Пайвандҳои дастрасӣ

IRS: Беш аз ҳазор тарма шоҳроҳи Душанбе-Чаноқро хароб кард


Дар фасли зимистону баҳори соли ҷорӣ танҳо дар қисмати аз километри 48 то километри 73 роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ беш аз 1000 тарма бо ҳаҷмии умумии 300 000 метри муррабаъ барф фаромадааст, ки боиси хароб шудани ин қитъаи шоҳроҳ шудааст. Далери Абдулло, сухангӯи ширкати IRS – масъули нигоҳубини ин роҳ 4 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ширкат танҳо барои бозсозии як пул дар ин масир, беш аз 2 миллион сомонӣ, масраф кардааст.

Вай афзуд, ки “сабаби дигари вайроншавии ин роҳи мошингард ба бемасъулиятии ронандаҳои мошинҳои боркаш вобаста аст, ки аз меъёр зиёд бор мегиранд, ки дар ниҳоят ба тахриби қабати мумфарши роҳ сабаб мешавад”.Ба гуфтаи Далери Абдулло, ба ин далел, феълан дар километрҳои 54,78,155,194 ва 230-юм бозсозии роҳи мошингард идома дорад ва ӯ аз ронандаҳо дархост, ки зимни ҳаракат дар ин масир, ба нишонаҳо риоя карда, ба кори роҳсозон монеа эҷод накунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG