Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурбониёни тарма дар Бадахшонро ба хок супурданд


Ақризобек Уталбеков, сокини ноҳияи Ишкошим, ҳар сол ҳамроҳи писар ва ҳамкоронаш роҳро аз барф тоза карда, равуои мошин ва мардумро осон менамуд. Ӯ рӯзи 17-уми январ ният дошт, ки барфи беш аз якметриро аз роҳҳои ноҳия тоза кунад, вале ҳамроҳи писараш Мафтулбек дар зери тарма монда, ҷон бохтанд.

Аввал ҷасади Мафтулбек ва баъди як рӯз ҷасади падарашро аз зери барф берун оварда, рӯзи ҷумъа дафн карданд. Ҳодиса дар масири Хоруғ-Ишкошим ва наздикии деҳаи Баржир рух дод.

Дар ноҳияи Мурғоб зарур омад, ки таътил эълон шавад. Ҳаво 43 дараҷа сард аст. Дар Ишкошим ҳоло дақиқ нест, ки чӣ қадар барф задааст.

Ақризобек Уталбекови 64-сола масъули идораи роҳи ноҳияи Ишкошим буд. Фавти ӯ ва писараш дар зери тарма ва ҳангоми иҷрои кор, сокинони бе ин ҳам аз барфрезӣ ва тармафроии зиёд нигаронро мотамзада кард.

Ба гуфтаи ҳамкорон, ӯ ҳудуди 40 сол дар ин минтақаи куҳистонӣ барои тоза ва аз муҳосираи тармаву барф озод кардани роҳҳо талош мекард. Қирғизбек Қирғизбеков, як корманди идораи нигаҳдории роҳҳо дар Ишкошим рӯзи 18-уми январ гуфт, Ақризобек пас аз хатми Донишгоҳи техникӣ ба идораи нигаҳдории роҳи ноҳия ба кор омад ва то лаҳзаи охири умр "бо масъулияти зиёд кор мекард".

"Ақризобек Уталбеков нигоҳубини 120 километр роҳи Хоруғ-Ишкошимро ба уҳда дошт. Мо дар зери дасти ӯ кор мекардем. Дилсӯз буд. Тамоми умри худ барои халқ хидмат кард”, - гуфт ӯ.

"Писарон аз Русия баргаштанд"

Ақризобек Уталбеков падари 8 фарзанд аст. Се писараш, ки дар муҳоҷират буданд, пас аз огоҳ шудан аз фавти падару бародар аз Русия баргашта ва ҳоло дар роҳ ба Ишкошим ҳастанд.

Нисор, як сокини ноҳияи Ишкошим, гуфт, Уталбеков новобаста ба барфрезиҳои шадид ва хатарзо будани роҳҳо пайваста дар чунин шабу рӯз барои ифои вазифаи хеш омода буд.

Нигаҳдории роҳ дар минтақаҳои кӯҳистонӣ, ки дар фасли сармо хатари резиши тарма зиёд аст, аз корҳои пурхатар дониста мешавад. Сокинони ноҳия мегӯянд, соли гузашта ҳам як корманди идораи роҳ дар ин ноҳия ба чанги тарма афтода, фавтида буд.

Падару писар ду корманди нигаҳдории роҳ дар Ишкошимро дар шабу рӯзе ба хок супориданд, ки мардум дар ин минтақа бештар аз ҳама ба кори онҳо ниёз доштанд. Ба иттилои сокинон, ҳоло баландии барф ба якуним метр баробар шудааст ва ба далели баставу хатарнок будани роҳҳо ба кору дарс рафтани сокинон ҳам қариб номумкин шудааст.

"Дар мактабҳои Мурғоб таътил эълон шуд"

Сокинон мегӯянд, барфрезӣ ҳоло идома дорад. Расман дар ин ноҳия ҳоло дар мактабҳо “карантин” ё таътил эълон нашудааст ва кӯдакону омӯзгорон маҷбуранд бо тай кардани 3 километр роҳи хатарнок ба дарсу кор раванд. Аммо дар баъзе аз деҳаҳо тайи ду рӯзи ахир мактаб фаъолият надорад.

Ғолиб Ниятбеков, сухангӯи ҳукумати Бадахшон рӯзи 18-уми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар Мурғоб вобаста ба вазъи пешомада аз рӯзи 21-уми январ таътил эълон шуд. “Аммо дар Ишкошим ва дигар ноҳияҳо ҳоло барои ин зарурат пеш наомадааст”, - афзуд ӯ.

Ин масъули ҳукумати ноҳияи Бадахшон мегӯянд, дар сурати пеш омадани зарурат дар ин ноҳия ҳам таътил эълон мешавад. Ӯ мегӯяд ба далели баста будани роҳи Хоруғ -Ишкошим онҳо дар бораи вазъи ноҳия маълумоти дақиқ надоранд. “Дар Мурғоб зарур омад, таътил эълон шавад. Ҳаво 43 дараҷа сард аст. Дар Ишкошим ҳоло дақиқ нест, ки чӣ қадар барф задааст. Телефонҳо ҷавоб намедиҳанд”, - гуфт ӯ.

"Бедодгариҳои" тарма дар минтақаҳои Тоҷикистон

Барфрезии шадид ва тармафароиҳои чаҳор рӯзи ахир дар Тоҷикистон дастикам ҷони 5 нафарро рабудааст. Ду нафари дигар ҳанӯз бедараканд. Бино ба иттилои мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, шоми 17-уми январ дар пайи резиши тарма дар ҷамоати Ҳафтрӯди Панҷакент як сокини маҳаллӣ фавтидааст. Ҷустуҷӯи ҷасади ин сокин ҳанӯз идома дорад.

Дар ҳамин шом раёсати кумита дар Бадахшон аз пайдо шудани ҷасади як сокини Рӯшон дар мавзеи Бартанг хабар дод. Ӯ ҳамроҳ бо як сокини дигари ноҳия, зимни фаромадани тарма дар роҳи самти Рӯшон ва Бартанг нопадид шуда буд.

Умеда Юсуфова
Умеда Юсуфова

Умеда Юсуфова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон рӯзи 18-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “вазъ дар Бадахшон мушкил аст. Барф беист меборад ва беист тарма мефарояд. Корҳои тозакунӣ ва ҷустуҷӯ осон нест. Тамоми восита ва қувваҳое, ки дар вилоят ҳаст, ба ин самт сафарбар шудааст.”

Кумита дар як баёнияи расмӣ гуфт, бориши барфу борон дар минтақаҳои мухталифи кишвар ҳамоно идома дорад ва хатари тармафароӣ ва сангрезӣ дар роҳҳои куҳӣ боқӣ мемонад. Мақомот аз он нигаронӣ кардаанд, ки бо вуҷуди ҳушдорҳои батакрор, "баъзе сокинон ҳамоно барои ҷамъоварии ҳезум ё, шикор ба кӯҳ рафта, ҷони худро дар хатар мегузоранд".

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available
Идома
XS
SM
MD
LG