Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳёи ҳаракат дар роҳи фурӯрафтаи Душанбе-Чаноқ. ВИДЕО


Як қисмати роҳи Душанбе-Чаноқ, шоҳроҳе, ки шимоли Тоҷикистонро бо маркази пайваст мекунад шаби гузашта пурра фурӯ рафтааст. Дар даҳсолаи ахир ин бори аввал аст, ки як қисмати ин шоҳроҳи асосии Тоҷикистон фурӯ меравад.

Далери Абдулло, сухангӯи ширкати IRS, Инновейтив Роуд Солюшнз, масъули нигоҳдории роҳи Душанбе-Чаноқ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса тахминан соатҳои 2-и бомдоди рӯзи 2 июн рух додааст.

Ба қавли манбаъ, дар ин соат дар 138-ум километри роҳи Душанбе-Чаноқ дар ҳудуди деҳаи Хушекати ноҳияи Айнӣ ҳудуди 35 метр роҳ пурра фурӯ рафт.

Далери Абдулло афзуд, кормандони ширкат дар ҷойи фурӯрафтаи роҳ феълан роҳи муваққатӣ кушодаанд.

Далери Абдулло
Далери Абдулло

“Новобаста аз он, ки ҳодиса шабонгоҳ рух дод, дар муддати кутоҳ қисмати аъзами техника ба ин минтақа сафарбар шудаанд. Бо заҳмати кормандони ширкат аз дили кӯҳ роҳи муваққатӣ эъмор ва ҳаракати якҷонибаи воситаҳои нақлиёт муваққатан таъмин карда шуд”- гуфт Далери Абдулло.

Сухангӯи ширкати IRS мегӯяд, 35 метр роҳ пурра фурӯ рафта, зарурати аз нав сохтани он пеш омадааст.

Дар ширкати IRS ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар ин ҳодиса ягон нақлиёт ва шаҳрвандон осеб надидаанд.

“Гумбур-гумбур шуд, тарсида бедор шудем”

Фаромадани сангпора ва фурӯ рафтани як қисмати роҳи Душанбе-Чаноқ пеш аз ҳама сокинони манотиқи назди роҳро тарсондааст. Ойсарасай Олимова, сокини деҳаи Хушекати ноҳияи Айнӣ, ки манзилаш дар назди роҳ ҷойгир шудааст мегӯяд, нимашаби аз садои баланд тарсида бедор шуданд.

Ин сокини ноҳияи Айнӣ гуфт, “соати 12-1-и шаб буд, ки ногаҳон садои гулдур-гулдур шуд. Аз хоб тарсида хеста омадем, сангҳо фаромада истода буданд. Аввал фикр кардем, ки заминларза шуд, ба писарам гуфтем, ки гурез, ки таги санг мемонӣ.”

Ойсарай Олимова афзуд дар пайи фурӯ рафтани роҳ барои чанд соат ҳаракат дар роҳ мутаваққиф шуд ва аз ду тараф мошинҳо ҷамъ шуданд.

Қисмати роҳи Душанбе-Чаноқ фӯру рафт
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:04 0:00

“Боришоти зиёд—омили аслии фурӯ рафтани роҳ”

Ҳодисаи камназири фурӯ рафтани як қисмати роҳи Душанбе-Чаноқ феълан мавриди санҷиш қарор дорад. Масъулини ширкати IRS сабаби сар задани ҳодисаро офати табиӣ арзёбӣ карданд.

Одилбой Одилов, менеҷери ширкати IRS дар минтақаи Зарафшон мегӯянд, боришотҳои пай дар пай дар ниҳоят ба фурӯ рафтани як қисмати роҳ оварда расонд.

Ин масъули ширкати IRS афзуд, дар пайи фурӯ рафтани барои ду соат роҳ баста шуд ва онҳо то дамидани субҳ барои ронандагон аз қабати куҳ роҳи муваққатӣ кушоданд.

“Айни замон корҳо оиди барқарории қисмати дуюми роҳ идома доранд. Ширкат тавони пурраи бартараф кардани ҳодисаро дорад. Дар муҳлатҳои наздиктарин қисмати харобшудаи роҳ мумфарш карда мешавад,”- илова кард Одилбой Одилов.

Ин масъули ширкати IRS гуфт, ҳаҷми хисороти роҳ маълум нест ва зарар ҳисоб карда мешавад.

Минтақаи фурӯрафтаи роҳ, аз ҷумлаи хатарноктарин қитъаи шоҳроҳи Душанбе Чаноқ аст ва дар он эҳтимоли ҳар лаҳза рехтани куҳпора вуҷуд доштааст.

Аз ин роҳи 368 километрӣ, ки ширкатҳои чинӣ соли 2010 ба истифода доданд, рӯзона ҳазорон нафар мегузаранд ва ҳазорон тонна бор низ аз марказ ба шимол ва аз шимол ба марказ меравад.

Қатъи ҳаракат дар он аксаран ба иқтисоди осебпазири Тоҷикистон таъсири манфӣ мегузорад. Аз соли 2010 нигоҳбини роҳ ба уҳдаи ширкати ширкати Innovative Road Solutions вогузор шуда, ширкат барои ин кор аз ронандаҳо маблағ мегирад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG