Пайвандҳои дастрасӣ

Саудӣ дар шимоли Тоҷикистон 8 мактаб месозад. САДО


Акс аз бойгонӣ

Арабистони Саудӣ дар минтақаи шимоли Тоҷикистон 8 мактаби миёна хоҳад сохт. Осим Каримзода – мудири маорифи вилояти Суғд – рӯзи 24-уми июл дар як нишасти матбуотӣ дар ин бора хабар дод, аммо пули сохтмони мактабҳоро ба забон наовард.

Дар гузашта Арабистони Саудӣ барномаи таҷдиди Кохи фарҳанги шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум)-ро сармоягузорӣ карда буд.

Ахиран равобити миёни Тоҷикистону Арабистони Саудӣ густариш ёфта, миллионҳо доллар кумаки билоиваз ва қарзҳои боимтиёзи Риёз ба Душанбе ихтисос шудааст. Қаблан гуфта мешуд, Саудӣ беш аз 200 миллион доллар пули бинои нави порлумон дар маркази Душанберо ҳам пардохт мекунад. Аммо ҳафтаи гузашта раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон гуфт, иҷрои ин тарҳ ба ӯҳдаи Чин гузаштааст.

Осим Каримзода, мудири маорифи вилояти Суғд гуфт, тарҳи сохтмони мактабҳо аз тарафи Арабистони Саудӣ бо ҳукумат мувофиқа шудааст ва бунёди онҳо аз соли оянда шуруъ хоҳад шуд. Ӯ гуфт, аз ҷумла Саудӣ дар деҳаи Анзоби ноҳияи Айнӣ як мактаб - интернат, дар мавзеи Яғноб мактаби замонавӣ, дар деҳаи Ҳазорчашмаи ноҳияи Деваштич барои 640 талаба мактаб, дар деҳаи Хишекати ноҳияи Деваштич 8 синфхона ва дар ҷамоати Зарҳалоли шаҳри Истаравшан барои 240 хонанда мактаб месозад.

Осим Каримзода
Осим Каримзода

Каримзода дар идома гуфт, ҳукумат ва вазорати маориф ва илми Тоҷикистон барои ҷалби сармоя аз Бонки рушди исломӣ низ барои бунёди даҳҳо мактаб, аз ҷумла ҳудуди 50 муассисаи таълимӣ дар шимоли кишвар кор мебаранд. Ӯ гуфт, номгӯи мактабу кӯдакистонҳои бунёдшаванда бо сармояи Бонки рушди исломӣ дар шаҳру навоҳии Суғд ба вазорати маориф пешниҳод шудаанд.

Қабл аз ин Арабистони Саудӣ барномаи таҷдиди Кохи фарҳанги шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум)-ро сармоягузорӣ карда буд.

Бино ба маълумоти раёсати маорифи Суғд, дар ҳоли ҳозир дар вилояти Суғд 924 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъол буда, дар онҳо ҳудуди 500 ҳазор хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст.

Мақомоти Суғд дар ҳоле сармоягузории Саудӣ барои сохтмони мактабҳоро дар ин минтақа таъйид карданд, ки қаблан Риёз эҳтимоли бунёди донишгоҳи исломӣ дар Душанбе ва як мадраса дар Бадахшонро рад карда буд.

Осим Каримзода, роҳбари раёсати маорифи вилояти Суғд гуфт, ҳар сол бо сармояи ҳукумати Тоҷикистон ва соҳибкорон 8 - 10 мактаб бунёд мегардад, вале сол то сол афзудани шумораи хонандагони мактабҳо зарурати бунёди муассисаҳои нави таълимиро пеш меорад. Бар пояи омори расмӣ, соли таҳсили 2015 - 2016 беш аз 17 ҳазор кӯдакон зиёдтар ба мактаб рафтаанд. Имсол дар муқоиса ба соли гузашта 18 ҳазор нафар зиёдтар барои таҳсил дар синфи якум номнавис шудаанд.

Мақомоти вилояти Суғд дар ҳоле сармоягузории Саудӣ барои сохтмони мактабҳоро дар ин минтақа расман таъйид карданд, ки қаблан Риёз эҳтимоли бунёди донишгоҳи исломӣ дар Душанбе ва як мадраса дар вилояти Бадахшонро рад карда буд.

Тоҷикистон тайи тақрибан ду соли ахир муносибатҳояшро бо Арабистони Саудӣ густариш дода, барои тақвияти ҳамкорӣ бо Риёз талош дорад. Охири ҳафтаи гузашта президент Эмомалӣ Раҳмон низ дар як гуфтугӯи телефонӣ бо подшоҳи Арабистони Саудӣ Малик Салмон бин Абдулазиз Оли Сауд аз ӯ хост, ки бо як сафари расмӣ ба Тоҷикистон биояд.

Бо таваҷҷуҳ ба ин, бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, ки зоҳиран Тоҷикистон дар пайи сард шудани равобити сиёсиаш бо Эрон, талош дорад, бо бозигари дигари муҳими Ховари Миёна робитаи зичтаре барпо кунад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG