Пайвандҳои дастрасӣ

Аз Эрон – бе дипломи донишгоҳ. “Вақте давлат даъват мекунад, бояд баргардӣ”. ВИДЕО


Фурудгоҳи шаҳри Душанбе. Ҳангоми бозгашти донишҷӯёни тоҷик аз кишварҳои исломӣ, аз ҷумла Эрон. Моҳи ноябри соли 2010

Даҳҳо донишҷӯи тоҷик, ки дар риштаҳои гуногуни донишгоҳҳои Эрон таҳсил мекарданд, дар давоми шаш моҳи ахир иҷборан ба Тоҷикистон баргаштанд. Шумори донишҷӯёни баргашта, ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, то 50 нафар мерасад. Аксари онҳо бо квотаи давлати Эрон ва тавсияи Вазорати маориф ва илми кишвар ба Эрон рафта буданд.

Навори видеоӣ инҷост:

Касе аз Вазорати маориф бо ман сӯҳбат накардааст. Фақат падарам гуфт, аз вазорат хоҳиш кардаанд, то ба ман гӯяд, ки дар ватан омада таҳсил кунам

Тоҷикистон аз соли 2010 беш аз се ҳазор муҳассили мактабҳои ғолибан динии кишварҳои исломиро ба ватан баргардонд ва ин маърака бахше аз сиёсати ҳукумат дар амри ҷилавгирӣ аз ифротишавии ҷомеаи кишвар унвон шуд. Ин навбат, ба гуфтаи коршиносон, сабаб дар сард шудани равобити сиёсии Тоҷикистону Эрон аст, ки то имрӯз ба баста шудани созмонҳои имдодрасону ширкатҳои тиҷоратии Эрон маҳдуд мешуд.

Донишҷӯёне, ки соли ҷорӣ аз муассисаҳои олии Эрон баргаштаанд, дар бахшҳои илмҳои дақиқ, ҷомеашиносӣ ва риштаи тиббӣ таҳсил мекарданд.

Донишҷӯ: Падарам гуфт, ки аз Эрон баргард

Бозгашти донишҷӯёни тоҷик аз кишварҳои исломӣ соли 2010 шурӯъ шуд. Аммо ин тасмим танҳо ба донишомӯзони мадрасаҳои динӣ дахл дошт.
Бозгашти донишҷӯёни тоҷик аз кишварҳои исломӣ соли 2010 шурӯъ шуд. Аммо ин тасмим танҳо ба донишомӯзони мадрасаҳои динӣ дахл дошт.

Донишҷӯи 21-сола Рашид Раҳматов то шаш моҳи пеш дар соли севуми бахши иқтисодии донишгоҳи Теҳрон таҳсил мекард. Ӯ рӯзи 12-уми июл, баъди бозгашташ ба Душанбе, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки падараш рӯзе ба ӯ занг зад ва амр дод, ки таҳсилро қатъ кунад ва зуд ба ватан баргардад. Ба гуфтаи ин ҷавон, мақомоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба падари ӯ гуфтаанд, ки агар писараш баргардад, метавонад таҳсилро дар риштаи иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон идома диҳад.

Раҳматов мегӯяд, баъди сӯҳбат бо падар аризаашро ба донишгоҳ супурд ва ба ватан баргашт. “Ҳоло ваъда ҳаст, ки аз моҳи сентябр метавонам таҳсилро дар Тоҷикистон давом диҳам”, - гуфт ӯ.

Рухшона Каримова, донишҷӯи соли чаҳоруми риштаи адабиёти форсӣ дар яке аз донишгоҳҳои Эрон низ гуфт, ки то хатми донишгоҳ як соли дигар монда буд, вале бо тақозои хонавода таҳсилро канор гузошт ва баргашт. Рухшона мегӯяд, дар Вазорати маориф барояш гуфтаанд, ки метавонад таҳсилро дар риштаи филологияи Донишгоҳи миллӣ идома диҳад.

“Касе аз Вазорати маориф бо ман сӯҳбат накардааст. Фақат падарам гуфт, аз вазорат хоҳиш кардаанд, то ба ман гӯяд, ки дар ватан омада таҳсил кунам”, - гуфт Рухшона.

Ба қавли Нуриддин Саид, соли 2017 Вазорати маориф “10-11 муроҷиат” барои бозгашт аз донишгоҳҳои хориҷиро дарёфт кард, ки як қисми онҳо аз Эрон буд. Ӯ ин бозгаштро ба мушкили молии донишҷӯён рабт дод.

Хонаводаи донишҷӯён низ тасдиқ карданд, ки бозгашти иҷбории фарзандони онҳо аз донишгоҳҳои Эрон бо тавсияи Вазорати маориф ва илм анҷом шуд. Қурбон Раҳмонов, падари яке аз донишҷӯён, ки писари ӯ ҳоло ҳам дар Эрон аст, рӯзи 12-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, "бо мо сӯҳбат буд, вале маҷбур накарданд. Гуфтанд, агар хоҳед, ҳамон шароите, ки дар Эрон ҳаст, дар худамон ҳам ҳаст. Сарфи беҳуда накунед ва фарзандонатонро биёред, ки дар ҳамин ҷо таҳсил кунанд. Ба писарам гуфтам, вақте давлат даъват мекунад, бояд баргардӣ. Ҳарчанд, гуфтанд, ки ин хоҳиш аст.”

Хабарнигори Радиои Озодӣ инчунин бо се тан аз донишҷӯёне, ки ҳанӯз дар Эрон қарор доранд, сӯҳбат кард. Яке аз онҳо, ки нахост, номаш зикр шавад, гуфт, масъулон дар маҳал сари волидонашон фишор меоранд, то фарзандони худро ҳар чи зудтар аз Эрон баргардонанд. “Гуфтаанд, ки агар мехоҳед фарзандатон дар оянда дар Тоҷикистон кор пайдо кунад, баргардонед. Бисёре аз ҳамсабақон баргаштанд, вале ман ҳоло ҳанӯз тасмими бозгаштро нагирифтаам”, - афзуд ин ҳамсӯҳбати мо.

Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон
Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон

Вазири маориф: Донишҷӯён ихтиёрӣ бармегарданд

Мақомоти Тоҷикистон бозгашти донишҷӯён аз Эронро рад намекунанд, вале мегӯянд, ки онҳо ихтиёрӣ ба ватан баргаштаанд. Вазорати маориф ва илм машварату сӯҳбат бо волидонро дар ин замина рад мекунад.

Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, рӯзи 10-уми июли имсол дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ки дар ин замина ҳеҷ супориш надодаанд. Аммо ӯ афзуд, ки “донишҷӯ ҳақ дорад, ки аз як мактаби олӣ ба як мактаби олии дигар, аз як кишвар ба кишвари дигар барои идомаи таҳсил гузарад”. Ба қавли Нуриддин Саид, соли 2017 Вазорати маориф “10-11 муроҷиат” барои бозгашт аз донишгоҳҳои хориҷиро дарёфт кард, ки як қисми онҳо аз Эрон буд. Ӯ ин бозгаштро ба мушкили молии донишҷӯён рабт дод.

Авҷи хубии равобити Тоҷикистону Эрон ба давраи раёсати Маҳмуди Аҳмадинажод ва пиёда шудани чанд тарҳи муҳими роҳу энержӣ рост меояд
Авҷи хубии равобити Тоҷикистону Эрон ба давраи раёсати Маҳмуди Аҳмадинажод ва пиёда шудани чанд тарҳи муҳими роҳу энержӣ рост меояд

Ҳабибулло Мирзоев, ки то як ҳафтаи пеш масъулияти сардори раёсати байналмилалии Вазорати маорифро бар дӯш дошт, ба Радиои Озодӣ гуфт, бисёре аз падарон аз амнияти фарзандонашон нигаронанд ва бозгашти онҳоро мехоҳанд. Ӯ гуфт, “онҳо мегӯянд, ки дунё нотинҷ шудааст ва хубтар аст, агар фарзандонашон баргарданд. Як ҳодиса дар як гӯшаи Эрон мешавад ва онҳо аз расонаҳо фаҳмида хавотир мешаванд. Бубинед, ки як гӯшаи Украина ноором аст ва шаҳрвандони мо дар чанд соли ахир фарзандонашонро барои таҳсил ба ин кишвар намефиристанд.”

Донишомӯзони Донишгоҳи Машҳад куҷо шуданд?

Масъулини Донишгоҳҳои Эрон низ хабари аз таҳсил даст кашидани донишҷӯёни тоҷикро тасдиқ мекунанд, вале мегӯянд, сабаби ин тасмим барои онҳо норӯшан аст.

Алӣ Ғаноӣ, раиси донишҷӯёни хориҷии Донишгоҳи ба номи Фирдавсии шаҳри Машҳади Эрон рӯзи 12-уми июл дар як сӯҳбати кутоҳ бо Радиои Озодӣ гуфт, аз 22 донишҷӯи тоҷик дар чанд моҳи ахир 16 нафарашон тарки таҳсил карданд. "Сабабшро ба мо нагуфтанд, вале онҳо ҳақ доранд, ки бихоҳанд, таҳсил мекунанд, нахоҳанд таҳсил намекунанд",-гуфт ӯ.

Ҳамасола Эрон ба донишомӯзони тоҷик 250 квота ҷудо мекунад. Дар ҳоли ҳозир беш аз дусад донишҷӯи тоҷик дар Эрон будаанд.

Чаро чунин шуд?

Ҳарчанд мақомоти расмӣ баргардондани донишҷӯёни тоҷикро маъмулӣ ва ихтиёрӣ медонанд, вале аксари коршиносон, ки мо ин мавзуъро бо онҳо матраҳ кардем, мегӯянд, сояи равобити сарди Теҳрону Душанбе ба идомаи таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар Эрон таъсир гузошт.

Равобити Тоҷикистону Эрон, ки авҷи хубии он ба давраи раёсати Маҳмуди Аҳмадинажод ва пиёда шудани чанд тарҳи муҳими роҳу энержӣ рост меояд, дар аҳди президент Ҳасан Рӯҳонӣ рушд накард ва дар ду соли ахир, ба дунболи чанд даъвои молии Теҳрон алайҳи Душанбе рӯ ба сардӣ овард.

Бобаки Занҷонӣ (аз тарафи рост) дар додгоҳ
Бобаки Занҷонӣ (аз тарафи рост) дар додгоҳ

Мақомоти Эрон дар робита ба гум шудани миллиардҳои вазорати нафт, ки бозаргони эронӣ Бобак Занҷонӣ маҳсулоти онро бо фирор аз таҳримҳои байналмилалӣ ба фурӯш мебаровард, чанд дафъа аз Тоҷикистон ном бурданд. Эрон туннели бузургро, ки шимоли Тоҷикистонро бо марказ васл мекунад, нимсохта гузошт ва бо мушкилоти зиёд ба Душанбе супурд. Даъвои дигари Эрон бар сари боздеҳи нерӯгоҳи Сангтуда-2 аст, ки бо сармояи муштараки ду кишвар бунёд ёфт, вале Теҳрон мегӯяд ки аз он як туман ҳам фоида надидааст. Теҳрон қарзи Тоҷикистонро аз Сангтӯда-2 беш аз 60 миллион доллар ҳисоб кардааст.

Ба сурати умум ба гуфтаи коршиносон Эрон хостаҳои Тоҷикистонро ба сармоягузориҳои чашмгир бароварда насохт, дар ҳоле ки Душанбе ихтилофи идеологӣ бо Теҳронро таҳаммул мекард. Охирин нуқтаро дар тасмими Тоҷикистон дар равобит бо Эрон сафари Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ гузошт. Дар ҳоле ки Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2015 ҳизби наҳзати исломиро террористӣ эълон карда буд, Теҳрон Кабириро ба як нишасти байналмилалӣ даъват кард ва Душанберо ба хашм овард. Ба дунболи ин, Тоҷикистон тадриҷан аз молҳои Эрон даст кашид, фаъолияти намояндагиҳояшро масдуд кард, бо рақиби Теҳрон - Арабистони Саудӣ ҳамкориро бештар намуд ва инак донишҷӯёнашро аз Эрон бозхонд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG