Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

IRS.Тағйири қиматҳо баъди бардоштани "Майхура"


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ширкати Инноватив Роуд Солюшнз (IRS), масъули ҷамъоварии пул дар роҳи Душанбе – Чаноқ, нархномаи нави убуру мурур дар ин масирро тасдиқ кардааст, ки тибқи он қимати роҳ дар баъзе аз қисматҳо гарон шудаанд.

Моликони аслии ин ширкат то ба ҳол барои ҷомеаи Тоҷикистон рӯшан нест. Дар Тоҷикистон танҳо филиали он амал ва шароити кори ширкатро созишномаи 7 сол пеш имзошуда танзим мекунад.

Ин ширкат дар моҳи июни соли равон эълон дошта буд, ки яке аз 7 плазаҳои толлингӣ ё истгоҳои пулчиниашро дар мавзеи Майхураи ноҳияи Варзоб барҳам медиҳад. Ҳоло истгоҳи пулчинӣ дар Майхура барҳам хӯрдааст, аммо мақомоти IRS мегӯянд, «тарофаҳои истгоҳи «Майхура» ба нархномаи истгоҳи нави «Ҳушёрӣ» зам шуда, якҷо пардохт карда мешавад».

Бар иловаи ин, нархномаи равуои мошинҳои калони боркашон вобаста ба қитъаҳо аз 20 дирам то ба 9 сомониву 80 дирам боло бурда шуд.

Ширкати IRS дар шарҳи гароншавии нархи роҳ, ки нусхаи он рӯзи 16-уми декабр ба дасти Радиои Озодӣ расид, гуфтааст, қаблан бисёре аз тарофаҳо дирамҳои изофагӣ доштанд ва ҳангоми пардохти ҳаққи роҳ мушкил эҷод мекарданд. Ҳоло ширкат ин нархномаҳоро яклухт кардааст, то ба қавли масъулонаш, “пардохти ҳаққи роҳ барои мусофирон осонтар шавад”.

Барои мисол, ширкат нархи убури истгоҳи “Шаҳристон”-ро, ки барои мошини боркашон 216 сомониву 20 дирам буд ба 217 сомонии расо боло бурдааст, то ронандагон дар пардохти ҳаққи роҳ мушкил накашанд ва хазинадорон ҳам барои бозпас додани бақия вақт сарф накунанд.

Шоҳроҳи Душанбе–Бӯстон-Чаноқ 410 километр тӯл дошта, аз Душанбе оғоз мешавад ва дар марзи миёни Тоҷикистон ва Узбакистон дар минтақаи сарҳадии мавсум ба Чаноқ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд, хотима меёбад. Ин роҳ бо 281 миллион доллар қарзи Чин аз сӯи ширкати чинии “Корпоратсияи сохтмони роҳу купрӯкҳои Чин” ва ё «China road» бунёд шудааст.

Тоҷикистон ин маблағро бо 2 фоиз баҳраи солона барои 20 сол аз Чин қарз гирифта ва дар ин муддат онро бояд пурра баргардонад. Аммо баҳори соли 2010 убуру мурур аз роҳи Душанбе-Бӯстон-Чаноқ пас аз баррасиҳо дар порлумони кишвар ва қабули як қонун, пулакӣ эълон шуд.

Масъулияти ҷамъоварии роҳпулӣ ба ширкати офшории IRS (Innovative Road Solutions) вогузор шуд, ки соли 2009 дар минтақаи оффшории Вирҷинияи Бритониё сабти ном шудааст. Моликони аслии ин ширкат то ба ҳол барои ҷомеаи Тоҷикистон рӯшан нест. Дар Тоҷикистон танҳо филиали он амал ва шароити кори ширкатро созишномаи 7 сол пеш имзошуда танзим мекунад.

XS
SM
MD
LG