Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ низоми нави толлингӣ ҷорӣ шуд


Рӯзи 31-уми июли соли 2017 филиали ширкати IRS дар Тоҷикистон дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ низоми навсозишудаи толлингиро ҷорӣ намуд. Дар назар аст, плазаҳои нав 2 марҳила мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар навбати аввал плазаҳои толлингии Варзоб ва Ҳушёрӣ фаъол шаванд. Сипас, плазаҳои толингии Шаҳристон, Истаравшан, Деҳмой ва Чорух дар вилояти Суғд ба кор шурӯъ хоҳанд кард.

Зимнан, аз соли 2010 нигоҳдории шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок ба зиммаи филиали ширкати IRS вогузор шудааст. Ба гуфтаи масъулони ин ширкат, ҷанбаҳои мусбати плазаҳои нав хеле зиёданд ва барои мисол, пардохти ғайринақдӣ густариш ёфта, истифодаи кортҳои пардохтии намунаи нав хеле роҳат сурат мегирад. Яъне, ронанда метавонад василаи нави пардохтиро ба шишаи пеши автомобил насб намуда, бидуни таваққуф плазаро убур намояд.

Мақомоти ин ширкат мегӯянд, ки дар ин фосила таҷҳизоти замонавие, ки дар плазаҳои нав насб мешаванд, автомобилро ба қайд гирифта, аз корти пардохтии мутааллиқ ба соҳиби он маблағи пешбинишударо мегиранд. Навгонии дигари қобили мулоҳиза хизматрасонии “Клиент – Сервис” мебошад. Хизматрасонии мазкур имкон фароҳам меорад, ки ҳар фард суратҳисоби инфиродӣ кушода, аз имкониятҳои густурда ва убури бароҳат тариқи плазаҳои толлингӣ баҳравар гардад.

XS
SM
MD
LG