Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Зариф: Сиёсати Тоҷикистон орӣ аз "меъёрҳои духӯра" аст


Мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва вазири умури хориҷии Эрон. 16-уми апрели 2018.
Мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва вазири умури хориҷии Эрон. 16-уми апрели 2018.

Масъалаи ҳамкорӣ дар бахши амниятӣ яке аз мавзӯъҳои меҳварии гуфтугӯи раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо вазири умури хориҷии Эрон будааст. Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Муҳаммадҷавод Зариф баъд аз зӯҳри 16-уми апрел дар ҳошияи ҷаласаи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ дар Душанбе баргузор шуд.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дод, ки Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти худ бо вазири умури хориҷии Эрон "махсус таъкид карданд, ки сиёсати байналмилалии Тоҷикистон дар ин ҷода орӣ аз "меъёрҳои духӯра" буда, дар ҳамаи сатҳҳо ба таври созандаву шаффоф пеш бурда мешавад."

Муҳаммадҷавод Зариф бори охир дар моҳи ноябри соли гузашта ба Тоҷикистон сафар карда, дар маросими ба истифода додани бинои нави сафорати Эрон дар Душанбе ширкат кард.

Оқои Раҳмон ҳамчунин гуфтааст, ки масъалаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва радикализми динӣ дар сархати сиёсати давлатии Тоҷикистон қарор доранд. Ба гуфтаи манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон ва Муҳаммадҷавод Зариф дар ин мулоқот роҷеъ ба паҳлӯҳои дигари ҳамкорӣ, аз ҷумла дар бахшҳои тиҷорат, энержӣ, нақлиёт, саноат, кишоварзӣ ва фарҳанг, гуфтугӯ намудаанд.

Худи ҳамин рӯз Эмомалӣ Раҳмон бо Салоҳиддин Раббонӣ, вазири умури хориҷии Ҷумҳурии исломии Афғонистон ва Халил Иброҳим Акча, дабири кулли Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, низ мулоқот намудааст. Нишасти 23-юми Шӯрои вазирони умури хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ рӯзи сешанбеи 17-уми апрле дар Душанбе доир мешавад.

Вазири хориҷии Эрон дар Душанбе

Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон ҷиҳати ширкат дар 23-юмин нишасти Шӯрои вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЕКО), баъд аз зӯҳри 16-уми апрел вориди Душанбе шуд. Қарор аст нишасти Шӯрои вазирони умури хориҷии кишварҳои узви ЕКО рӯзи 17-уми апрел дар Душанбе баргузор шавад.

Баҳром Қосимӣ, сухангӯи вазорати хориҷии Эрон.
Баҳром Қосимӣ, сухангӯи вазорати хориҷии Эрон.

Аз ин қабл Баҳром Қосимӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон ба расонаҳои он кишвар гуфт, ки Муҳаммадҷавод Зариф рӯзи душанбе дар раъси як ҳайати сиёсӣ барои ширкат дар ин ҳамоиш озими Тоҷикистон мешавад. Оқои Қосимӣ афзуд, ки Муҳаммадҷавод Зариф дар ин сафар бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон низ дидор ва дар бораи густариши ҳамкориҳои дуҷониба, гуфтугӯ хоҳад кард.

Расонаҳои давлатии Тоҷикистон ҳам бо такя ба вазорати умури хориҷӣ навиштанд, ки ҳамоиши Душанбе бо иштироки вазирон ва муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ECO) баргузор мегардад. Дар доираи ин ҳамоиш, рӯзҳои 16-17и апрел дар "Боғи Ирам"-и Душанбе намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ доир мешавад.

"Тоҷикистону Эрон ба ҳам ниёз доранд"

Cайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон дар робита ба сафари вазири умури хориҷии Эрон ба Тоҷикистон гуфт, ин сафар дар ҳошияи нишасти созмони ЭКО ҳам бошад, як қадами мусбат дар муносиботи дуҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратии ду кишвар хоҳад буд.

Cайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон.
Cайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон.

Ба бовари оқои Сафаров ин сафар дар беҳтар шудани робитаҳои Тоҷикистону Эрон дигаргунии ҷиддӣ пеш хоҳад овард. "Мо наметавонем ба ғайр муносибати ҳасана, дигар намудаи робитаро дошта бошем. Доим таъкид мекунам, ки гоҳе мешавад миёни ду кишвар дар муносибатҳо ниёз ба якдигар камтар мешавад. Вале дар маҷмӯъ гирем, Тоҷикистон барои Эрон ва Эрон барои Тоҷикистон кишварҳое ҳастанд, ки ҳама вақт ҳам аз нуқтаи назари иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ ба якдигар ниёз доранд",-афзуд Сайфуллоҳ Сафаров.

Иқтисоддон Олим Бобоев, ки дар гузашта дар мақоми вазири нақлиёти Тоҷикистон ҳам кор кардааст, дар робита ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар доираи ЭКО гуфт, таи чанд соли ахир Эрон дар иҷрои тарҳҳое, ки ба Тоҷикистон пешниҳод карда мешуд ва мувофиқат ҳосил мешуд, чандон ҳавасманд набуд. Вале ҳоло, ба гуфтаи ӯ, дар доираи Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ сармоягузорӣ хоҳад кард, зеро Эрон узви ин созмон аст.

Олим Бобоев ба унвони мисол гуфт, роҳи мошингарди Кулоб-Қалъаи Хумб, ки таҷдид карда мешавад, дар доираи ЭКО сурат хоҳад гирифт ва аз ҷумла Эрон ҳам маблағгузорӣ хоҳад кард. Вай гуфт, тарҳҳое, ки дуҷониба миёни Тоҷикистону Эрон ба имзо расиданд ва Эрон мебоист барои татбиқи онҳо сармоягузорӣ мекард, чандон таваҷҷуҳ зоҳир накард.

Муносибатҳои сарди Душанбеву Теҳрон

Муҳаммадҷавод Зариф бори охир дар моҳи ноябри соли гузашта ба Тоҷикистон сафар карда буд. Дар он сафар оқои Зариф дар маросими ба истифода додани бинои нави сафорати Эрон дар Душанбе иштирок намуд ва ҳамчунин бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон, аз ҷумла президент Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард. Оқои Зариф баландпоятарин мақоми эронӣ аст, ки тайи тақрибан се соли ахири сардии равобит миёни Душанбе ва Теҳрон, аз Тоҷикистон дидан менамояд.​

Тоҷикистону Эрон тайи тақрибан ду соли охир марҳилаи мушкили ҳамкориро паси сар мекунанд. Ин вазъият дар пайи даъвои молӣ бар сари пулҳои гӯё гумшудаи миллиардер Бобаки Занҷонӣ ва даъвати раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ба конфронси Теҳрон ба вуҷуд омадааст.

Нуқтаи авҷи ин баҳс иттиҳоми Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар моҳи августи соли 2017 алайҳи Ҷумҳурии Исломӣ буд, ки дар як филми мустанад гуфт, Эрон қатли чанд чеҳраи саршиноси тоҷик дар солҳои навадум, аз ҷумла Сафаралӣ Кенҷаев, раиси собиқи Шӯрои олӣ ва раҳбари пешини ҳизби сотсиалистиро сармоягузорӣ карда буд.

Эрон ин иттиҳомро бепоя хонд ва гуфт, риштаи дӯстӣ бо Саудӣ, аз рақибони аслии Ҷумҳурии Исломӣ дар Ховари Миёна, Душанберо аз Теҳрон дур мекунад.

XS
SM
MD
LG