Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 5 нафар дар барфрезиҳои ахир дар Тоҷикистон


Шаҳри Хоруғ. Аксро яке аз корбарони "Фейсбук" ба Радиои Озодӣ фиристод.
Шаҳри Хоруғ. Аксро яке аз корбарони "Фейсбук" ба Радиои Озодӣ фиристод.

Барфрезии шадид ва тармафароиҳои чаҳор рӯзи ахир дар Тоҷикистон дастикам ҷони 5 нафарро рабудааст. Ду нафари дигар ҳанӯз бедараканд. Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфтанд, дар пайи барфрезиҳои пайиҳам дар Бадахшон 3 нафар ва дар Суғд ду нафар зери тарма монда, ҷон додаанд.

Ҳодисаи ахир ҳам шоми 17-уми уми январ дар роҳи Хоруғ-Ишкошим рух дода, дар пайи фаромадани тарма дар ин масир наздик ба деҳаи Баржир, се нафар аз ҷумла, як падар ҳамроҳи писараш, зери тарма мондаанд.

Ҳар сол дар натиҷаи боронҳои пайиҳами баҳорӣ ва фаромадани тармаву сангреза дар роҳҳои кишвар чандин нафар ҷон бохта, баъзеи дигар маҷруҳ мешаванд.

Ҷасади писар Мафтулбек Уталбекови 41-сола пайдо ва ба хок супурда шуд, аммо аз бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, аз ҷасади падар Ақризобек Уталбеков, ҳанӯз ному нишон нест. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ аз ноҳияи Ишкошим, эҳтимол ӯ ба дарё рафтааст.

Падару писар ҳарду кормандони идораи роҳсозии ноҳияи Ишкошим буда, шоми дирӯз ҳамроҳ бо 9 ҳамкори худ барои пок кардани роҳ аз барфи зиёд сафарбар шуда буданд. Дар ҳамин ҳол, манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, Ақризобек Музофирбеков 64-сола ва писараш Мафтулбек 41-сола буда, аз дувумӣ ду фарзанд ятим мондааст.

Умеда Юсуфова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 18-уми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса дар километри 32-и деҳаи Баржири ҷамоати деҳоти Аскар Замирови ноҳияи Ишкошим рух додааст.

Ба гуфтаи вай, "ронанда захмӣ шуда наҷот меёбад, аммо ду нафар мутаассифони мефавтанд. Вазъият онҷо бад аст. Барф беист меборад ва пайиҳам тарма мефарояд. Ҳоло тамоми қувва дар вилоят барои пок кардани роҳҳо сафарбар шудааст.

Ҳодисаи Ишкошим аз забони яке аз шоҳидон

Сокинони маҳаллӣ дар Ишкошим мегӯянд, ба далели хатари ҳар лаҳзинаи резиши тарма ҷустуҷуи ҷасади Ақризобек, масъули нигаҳдории роҳ номумкин ва корҳои тоза кардани роҳ ҳам мувақатан қатъ шудааст.

Қирғизбек Қирғизбеков, корманди идораи роҳ дар Ишкошим, ки тавонист аз резиши тарма дар шоми 17- уми январ дар масири Хоруғ-Ишкошим наҷот ёбад, рӯзи 18-уми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Ақризобек, масъулияти нигаҳдории 20 километр роҳи Хоруғ Ишкошимро бар дӯш дошт ва тамоми умр дар ҳамин самт фаъолият кардаву ба озод кардани роҳҳои пурбарф аз муҳосира машғул буд. Қирғизбек мегӯяд, он рӯз ҳам онҳо бо ин ҳадаф бо мошини боркаш ба роҳ баромада буданд.

"Мо кормандони ӯ будем. Барф дар ин роҳ то 65 сантиметр баландӣ дошт. Мо сӯйи дарвозаи ноҳияи Ишкошим ҳаракат доштем. 3 нафари онҳо аз мо дуртар буданд. Мо роҳро тоза мекардем. Дар айни кор тармаи бузурге аз боло омад. Ҳама доду фиғон кард. Мо 10-15 метр гурехтем. Баъди 10 дақиқа вақте дуди тарма гум ва оромӣ шуд, хостем тракторро аз тарма берун орем, аммо боз тарма омад. Баъдан писари Акризобекро, ки ҳанӯз гарм буд аз зери барф берун овардем, аммо худи ӯро наёфтем".

Нигаронии сокинон

Ба гуфтаи Қирғизбек, ҳоло баландии барф дар ин минтақа ба ҳудудан якуним метр баробар шудааст. Ба иттилои сокинони Ишкошим, соатҳои тақрибан 22-и шаби 17- уми январ ҳамчунин як дидбонгоҳи милиса ва як хона зери тарма монданд.

Вазъ ва резиши пайиҳами тарма дар ин минтақа сокинонро шадидан нигарон кардааст. Бархе аз онҳо ҳам дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, бо вуҷуди вазъи изтирорӣ ва хатари ҳарлаҳзаинаи тармарезӣ, ҳанӯз мактабҳо карантин эълон накардаанд ва омӯзгорону кӯдакон бо убури роҳҳои хатарнок ба дарс мераванд.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, шоми 17-уми январ ҳамчунин дар пайи резиши тарма дар ҷамоати Ҳафтруди Панҷакент як сокини маҳаллӣ фавтидааст. Ҷустуҷӯи ҷасади ин сокини Ҳафтрӯд ҳанӯз идома дорад.

Ду рӯз пеш дар натиҷаи фаромадани тарма дар ноҳияи Ванҷи вилояти Бадахшон низ панҷ нафар зери ярч монда, чаҳор нафари онҳо зинда берун оварда шуданд ва як нафари дигар ҳанӯз пайдо нашудааст. Фарҳод Нодулёбов, сардори Идораи роҳҳои ноҳияи Ванҷ, рӯзи 16-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ҳодиса дар байни деҳаҳои Мотравн ва Жамаги ҷамоати Язгулом рух додааст.

Барфу ях роҳи Бадахшонро баст ва мошинро чаппа кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:24 0:00

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода

Тайи ду-се рӯзи охир дар баъзе аз минтақаҳои куҳии Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Бадахшон барфрезии шадид мушоҳида шудааст. Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон гуфтанд, ки баландии барф рӯзи 16-уми январ дар шаҳри Хоруғ ба 40 сантиметр ва дар баъзе аз гӯшаҳои дигари вилояти Бадахшон то 80 сантиметр мерасид.

Кумита дар як баёнияи расмӣ гуфт, бориши барфу борон дар минтақаҳои мухталифи кишвар ҳамоно идома дорад ва хатари тармафароӣ ва сангрезӣ дар роҳҳои куҳӣ боқӣ мемонад. Мақомот аз он нигаронӣ кардаанд, ки бо вуҷуди ҳушдорҳои батакрор, "баъзе сокинон ҳамоно барои ҷамъоварии ҳезум ё, шикор ба кӯҳ рафта, ҷони худро дар хатар мегузоранд".

Навоҳии Тоҷикистон дар асорати барф мондаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:47 0:00

Рӯзи 20-уми январ дар Тоҷикистон бориши пуршиддати барфу борон пешбинӣ шуда, ба қавли наҷотдиҳандагон, метавонад ҳаракат дар роҳҳои кӯҳиро боз ҳам мушкил гардонад. Маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон низ эҳтимоли фаромадани баҳман дар роҳи Душанбе-Хуҷанд ва ноҳияҳои Дарвозу Ишкошим ва шаҳри Хоруғро аз эҳтимол дур надонистааст.

Ҳар сол дар натиҷаи боронҳои пайиҳами баҳорӣ ва фаромадани тармаву сангреза дар роҳҳои кишвар чандин нафар ҷон бохта, баъзеи дигар маҷруҳ мешаванд. Танҳо дар моҳи феврали соли 2017 дар натиҷаи тармафароӣ дар вилояти Бадахшон ва роҳи Душанбе-Чаноқ беш аз бист нафар ҷон бохта буданд.

XS
SM
MD
LG