Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи Душанбе-Чаноқ боз шуд. ВИДЕО


Ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе-Чаноқ баъди нисфирӯзии 27 ноябр аз сар гирифта шуд. Дар пайи боришоти зиёди барф ва тамбашавии нақлиёт аз шоми 26 ноябр ҳаракат барои воситаҳои нақлиёт бахусус мошинҳои гаронҳаҷм дар роҳи мазкур мушкил шуд ва мақомоти ширкати масъули ин роҳ муваққатан ҳарақат дар роҳро масдуд кард.

Ширкати IRS, масъули нигоҳубини роҳи Душанбе-Чаноқ, бахше аз шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд дар ин кор худи ронандагонро муқассир

Ба хотири таъмини амният ва бехатариии шаҳрвандон, бо фармони раиси Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ аз ҳисоби наҷотдиҳандагон дар ду тарафи нақби “Истиқлол” дидбонгоҳҳои шабонарӯзӣ таъсис додем

медонад, ки бо баромадан ба самти муқобил ва риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ, дар роҳ тамбашавиро ба миён оварданд. Аммо ронандагон худи ширкатро гунаҳкор медонанд, ки саривақт роҳро тоза накардааст. Ягона роҳ ба шимоли Тоҷикистон дар ҳоле муваққатан баста шуд, ки 26 ноябр дар Тоҷикистон барфи аввали соли ҷорӣ борида мавсими зимистон ҳам амалан фаро расид.

“Ҳар сол ин мушкил аст, одат кардем”

Абдуҳалим Ҳошимов, ронандаи нақлиёти бузургҳаҷм аст. Мегӯяд, таҷрибаи 40-солаи ронандагӣ дорад ва аз ин миқдори зиёдаш дар роҳи Душанбе-Чаноқ сипарӣ шудааст. Абдуҳалим мегӯяд, дар роҳ дармондан дар фасли зимистон барояш чизи нав нест ва чунин мушкилот, ба қавли худаш “бардавом аст.”

Роҳи Душанбе-Чаноқ боз шуд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:55 0:00

Абдуҳалим Ҳошимов, ки дар минтақаи “Ҳушёрӣ”-и ноҳияи Варзоб дар интизори боз шудани роҳ буд, гуфт, “дар вақташ инҳо (ширкати IRS) намаки роҳро напошиданд, барои ҳамин тамбашавӣ ба миён омад. Аз шаби гузашта то ҳол аҳвол ҳамин аст. Ҳамасола ин гуна мушкил вуҷуд дорад. Мо одат кардаем”.

Ронандаи дигари мошини боркаш, ки аз самти Хуҷанд ҳаракат мекард, ба сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ ҳамроҳ шуда гуфт, дар тарафи муқобили нақби “Истиқлол” давоми ду рӯз дармонд. Рӯзи 27 ноябр, замоне, ки хабарнигорони Радиои Озодӣ аз Душанбе то наздики нақби “Истиқлол” рафтанд, мушоҳида шуд, ки мошинҳои гаронвазн дар чанд минтақаи роҳ дармондааст.

“IRS ронандагонро муқассир медонад”

Далери Абдулло, сухангӯи ширкати IRS дар шарҳи мушкил дар роҳи Душанбе-Чаноқ ба Радиои Озодӣ гуфт, баъди як муддат тамбашавии нақлиёт роҳ баъди нисфирӯзии 27 ноябр дубора боз шудааст. Ба қавли ин масъули ширкати IRS, ҳамакнун барои ҳаракати ҳамагуна нақлиёт дар роҳи мазкур ягон мушкил вуҷуд надорад. Танҳо аз воситаҳои нақлиёти бузургҳаҷм тақозо мешавад, ки роҳи барфпӯшро бидуни занҷир убур накунанд.

Далери Абдулло гуфт: “Масъулин аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки бо вуҷуди ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ, як идда ронандагон бе омодагӣ (манзур набудани занҷир, аз ҷиҳати техникӣ комил набудани воситаи нақлиёт ва ғайра аст) ба роҳ мебароянд. Дар натиҷа, чунин ронандагон дар роҳ ба мушкил мувоҷеҳ гардида, барои ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт монеа эҷод менамоянд,” - таъкид кард сухангӯи ширкати IRS.

“Ронандагон хилофи гуфтаи мо амал мекунанд”

Дар ҳамин ҳол Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон мегӯяд, барои наҷоти ронандагону мусофирон дар ду тарафи нақби “Истиқлол” дидбонгоҳҳо ташкил кардааст.

Умеда Юсупова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ рӯзи 27 ноябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, чор рӯз қабл онҳоро ба ронандагон ҳушдор доданд, ки вазъи боду ҳаво тағйир меёбад.

Аммо хонум Юсупова аз он изҳори таассуф мекунанд, ки ронандагон хилофи гуфтаи онҳо амал карда, бидуни риояи қоидаҳои бехатарӣ ба сафар мебароянд.

Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ афзуд, "барои он ки амният ва бехатариии шаҳрвандонро таъмин кунем, бо фармони раис аз ҳисоби наҷотдиҳандагони Кумита дар ду тарафи нақби “Истиқлол” дидбонгоҳҳои шабонарӯзӣ таъсис додем. Инчунин тамоми зерсохторҳои Кумита ба реҷаи пурзӯр гузаштанд”.

Бо вуҷуди онки ин роҳ ягона роҳи пулакӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аз рӯи стандартҳои ҷаҳонӣ бояд 24 соат равуо дар он боз бошад, вале ҳамасола бо оғози фасли зимистон ронанадагон дар ин роҳ ба мушкил мепечанд.

Масъулини ширкати IRS фаромадани тармаи зиёдро омили аслӣ дар эҷод шудани мушкил дар роҳи мазкур медонанд. Аз ҷумла ба гуфтаи онҳо, дар фасли зимистону баҳори соли ҷорӣ танҳо дар қисмати аз километри 48 то 73-юми роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ беш аз 1000 тарма бо ҳаҷми умумии 300 ҳазор метри муррабаъ фаромадааст, ки боиси хароб шудани ин қитъаи шоҳроҳ шудааст.

Роҳи Душанбе-Чаноқ аз шоҳрагҳои нақлиётии Тоҷикистон ба шумор меравад, чун пойтахти кишварро бо шимоли он мепайвандад. Танҳо дар моҳҳои январ-феврали соли равон дар натиҷаи фаромадани тарма ва банд шудани мусофирон дастикам 15 нафар ҷони худро аз даст дод.

XS
SM
MD
LG