Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ як "Фура" ба ҷарӣ сарозер шуд. АКС


Бар асари садамаи мошини боркаши тамғаи "Фура" дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ, як нафар ба ҳалокат расида ва як тани дигар бо ҷароҳатҳо ба бемористон интиқол ёфтааст. Ба иттилои дафтари матбуоти ширкати IRS, ҳодиса субҳи ҷумъаи 20-уми июл дар километри 66-уми ин шоҳроҳ, рух додааст. IRS сабаби ҳодисаро "хоб бурдани ронанда" гуфтааст, ки дар натиҷа мошин ба ҷарӣ сарозер шуда ва оташ гирифтааст. Манбаъ мегӯяд, ин мошин, ки ҳомили арматур будааст, комилан сӯхтааст.

Ин ҳодиса дар ҳоле рух дод, ки ҳудуди як ҳафта қабл бинобар садамаи як мошини вижаи интиқоли газ, ин шоҳроҳ барои беш аз як соат баста монда буд. Субҳи 13-уми июл як мошини ҳомили газ ба як бино дар километри 72-юми ин масир бархӯрд ва ронандаи ин мошин дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид. Тибқи фарзияҳо, ронандаи ин мошинро низ хоб бурда буд ва ин ҳолат, боиси садама шуд.

XS
SM
MD
LG