Пайвандҳои дастрасӣ

Маросими ифтитоҳи бинои нави сафорати Эрон дар Тоҷикистон шоми чоршанбе, 8 ноябр дар Душанбе бо иштироки Муҳаммадҷавод Зариф ва Сироҷиддин Аслов, вазирони корҳои хориҷии Эрон ва Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин маросим инчунин намояндагони ниҳодҳои давлатӣ ва фарҳангиёну зиёиёни тоҷик ҳам иштирок карданд.

Ин маросим дар пайи дидору гуфтугӯҳои вазири хориҷаи Эрон Муҳаммадҷавод Зариф бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, ки ба қавли расонаҳои эронӣ, ду соат ва пушти дарҳои баста идома кард. Мақомот гуфтанд, ки дар ин дидор сӯҳбат аз ҳамкориҳои дуҷонибаву раванди иҷрои созишҳои дар гузашта ҳосилшуда рафт, вале ҷузъиёти дигари марбут ба равобити ду кишвар, бахусус дар масоили мавриди баррасӣ дар расонаҳо дар ин ду соли охир нашр намешавад.

Ифтитоҳи бинои нави сафорат

Ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ дар ҳукумати Тоҷикистон, ки дар маросими муаррифии бинои нави сафорати Эрон иштирок карданд, куллан руҳияи мақомоти баландпояи эрониву тоҷикистонӣ хуб буд. Дар канори Муҳаммадҷаводи Зариф - Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳам дар ин маросим иштирок кард.

Вазири корҳои хориҷии Эрон дар суханронии мухтасари худ натиҷаи

Тоҷикистону Эрон солҳои ахир марҳилаи мушкили ҳамкориро паси сар мекунанд. Ин вазъият дар пайи даъвои молӣ бар сари пулҳои гӯё гумшудаи Бобаки Занҷонӣ ва даъвати раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи ҲНИТ ба конфронси Теҳрон, ба вуҷуд омадааст.

дидораш бо мақомоти тоҷик, аз ҷумла раиси ҷумҳури Тоҷикистонро муфид хонда ва дар маросими ифтитоҳи бинои нави сафорати Эрон дар Душанбе таъкид кардааст, ки “инҷо хонаи мост ва ҳар чи бештар густариш ёфтани равобиту ҳамкорӣ ва муносиботи дӯстона ба нафъи ҳар як кишвар ва миллат аст. Ин ҳадаф дар авлавият қарор дорад”.

Ба навбаи худ Сироҷиддин Аслов аз ифтитоҳи бинои нави сафорати Эрон дар Душанбе изҳори қаноатмандӣ карда ва онро барои беҳтару бештар шудани равобити ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг муҳим арзёбӣ кардааст. Як ширкатдори маросими муаррифии сохтмони нави сафоратхонаи Эрон дар Душанбе рӯзи 9 ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҷаноби Аслов “ба эҳтироми ҳамдигарӣ ва парҳез аз ҳар гуна зуҳуроти номатлуб” таъкид карда гуфтааст, ки ин арзишшҳо “бояд аз корбурди аслии муносиботи Тоҷикистон ва Эрон бошад”.

Ба иттилои манбаи Радиои Озодӣ, субҳи 9 ноябр Муҳаммадҷаводи Зариф, сафараш ба Тоҷикистонро анҷом дода ба қасди Самарқанд Душанберо тарк мекунад. Дар Самарқанд рӯзи 10 ноябр қарор аст нишасти 13-уми вазирони умури хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо ва Осиёи Марказӣ ҷараён гирад.

Мулоқот бо президенти Тоҷикистон

Вазири умури хориҷии Эрон баландпоятарин мақоми эронӣ аст, ки тайи ду соли ахири сардии равобит миёни Душанбе ва Теҳрон, аз Тоҷикистон дидан кард. Дар танҳо хабари расмие, ки шоми 8 ноябр дар вебсайти президент нашр шуд, гуфта шудааст, ки "ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои муҳим, аз ҷумла татбиқи тавофуқоти қаблан ба даст омада, рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва саноатро мавриди баррасӣ қарор доданд."

Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо вазири умури хориҷии Эрон, масоили амнияти минтақавӣ, мубориза алайҳи терроризм ва тундгароӣ ва ҳамкорӣ дар чаҳорчӯбаи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, низ баҳс шудааст. Дар ин мулоқот гуфта шудааст, ки рӯзҳои наздик дар Душанбе Ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ, баргузор мешавад.

Зимнан, рӯзи 9 ноябр сухангӯи вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон Ҷамшед Саъдуллоев ба Радиои Озодӣ гуфт, ки қарор аст ҳайати эронии узви Комиссиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистону Эрон рӯзи 12 ноябр вориди Душанбе шаванд ва ҷаласаи аввалини ин комиссиюн баъди барқарории робитаҳо дар бинои ин вазоратхона баргузор шавад. Ин ҳайат инчунин бо намояндагони мақомот ва сохторҳои дигари Тоҷикистон дидору гуфтугӯ мекунанд.

Сайфулло Сафаров: Мафҳуми “сардии равобит миёни Тоҷикистон ва Эрон” аз байн рафт

Муовини аввали Маркази таҳқиқиоти стратегии назди президенти Тоҷикистон ар ин назар аст, ки бо сафари вазири эронӣ ба Тоҷикистон мафҳуми “сардии равобит миёни Тоҷикистон ва Эрон” аз байн меравад.

Сайфулло Сафаров, рӯзи 9 ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аҳамияти сафари Муҳаммадҷавод Зариф ба Душанбе дар дидору гуфтугӯи ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур буд. Ҷанои Сафаров мегӯяд, дар муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳо “пастиву баландиҳо, назири ба ҳам наомадани манфиатҳо” вуҷуд хоҳад дошт.

Аммо ба таъкиди ҷаноби Сафаров “тоҷикону ирониён ду бародаранд ва аз бародарон канда шудан хеле мушкил аст ва умедворам, ки мо тоҷикон ҳеҷ гоҳ аз бародарони худ эрониён канда нахоҳем шуд. Таърихи қадима ва умумиятҳои фарҳангӣ, забониву динии мо намегузорад, то мо аз ҳам дур шавем, балки баръакс, иртиботи таърихӣ ва фарҳангии мо моро барои рушди муносибот, равобиту ҳамкориҳо боз ҳам бештар талқин хоҳанд кард”.

Ҷаноби Сафаров, ки дар маросими ифтитоҳи бинои нави сафорати Эрон дар Душанбе ширкат кард, мегӯяд, руҳияи ҷонибҳо хеле самимӣ буд. Вай гуфт, баргузории ҷаласаи Комиссиюни байнидавлатӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон дар ояндаи наздик, ки Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон инро дар маросими ифтитоҳи бинои нави сафорати Эрон дар Душанбе таъкид кардааст, нишонаи алоқамандии самимӣ ва ҳусни нияти ҳар ду кишвари дусту бародар аст.

Хулосаи муовини аввали Маркази таҳқиқоти стартегии назди Президенти Тоҷикисттн аз натоиҷи сафари Муҳаммадҷавод Зариф, вазири корҳои хориҷии Эрон бап Душанбе ин аст, ки “сардии равобит миёни ду кишвар”, ки дар як соли пеш вуҷуд дошт, аз байн бардошта шуда ва миёни ду кишвар ҳеҷ гуна мушкилоте нест, балки ҷонибҳо чун ду бародари ҳамхуну ҳамдину ҳамфарҳангу дорои таърихи қадимаи ҳазорсолаҳо хоҳони равобити боз ҳам беҳтару бештар ва хубтар ҳастанд.

Марҳилаи мушкил дар равобити Душанбеву Теҳрон

Тоҷикистону Эрон тайи тақрибан ду соли охир марҳилаи мушкили ҳамкориро паси сар мекунанд. Ин вазъият дар пайи даъвои молӣ бар сари пулҳои гӯё гумшудаи миллиардер Бобаки Занҷонӣ ва даъвати раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ба конфронси Теҳрон ба вуҷуд омадааст.

Нуқтаи авҷи ин баҳс иттиҳоми Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар моҳи августи имсол алайҳи Ҷумҳурии Исломӣ буд, ки дар як филми мустанад гуфт, Эрон қатли чанд чеҳраи саршиноси тоҷик дар солҳои навадум, аз ҷумла Сафаралӣ Кенҷаев, раиси собиқи Шӯрои олӣ ва раҳбари пешини ҳизби сотсиалистиро сармоягузорӣ карда буд.

Эрон ин иттиҳомро бепоя хонд ва гуфт, риштаи дӯстӣ бо Саудӣ, аз рақибони аслии Ҷумҳурии Исломӣ дар Ховари Миёна, Душанберо аз Теҳрон дур мекунад.

Фаридун Ҳодизода, як таҳлилгари тоҷик рӯзи 8-уми ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки то рӯзи ҷумъаи гузашта ҳатто сафорати Эрон дар Тоҷикистон дар бораи баргузории ин сафар иттилоъ надошт. "Тасмими ин сафар дар пайи дидори Владимир Путин бо раҳбари Эрон гирифта шуд", - гуфт ӯ.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Вобаста

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG