз тасмим гирифтанд, ки ба сабаби зиёд шудани хафви тарма ҳаракати нақлиёт дар қитъаҳои километри 48-ум ва 73-ум муттавақиф шавад.“

Ба гуфтаи Далери Абдулло, мушкилӣ асосан дар ҳамин ду қитъа аст, ҳаракат дар дигар қисматҳои роҳ имконпазир аст ва кормандони ширкат саъй доранд, ки роҳ дар ин рӯзҳои пурбарф ҳам пок ва барои ҳаракат поку омода бошад.

“Бояд зикр кард, ки мушкилӣ асосан дар қитъаи Варзоб дахл дорад, ки хавфи тармафароӣ ва боришоти пуршиддати барф дар онҷо хеле зиёд аст. Кормандони мо аз субҳи барвақт ба поккории роҳ шуруъ карданд ва коркарди роҳ бо моддаҳои зидди лағжиш идома дорад”, гуфт, ӯ.

Ба гуфтаи Далери Абдулло дар баъзе аз қитъаҳо барф бисёр зиёд аст ва субҳи 20-уми январ аз ним метр ҳам зиёд шуда то ба 75 сантиметр мерасид. Далери Абдулло аз ронандагон тақозо кард, ки қарори ширкатро дарк кунанд, зеро маҳдуд кардани ҳаракат “ба амнияти худи онҳо рабт дорад.”

Ба гуфтаи ӯ, баъзеҳо мегӯянд, ки азбаски роҳи Душанбе-Чаноқ роҳи пулакӣ аст, бояд 24 соат боз бошад, вале ширкат дар баробари шаҳрвандон масъулият дорад, дар сурати эҳтимоли ҳалокат ва хатар ба ҷони ронандагон аз он пешгирӣ намояд.

Роҳи Душанбе-Чаноқ аз шоҳрагҳои нақлиётии Тоҷикистон вилояти Суғдро ба Душанбе пойтахти кишвар мепайвандад. Дар гузашта дар натиҷаи тарма дар ин роҳ даҳҳо нафар ҳалок шудаанд. Се корманди ширкати муттасадди нигоҳубини роҳ низ ҳангоми поккорӣ зери тарма монда ба ҳалокат расидаанд.

Агар шумо дар роҳ дармондаед ва аксу видеое аз маҳалли ҳодиса доред, ба мо нависед ва ё фиристед. Шумораи телефони мо дар Вайбер, ИМО ва Вотсаппу Телеграм: +420 725 034 953

XS
SM
MD
LG