Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири собиқи Эрон дар Тоҷикистон: Бояд тарҳи нав дарандохт


Алиасғари Шеърдӯст
Алиасғари Шеърдӯст

Алиасғари Шеърдӯст – сафири пешини Эрон дар Тоҷикистон – аз мақомоти Вазорати умури хориҷии кишвараш хостааст, ки барои беҳбуди равобит бо Душанбе тарҳи наве дуруст кунанд. Ӯ рӯзи 22-юми ноябр дар саҳифаи расмиаш дар Фейсбук гуфт, равобити ду кишвар бар асари суитафоҳум ва унсури хориҷӣ ба сардӣ гароидааст.

Шеърдӯст боздиди Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон аз Тоҷикистонро барои беҳбуди равобити умедворкунанда хондааст. Аммо гуфтааст, кишварҳо бо ҳам равобити хуби иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва муштаракоти фарҳангӣ доштанд ва аз Вазорати умури хориҷии Эрон хостааст, “тарҳи навине барои беҳбуди муносибот (бо Тоҷикистон) биандешанд”.

Зимнан, Тоҷикистону Эрон тайи тақрибан ду соли ахир марҳилаи мушкили ҳамкориро паси сар мекунанд. Ин вазъият дар пайи даъвои молӣ бар сари пулҳои гӯё гумшудаи миллиардер Бобаки Занҷонӣ ва даъвати раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ба конфронси Теҳрон ба вуҷуд омадааст.

Нуқтаи авҷи ин баҳс иттиҳоми Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар моҳи августи имсол алайҳи Ҷумҳурии Исломӣ буд, ки дар як филми мустанад гуфт, Эрон қатли чанд чеҳраи саршиноси тоҷик дар солҳои навадум, аз ҷумла Сафаралӣ Кенҷаев, раиси собиқи Шӯрои олӣ ва раҳбари пешини ҳизби сотсиалистиро сармоягузорӣ карда буд.

Эрон ин иттиҳомро бепоя хонд ва гуфт, риштаи дӯстӣ бо Саудӣ, аз рақибони аслии Ҷумҳурии Исломӣ дар Ховари Миёна, Душанберо аз Теҳрон дур мекунад.

XS
SM
MD
LG