Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари ҳайати Тоҷикистон ба Эрон. Тугмаи "reset"-ро кӣ пахш мекунад?


Бархе аз рӯшанфикрони Тоҷикистон ибрози умедворӣ карданд, ки ҳузури ҳайати расмии ин кишвар дар маросими савгандёдкунии раиси ҷумҳури мунтахаби Эрон ба беҳбуди равобити ин ду кишвар мусоидат хоҳад кард. Аммо иддае аз таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, ки ихтилофи назарҳои Тоҷикистону Эрон жарф буда ва дар шароити феълӣ ҷонибҳо омода нестанд ба ҳамдигар гузашт кунанд.

Беҳбуди равобит фурсат мехоҳад

Як ҳайати давлати Тоҷикистон дар раъси Усмоналӣ Усмонзода, вазири энержӣ ва захираҳои оби кишвар ба манзури ширкат дар маросими савгандёдкунии Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури мунтахаби Эрон озими Теҳрон шуд. Ин маросим рӯзи 5-уми август дар Маҷлиси исломӣ ё порлумони Эрон баргузор хоҳад шуд. Дар маросими савгандёдкунии чаҳор соли пеши Ҳасани Рӯҳонӣ, ҳайати Тоҷикистон дар раъси президент Эмомалӣ Раҳмон ҳузур пайдо карда буд.

Дар маросими савгандёдкунии чаҳор соли пеши Ҳасани Рӯҳонӣ, ҳайати Тоҷикистон дар раъси президент Эмомалӣ Раҳмон ҳузур пайдо карда буд.

Як манбаъ дар ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 4-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар назар аст, дар канори ширкат дар маросими савгандёдкунии Ҳасани Рӯҳонӣ, ин ҳайат бо ҷониби Эрон масоили мавриди баҳси тарафайнро баррасӣ кунад. Аз ҷумла, мумкин аст, роҳҳои ҳалли бӯҳрони феълӣ дар равобити Тоҷикистону Эрон матраҳ гардад. Усмоналӣ Усмонзода, айни ҳол ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Эрон низ мебошад.

"Ихтилофҳо усулӣ нестанд"

Дар ҳамин ҳол, Рамазон Мирзоев, сафири пешини Тоҷикистон дар Эрон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки миёни Тоҷикистон ва Эрон ихтилофназарҳои ҷиддӣ ва усулӣ вуҷуд надорад. Аз ин нигоҳ, мумкин аст, дар ҷараёни дидори ҳайати расмии Тоҷикистон аз Теҳрон масоили мавриди баҳси тарафҳо баррасӣ шавад. "Фикр мекунам ин як таконе мешавад. Мумкин аст гуфтушунидҳо шавад. Ин яке аз ҳолатҳои беҳтарин барои музокирот аст",-афзуд ҷаноби Мирзоев.

Рамазон Мирзоев, сафири пешини Тоҷикистон дар Эрон.
Рамазон Мирзоев, сафири пешини Тоҷикистон дар Эрон.

Дар зарфи ду соли ахир равобити Тоҷикистону Эрон сард шудааст. Баҳси пулҳои Бобак Занҷонӣ, миллиардери эронӣ, ки ба иддаои мақомоти Эрон дар Тоҷикистон “ғайб задаанд” ва даъвати раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон ба як конфронс дар Теҳрон, омилҳои аслии сардӣ миёни ду кишвар дониста мешавад.

Дар ҳоле ки Тоҷикистон тайи тақрибан ду соли ахир додугирифт бо Эронро маҳдуд кардааст, мулоқоте ҳам байни раҳбарони ду кишвар ҷараён намегирад. Дар зарфи чаҳор соли ахир Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон як бор ба Эрон сафар кардааст. Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон низ танҳо як дафъа дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар моҳи сентябри соли 2014 вориди Душанбе шуда буд.

Ба беҳбуди равобит кӣ бештар манфиатдор аст: Эрон ё Тоҷикистон?

Ба гуфтаи коршиносон, дар марҳилаи пас аз ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон, ки кишвар ба сармояи хориҷӣ ниёзи шадид дошт, нахуст Эрон ба ин вазъ “лаббайк” гуфт. Дар муддати 10-15 соли ахир Эрон дар бунёди нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-2” ва нақби “Истиқлол” беш аз 200 миллион доллар сармоя ворид кард.

Саъдӣ Юсуф, коршиноси масоили минтақавӣ гуфт, "ба ин васила Эрон нишон дод, ки мехоҳад равобиташ бо Тоҷикистон густарда бошад. Барои Тоҷикистон ҳам чунин кишвар муҳим аст. Аммо бӯҳрони феълӣ равобити ин ду кишварро сард кард. Ҳоло ду тараф барои рафъи ин бӯҳрон талош мекунанд".

Аҳмадшоҳ Комилзода.
Аҳмадшоҳ Комилзода.

Аммо коршиносони дигар мегӯянд, ки бӯҳрон дар равобити Эрону Тоҷикистон аз он, ки ба назар мерасад, жарфтар буда ва ҳоло тарафҳо омода нестанд ба ҳам гузашт кунанд. Аҳмадшоҳ Комилзода, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, бахусус, ин ихтилофи назарҳо дар масоили идеологӣ ба мушоҳида расида, таваҷҷӯҳи Эрон ба масоили динию мазҳабӣ ва пуштибонӣ аз гурӯҳҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон, мутамаркиз шудааст.

Вай гуфт: "Эрон сиёсати маҳзабгароии шиа ва исломгароии тундро пеш гирифтааст. Бо ин вуҷуд, вазъи равобити Тоҷикистону Эрон ба он ҳадде нест, ки ҷонибҳо нахоҳанд ба ҳамдигар гузашт кунанд. Ихтилофоти ҷонибҳо бештар дар сатҳи сухан аст. Пуштибонии Эрон аз созмонҳои мазҳабӣ дар сиёсат як амали муаррарӣ аст. Ҳар кишвар мехоҳад аз ин тариқ мавқеъяшро дар кишвари дигар мустаҳкам кунад”.

Ба гуфтаи вай, шояд ба ҳамин далел, бо вуҷуди муштаракоти забонию фарҳангӣ, Эрон намехоҳад Ҳизби наҳзати исломиро, ки дар Тоҷикистон созмони террористӣ унвон шуда ва фаъолияташ мамнӯъ гардидааст, душмани умумӣ хонад. Афзун бар ин, ба аъзои ин ҳизб иҷоза медиҳад, ки дар қаламраваш фаъолияти сиёсӣ кунад.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, бо вуҷуди онки Муҳиддин Кабирӣ ба ташкили ошӯбҳои моҳи сентябри соли гузашта муттаҳам мешавад, Эрон ӯро ба ҳамоиш даъват карда, дар паҳлӯи намояндагони расмии Тоҷикистон ҷой дод. Кабирӣ ва ҳизбаш ҳеҷгоҳ ин иттиҳомотро эътироф накарданд. Масъулони ин ҳизби мамнӯъ, ошӯби мусаллаҳонаи Ҳоҷӣ Ҳалимро баҳонае барои бастани ҳизб дар ҳудуди Тоҷикистон медонанд.

Дар давоми ду соли охир аксар сохторҳои марбут ба Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз ҷумла Кумитаи имдоди Хумайнӣ, Маркази фарҳангии Эрон, бемористони муштараки давлати Тоҷикистону Ҷамъияти Ҳилоли аҳмари Эрон ва ширкатҳои тиҷоратӣ дар Душанбе баста шуданд. Дар моҳи гузашта Сафорати Эрон бо дархости Душанбе дафтарҳои фарҳангӣ ва иқтисодии худро дар шаҳри Хуҷанд баст.

Муртазо Саффории Натанзӣ, узви комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси шӯрои исломии Эрон дар сӯҳбат бо хабаргузории “ICNA” аз фаъолияти Вазорати хориҷаи кишвараш интиқод кардаст, ки талошҳояш дар беҳбуди равобит бо Тоҷикистон муассир набудааст. Аммо ба истиснои мақомоти сатҳи поини сохторҳои давлатии Тоҷикистону Эрон мақомоти ин ду кишвар дар мавриди сардии равобит миёни ин ду кишвар расман ибрози назаре накардаанд.

Дар ҳамин ҳол, байъид аст ки Тоҷикистон дар самти ҳамкорҳои иқтисодӣ аз Эрон фосила гирад. Зеро Эрон қаблан тааҳҳуд карда буд, ки нерӯгоҳи нави барқи обиро дар дарёи Зарафшон дар ноҳияи Айнӣ сармоягузорӣ мекунад. Вале ба иллати бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ, иҷрои ин тарҳ ба таъвиқ афтодааст.

Ҳамчунин, дар охирҳои соли гузашта Ширкати Роҳи оҳани Эрон бо Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон ва Чин тарҳи бунёди роҳи оҳан аз Эрон ба Чин тавассути Осиёи Марказиро матраҳ карда буд.

Аз сӯи дигар, Тоҷикистон аз шарикони стратегии Русия маҳсуб шуда ва Русия талош хоҳад кард, ки Тоҷикистон на ба самти Арабистони Саудӣ, балки ба ҷониби мутаффиқаш Эрон майл кунад.

XS
SM
MD
LG