Пайвандҳои дастрасӣ

Тавофуқи Тоҷикистону Эрон барои музокироти “қарибулвуқӯъ”


Ҳамид Читчиён, вазири нирӯи Эрон

Мақомоти Тоҷикистону Эрон дар бораи нишасти Кумисюни муштарак ё кумисюни байниҳукуматии ду кишвар ва сӯҳбати сари як миз “дар моҳҳои оянда” тавофуқ карданд. Аммо аз ягон санаи дақиқ дар ин замина хабар дода нашудааст.

  • Тоҷикистону Эрон тайи тақрибан ду сол боз марҳилаи мушкили муносиботро паси сар мекунанд ва ин нишаст имкон хоҳад дод, ду тараф дар рӯ ба рӯи якдигар дили худро холӣ намоянд.
Ӯ гуфтааст, ки “умедорем, мавзӯи пардохти бидеҳиҳо ҳарчӣ зудтар рафъ шавад, то тавонем домани ҳамкориҳоро густариш диҳем.”

Хабаргузории “Меҳр”-и Эрон рӯзи 6-уми август навишт, ки тавофуқ дар бораи нишасти Кумисюни муштараки Теҳрону Душанбе дар сӯҳбати Ҳамиди Читчиён – вазири нирӯи ин кишвар – ва Усмоналӣ Усмонзода, вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон, рӯзи шанбе ҳосил шудааст. Усмонзода, ки айни ҳол ҳамраиси Кумисюни байниҳукуматии Тоҷикистону Эрон аст, дар раъси як ҳайат барои ҳузур дар маросими савгандёдкунии Ҳасани Рӯҳонӣ ба Теҳрон рафта буд. Хабаргузории “Меҳр” аз қавли ӯ навишт, ки нишасти мақомҳои Тоҷикистону Эрон дар Душанбе баргузор хоҳад шуд.

Усмоналӣ Усмонзода, вазири энержӣ ва азхираҳои оби Тоҷикистон
Усмоналӣ Усмонзода, вазири энержӣ ва азхираҳои оби Тоҷикистон

Ҷониби Тоҷикистон дар бораи ин мулоқот ва ҷузъиёташ хабари расмӣ нашр накардааст. Ҳар гузорише ҳам ки ҳоло дастрас мешавад, аз манобеи Эрон аст.

Бино ба ин гузоришҳо, Ҳамиди Читчиён дар сӯҳбати рӯзи шанбе бо вазири энержии Тоҷикистон масъалаи қарзи ширкати “Барқи тоҷик” аз нирӯгоҳи “Сангтӯда-2”-ро дар миён гузоштааст. Ӯ гуфтааст, ки “умедорем, мавзӯи пардохти бидеҳиҳо ҳарчӣ зудтар рафъ шавад, то тавонем домани ҳамкориҳоро густариш диҳем.”

Ҷониби Эрон ба сохтмони «КАСА-1000», ки нақшаи интиқоли нирӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистонро дар назар дорад, таваҷҷӯҳ кардааст. Ҳамиди Читчиён гуфтааст, «бо хатми тарҳ, Эрон ният дорад, ки бо ин хат ҳамкорӣ кунад ва дар оянда шояд бахше аз барқи тавлидии «Сангтӯда-2» аз тавассути он ба Эрон интиқол ёбад».

Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати "Барқи тоҷик"
Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати "Барқи тоҷик"

Қаблан масъулони “Барқи тоҷик” гуфта буданд, ки қарзи ин ширкат аз нирӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-2” ба 62 миллион доллар расидааст ва онҳо ин миқдор пулро бар асоси як ҷадвали замонӣ пардохт мекунанд. Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” рӯзи 1-уми август гуфт, “дар сурати беҳтар шудани вазъи молии ширкат тамоми маблағи қарзро пардохт мекунем.”

Нирӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-2” бо 180 миллион доллар саҳми Эрон ва 40 миллион доллари Тоҷикистон сохта шуда, дар аввал қарор буд дувоздаҳуним сол дар ихтиёри Эрон бимонад. Дертар, дар соли 2014, эълон шуд, ки ин муҳлат ду соли дигар дароз шудааст. Нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” аз ду агрегат иборат буда, иқтидори ҳар кадоме онҳо ба 110 МВт баробар аст.

Дар зарфи ду соли ахир равобити Тоҷикистону Эрон ба сардӣ гароидааст. Баҳси пулҳои Бобак Занҷонӣ, миллиардери эронӣ, ки ба иддаои мақомоти Эрон дар Тоҷикистон “ғайб задаанд” ва даъвати раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон ба як конфронс дар Теҳрон,

Эмомалӣ Раҳмон бо Ҳасани Рӯҳонӣ. Моҳи сентябри соли 2014. Шаҳри Душанбе
Эмомалӣ Раҳмон бо Ҳасани Рӯҳонӣ. Моҳи сентябри соли 2014. Шаҳри Душанбе

омилҳои аслии сардӣ миёни ду кишвар дониста мешавад. Дар пайи ин сардии равобит, Тоҷикистон чанде аз марказҳои фарҳангӣ ва созмонҳои хайрияи Эронро баст. Теҳрон низ дар навбати худ пайваста ба қарзҳои Тоҷикистон дар назди нирӯгоҳи “Сангтӯда-2” ишора карда пардохти ҳарчӣ зудтари онро талаб дорад.

Дар ҳоле ки Тоҷикистон тайи тақрибан ду соли ахир додугирифт бо Эронро маҳдуд кардааст, мулоқоте ҳам байни раҳбарони ду кишвар ҷараён намегирад. Дар зарфи чаҳор соли ахир Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон як бор ба Эрон сафар кардааст. Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон низ танҳо як дафъа дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар моҳи сентябри соли 2014 вориди Душанбе шуда буд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG