Пайвандҳои дастрасӣ

Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷавод Зариф "масоили муҳим"-ро баррасӣ карданд. ВИДЕО


Акс аз сайти расмии раёсати ҷумҳури Тоҷикистон.

Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон рӯзи 8-уми ноябр дар Қасри Миллат бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон мулоқот кардааст. Оқои Зариф баландпоятарин мақоми эронӣ аст, ки тайи ду соли ахири сардии равобит миёни Душанбе ва Теҳрон, аз Тоҷикистон дидан менамояд.

Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар ин мулоқот масоили ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Эронро баррасӣ шудааст. Манбаъ мегӯяд, ки "ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои муҳим, аз ҷумла татбиқи тавофуқоти қаблан ба даст омада, рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва саноатро мавриди баррасӣ қарор доданд."

Тоҷикистону Эрон солҳои ахир марҳилаи мушкили ҳамкориро паси сар мекунанд. Ин вазъият дар пайи даъвои молӣ бар сари пулҳои гӯё гумшудаи Бобаки Занҷонӣ ва даъвати раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи ҲНИТ ба конфронси Теҳрон, ба вуҷуд омадааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо вазири умури хориҷии Эрон, масоили амнияти минтақавӣ, мубориза алайҳи терроризм ва тундгароӣ ва ҳамкорӣ дар чаҳорчӯбаи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, низ баҳс шудааст. Дар ин мулоқот гуфта шудааст, ки рӯзҳои наздик дар Душанбе Ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ, баргузор мешавад.

Ҷузъиёти бештар аз ин нашр намешавад ва ҳамчунин маълум нест, ки ҷонибҳо масоили мавриди баҳси ду тарафро, ки бештар аз сӯи матбуот матраҳ шудааст, баррасӣ кардаанд ё на. Расонаҳои эронӣ навиштанд, ки мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Муҳаммадҷавод Зариф беш аз ду соат идома кардааст.

Муҳаммадҷавод Зариф субҳи 8-уми ноябр вориди Душанбе -- пойтахти Тоҷикистон шуд. Ба иттилои як манбаи муътамади Радиои Озодӣ, вазири корҳои хориҷии Эронро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Низомиддин Зоҳидӣ, муовини аввали вазири умури хориҷии Тоҷикистон, истиқбол кард. Вазири умури хориҷии Эрон қабл аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, бо Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон низ дидору гуфтугӯ карда буд.

Ин манбаъ афзуд, сафари Муҳаммадҷаводи Зариф якрӯза хоҳад буд, аммо ба эҳтимоли зиёд, вай шаб дар Душанбе хоҳад монд ва фардо озими Самарқанд хоҳад шуд. Рӯзҳои 9-10 ноябр дар шаҳри Самарқанди Узбакистон конфронси байналмилалӣ зери унвони "Осиёи Миёна: як гузашта ва як ояндаи муштарак, ҳамкорӣ барои тавсеаи пойдор ва рушди муштарак" баргузор мешавад. Дар ин ҳамоиш ҳам Муҳаммадҷавод Зариф низ иштирок хоҳад кард.​

Манобеи Радиои Озодӣ дар ҳукумати Тоҷикистон субҳи 8 ноябр гуфтанд, ки дар ҷараёни сафараш ба Душанбе, вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадҷавод Зариф қарор аст бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дидору гуфтугӯ анҷом диҳад. Як манбаи мӯътамад гуфт, ки дар ҷараёни ин сафар қарор аст масоили марбут ба ҳамкориҳои ду кишвар ва ба вижа вазъи кунунии робитаҳои Душанбеву Теҳрон, баррасӣ шавад.

Дар ҳамин ҳол, сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон Баҳром Қосимӣ ба хабаргузориҳои он кишвар гуфтааст, ки сафари Муҳаммадҷавод Зариф бо даъвати мақомоти Тоҷикистон сурат мегирад. Ин баландпоятарин мақоми эронӣ аст, ки тайи чанд соли ахири сард шудани муносибатҳо миёни Душанбе ва Теҳрон, ба Тоҷикистон сафар мекунад.

Ифтитоҳи бинои нави сафорати Эрон дар Душанбе

Ба гуфтаи манобеъ, қарор аст Муҳаммадҷавод Зариф шоми 8-уми ноябр дар маросими ифтитоҳи бинои нави сафорати Эрон дар Тоҷикистон, иштирок кунад. Бинои сафорати нави Эрон дар хиёбони Исмоили Сомонӣ-хиёбони Маяковский дар шаҳри Душанбе бунёд шудааст.

Мавзӯи пулҳои гумшудаи Бобаки Занҷонӣ яке аз мавориди ихтилоф миёни ду кишвар гуфта мешавад.
Мавзӯи пулҳои гумшудаи Бобаки Занҷонӣ яке аз мавориди ихтилоф миёни ду кишвар гуфта мешавад.

Хабаргузории нимарасмии "Форс" наздик ба мақомоти интизомии Эрон рӯзи 7-уми ноябр хабар дод, ки дар ин сафар Муҳаммадҷавод Зарифро вазири энержии он кишвар Ризо Ардакониён ҳамроҳӣ мекунад.

Миёнҷигарии Русия барои беҳбуди равобит?

Фаридун Ҳодизода, таҳлилгари тоҷик рӯзи 8-уми ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки то рӯзи ҷумъаи гузашта ҳатто сафорати Эрон дар Тоҷикистон дар бораи баргузории ин сафар иттилоъ надошт. "Тасмими ин сафар дар пайи дидори Владимир Путин бо раҳбари Эрон гирифта шуд",-гуфт ӯ.

Фаридун Ҳодизода
Фаридун Ҳодизода

"Фикр мекунам дар ин дидор масоили амниятӣ дар минтақа баррасӣ шуда, сипас тасмими анҷоми чунин сафар гирифта шудааст. Метавон гуфт, ки то андозае дар беҳбуди равобити ба сардӣ рӯй овардаи Тоҷикистону Эрон, нақши Русия дида мешавад. Вале ин сафар оғози талошҳо барои беҳбуди равобит мебошад ва набояд интизор шуд, ки дар як мулоқот ҳамаи мушкилот ҳалли худро пайдо мекунад. Барои барқарор кардани сатҳи пешини муносибатҳо, фурсати бештаре зарур аст", - афзуд Фаридун Ҳодизода.

Марҳилаи мушкил дар равобити Душанбеву Теҳрон

Тоҷикистону Эрон тайи тақрибан ду соли охир марҳилаи мушкили ҳамкориро паси сар мекунанд. Ин вазъият дар пайи даъвои молӣ бар сари пулҳои гӯё гумшудаи миллиардер Бобаки Занҷонӣ ва даъвати раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ба конфронси Теҳрон ба вуҷуд омадааст.

Нуқтаи авҷи ин баҳс иттиҳоми Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар моҳи августи имсол алайҳи Ҷумҳурии Исломӣ буд, ки дар як филми мустанад гуфт, Эрон қатли чанд чеҳраи саршиноси тоҷик дар солҳои навадум, аз ҷумла Сафаралӣ Кенҷаев, раиси собиқи Шӯрои олӣ ва раҳбари пешини ҳизби сотсиалистиро сармоягузорӣ карда буд.

Эрон ин иттиҳомро бепоя хонд ва гуфт, риштаи дӯстӣ бо Саудӣ, аз рақибони аслии Ҷумҳурии Исломӣ дар Ховари Миёна, Душанберо аз Теҳрон дур мекунад.

Коршиносон: "Сардии равобит кӯтоҳмуддат буд"

Маҳдӣ Собир, коршиноси аршади Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон 8 ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз сафари вазири хориҷии Эрон ба Душанбе истиқбол кард ва гуфт, ки аз оғози соли ҷорӣ муносибатҳои Тоҷикистон ва Эрон “хеле сард шуд”.

Вай афзуд, ки “ин сардиҳо кӯтоҳмуддат мебошанд ва чунин ҳолатҳо дар равобити миёни кишварҳои мухталифи ҳамзабону ҳамфарҳанг мушоҳида мешаванд. Сафари вазири хориҷаи Эрон ба Тоҷикистон қабл аз ҳама аз он далолат медиҳад, ки Ҷумҳурии исломии Эрон мехоҳад дар минтақаи Осиёи Марказӣ бо Тоҷикистон ба унвони кишвари дӯсту наздиқ боқӣ бимонад. Мутмаинам, ин сафар барои обшавии яхи сарде дар робитаҳои миёни ду кишвар мусоидат мекунад. Боварӣ дорам дар моҳҳо ва рӯзҳои наздиктарин муносибати миёни Тоҷикистон ва Эрон дубора гарм мешавад”.

Зиёратшоҳи Аҳмад, хабарнигори тоҷик, ки масоили Эронро ҳамвора пайгирӣ мекунад, низ аз сафари як мақоми эронӣ ва пазироии вай аз сӯи мақомоти баландпояи Тоҷикистон хушҳол аст. Вай гуфт: “Анҷоми ин сафар бозгӯи ин нукта аст, ки мақомоти ҳарду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг тасмим доранд муносибатҳои ба сардӣ рӯовардаи худро беҳбуд бахшанд. Ин як гоми муҳимест дар эҳёи дубораи равобити гуногунҷабҳаи миёни ду кишвар, ки барои муддате рӯ ба сардӣ ниҳода буд. Хушбинам, ки баъд аз анҷоми ин сафари ҷаноби Зариф ба Душанбе робитаҳои ду кишвар рушд хоҳанд кард ва маҷрои қаблии худ бармегарданд”.

Вобаста

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG