Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намояндаи шоҳ: "Кумаки Саудӣ ба Тоҷикистон ангезаи сиёсӣ ва мазҳабӣ надорад" САДО


Имзои созиши нав миёни Тоҷикистону Арабистони Саудӣ. Рӯзи 27-уми декабри соли 2018
Имзои созиши нав миёни Тоҷикистону Арабистони Саудӣ. Рӯзи 27-уми декабри соли 2018

Намояндаи Маркази Шоҳ Салмон аз Арабистони Саудӣ гуфт, ки кумакҳои ин кишвар ба Тоҷикистон аз ангезаҳои сиёсӣ ва мазҳабӣ орӣ аст ва "сирф хусусияти башарӣ дорад".

  • Намояндаи Арабистони Саудӣ ин ҳарфҳоро рӯзи 27-уми декабр ҳангоми имзои созиш дар бораи кумакҳои нав ба наҷотдиҳандагони тоҷик дар Душанбе ба забон овард. Ин кумакҳо аз булдозеру экскаватор, автотрейлери пурқудрат, мошини навъи "Пикап" иборат буд, арзиши умумиаш 500 ҳазор доллар арзёбӣ мешавад.
Дар километри 47-ум тарма роҳро баста буд. Баландии тарма беш аз 30 метр буд. Ҳамроҳи раҳбари созмон болои тарма баромадем ва худаш бо вазъи ногувор ошно шуд. Ба ман гуфт, ки чӣ кумак мехоҳед?

"Дастури шоҳ ва валиаҳд аст"

Аҳмад Ал-Баис, намояндаи Маркази Шоҳ Салмон, дар маросими тақдими кумакҳо гуфт, ки маркази онҳо бо кишварҳои, ба қавли ӯ, дӯсте чун Тоҷикистон, "ҳамкории беғараз" ба роҳ мондааст. Ӯ гуфт, "марказ ба тамоми кишварҳои дӯсту бародар, ки дар ҷаҳон ҳастанд, ёрӣ мекунад. Бояд бигӯям, ки ҳеҷ ангезаи сиёсӣ надорад, мустақил аст, дар байни ҳеҷ дин ва давлату шаҳрванд фарқ намегузорад ва бетараф аст”.

Ба таъкиди Ал-Баис, Маркази Шоҳ Салмон ба унвони як муассисаи хайрия соли 2015 таъсис шуда, ба 44 кишвари ҷаҳон 84 миллиард доллар ёрии бебозгашт ироа мекунад.

Сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон
Сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон

Сафири Арабистони Саудӣ дар Душанбе Муҳаммад Абдулазиз Ал-Бодӣ низ изҳор дошт, ки ёрии кишвараш танҳо бо дарназардошти ниёзи сокинони кишварҳои мухталиф ироа шуда, ҳадафҳои башардӯстонаро дунбол мекунад. "Кумакҳо бо дастури подшоҳи Арабистони Саудӣ ва валиаҳд сурат мегирад. Кумакҳо ба Тоҷикистон беғаразона тақдим мешавад", - афзуд ӯ.

"Раиси марказ тармафароиро бо чашми худ дид"

Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, мегӯяд, ин кумакҳо пас аз тармафароии соли 2016-ум сурат мегирад, ки 28 кушта бар ҷо гузошт ва раҳбари Маркази Шоҳ Салмон бахше аз он вазъиятро бо чашми худ дидааст. Назарзода гуфт, он шабу рӯз раҳбари Маркази Шоҳ Салмон дар Душанбе буд ва онҳо якҷо ба дараи Варзоб рафтаанд.

Ӯ гуфт, "дар километри 47-ум тарма роҳро баста буд. Баландии тарма беш аз 30 метр буд. Ҳамроҳи раҳбари созмон болои тарма баромадем ва худаш бо вазъи ногувор ошно шуд. Ба ман гуфт, ки чӣ кумак мехоҳед. Ман барояш чанд мушкилро гуфтам ва аз он замон ҳамкории мо оғоз ёфт."

Рустам Назарзода
Рустам Назарзода

Назарзода афзуд, ба шарикони араби худ пешниҳод кардааст, ки нахуст барои наҷотдиҳандагони тоҷик як маркази омӯзишӣ ва тамринӣ созанд. "Соли 2017 чунин марказ бо арзиши 1 миллион доллар сохта ва ба истифода дода шуд", - гуфт ӯ.

Саудӣ маркази омодасозии ғаввосон месозад

Дар идомаи суҳбат Рустам Назарзода гуфт, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳамчунин аз Маркази шоҳ Салмон дархости сармоягузории чаҳор тарҳи дигареро кардааст. Аз ҷумла, ин кумита мехоҳад бо сармоягузории Арабистони Саудӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва Бадахшон маркази наҷотдиҳӣ бо таҷҳизоти зарурӣ таъсис диҳад. Ҳамчунин бо ҷониби Арабистони Саудӣ музокирот барои таъсиси нахустин маркази омодасозии ғаввосон дар Осиёи Марказӣ ҷараён дорад.

Ним миллион доллар кумаки Саудӣ ба наҷотдиҳандаҳои тоҷик
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:04 0:00
Линки мустақим

Ба гуфтаи раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, аз аввали имсол ҳудуди 140 сокини Тоҷикистон дар рӯдхонаҳову обанборҳо ғарқ шудаанд ва барои таъсиси чунин марказ ниёз ҳаст.

Тоҷикистону Арабистони Саудӣ соли 1992 равобити дипломатӣ барқарор карданд, вале марҳилаи нисбатан фаъоли ҳамкориҳои сиёсиву иҷтимоии ду кишвар бештар дар солҳои охир мушоҳида мешавад.

Аз Эрон дуртар, бо Саудӣ наздиктар

Мақомоти Арабистони Саудӣ мегӯянд, Тоҷикистон баъди Ямани ҷангзада дувумин кишвари бузурги кумакгиранда аз Маркази имдодии Шоҳи Саудӣ мебошад. Дар се соли охир Маркази имдоди Шоҳи Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон бо арзиши тақрибан 9 миллиону 500 ҳазор доллар барнома иҷро карда ва ё кумаки башарӣ тақсим кардааст.

Таҳлилгарон мегӯянд, ки кумакҳои башарӣ ва молии Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон соли 2015 ва баъди сард шудани муносибатҳои Тоҷикистон бо яке аз шарикони дерина ва наздикаш Эрон зиёдтар шуд.

Дар се соли охир Тоҷикистон фаъолияти тақрибан ҳамаи намояндагиҳои тиҷоративу фарҳангии Эронро масдуд карда ва бо рақиби аслии Эрон дар Халиҷи Форс – Арабистони Саудӣ ҳамкориҳои наздик барпо кард.

Арабистони Саудӣ як муттафиқи калидии Амрико дар Ховари Миёна ба шумор меравад.

XS
SM
MD
LG