Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаҳиши нархи алюминий ТАЛКО-ро ба маблағҳои ҳангуфт умедвор кардааст. САДО


Нархи алюминий, яке аз маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон, дар бозорҳои ҷаҳонӣ якбора боло рафт. Як тонна алюминий дар биржаи металҳои рангаи Лондон рӯзи 15-уми август бо қимати 2 ҳазору 39 доллар харидуфурӯш шуд. Як ҳафта қабл ин нарх 1 ҳазору 919 долларро ташкил медод.

  • Алюминий яке аз маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон аст, аммо корхонаи ТАЛКО солҳо боз ба далели арзон будани нархи алюминий тавлиди онро коҳиш медод.

Игор Сатторов, роҳбари департаменти таҳлил ва робита бо ҷомеаи ТАЛКО, рӯзи 15-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мудирияти ширкат нияти бештар кардани тавлидотро дар ин сол дошт ва боло рафтани нархи алюминий дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба он муосидат хоҳад кард. Ӯ гуфт, "албатта, нархи алюминий барои кори ширкати мо омили хеле муҳим аст. Мо хурсандем, ки нарх боло рафт. Умедвор мешавем, ки нархи алюминий муътадил боқӣ монад”.

Игор Сатторов
Игор Сатторов

Нархи алюминий дар бозори ҷаҳонӣ пас аз як давраи бӯҳронӣ дубора боло рафт. Таҳлилгарони бозори металҳои ранга мегӯянд, тайи даҳ соли охир таҳти таъсири фаъолияти корхонаҳои азими тавлиди алюминий дар Чин нархи алюминий дар бозори ҷаҳонӣ дучори рукуд шуда буд. Дар даврони уфти нархҳо даҳҳо корхонаи тавлиди алюминий дар дунё баста шуданд. Танҳо ширкати Русали Русия дар пайи уфти нархҳо маҷбур шуд, кори 5 корхонаи тавлиди алюминиашро дар қаламрави Русия ва берун аз он қатъ намояд.

Ҷаҳиши нархи алюминий ТАЛКО-ро ба маблағҳои ҳангуфт умедвор кардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:56 0:00
Линки мустақим

Аммо ҳамакнун Чин ба хотири кам кардани партоби ҳавои ғализ ба атмосфера кори бисёре аз корхонаҳои тавлиди алюминийро дар қаламраваш қатъ карда ва таҳти таъсири ин омил нархи алюминий дар бозорҳои ҷаҳонӣ боло рафт. Игор Сатторов мегӯяд, болоравии нархи алюминий сабабҳои дигар низ дорад, вале муҳимтаринаш омили Чин аст.

Корхонаи тавлиди алюминийи Тоҷикистон ё ТАЛКО
Корхонаи тавлиди алюминийи Тоҷикистон ё ТАЛКО

Дар ҳамин ҳол, Сатторов гуфт, "фардо аз се корхонаи ноҳияи Ёвон интиқоли ашёи хоми кислотаи сулфид, алюминии фтордор ва криолит шурӯъ мешава. Ин корхонаҳо на танҳо ТАЛКО, балки ширкатҳои хориҷиро низ бо ин маҳсулот таъмин карда метавонанд". Ба гуфтаи Игор Сатторов, баробари ба даст омадани ашёи хоми ватанӣ арзи тавлиди алюминийи Тоҷикистон поинтар рафта, рақобатпазириаш низ дар бозори ҷаҳонӣ бештар хоҳад шуд.

Шавкат Маҳмудов, мудири корхонаи истеҳсолӣ дар Ёвон ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки корхонаи онҳо дар як сол метавонад 12 ҳазор тонна клиорит тавлид кунад, ки барои бароварда сохтани ниёзҳои "Талко" кофӣ мебошад. "Ҳоло мо метавонем то 18 ҳазор тонна флориди алюминий истеҳсол кунем ва баъд аз насби таҷҳизоти изофӣ ин рақам то ба 25 ҳазор тонна расонида мешавад. "Талко" ба 15 ҳазор тонна флориди алюминий ниёз дорад ва боқимондааш ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба ширкати "Русал" фурӯхта хоҳад шуд".

Ба иттилои Шавкат Маҳмудов сохтмони ин корхона ба маблағи 126 миллион доллари амрикоӣ анҷом шуда, 40 миллионро ҷониби Тоҷикистон пардохтааст ва 88,5 миллион доллар қарзи давлатии Чин мебошад.

Раҳбарияти ширкати "Талко" бар ин боваранд, ки бо истифода аз ашёи ватанӣ алюминийи Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонӣ бештар рақобатпазир хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки раҳбарияти ширкати "Талко" сохтмони корхонаи тавлиди гилхок дар Тоҷикистон бо истифода аз ашёи ватаниро рӯи даст гирифтааст.

Айни замон ашёи хоми тавлидшуда дар Ёвонро ширкати РУСАЛ харидорӣ мекунад ва ба гуфтаи Сатторов Қазоқистон низ барои харидории он таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад. Ширкати “Талко” дар Тоҷикистон айни ҳол бо усули толлинг фаъолият дорад. Усули толлинг ба ин маъност, ки як ширкати беруна ба ТАЛКО ашёи хом дода, дар иваз

Дар ним соли гузашта ширкати ТАЛКО тақрибан 50 ҳазор тонна алюминий тавлид кардааст, ки нисбат ба нақша 32,3 дарсад камтар аст.

маҳсулоти коркардшуда, яъне алюминийи аввалияро мегирад. ТАЛКО аз коршарики толлингиаш танҳо ҳаққи истеҳсоли алюминийро мегираду бас.

Коршарики “Талко” ширкати офшории Talco Management Limited, ки ҳуввияти моликонаш ошкор нашудааст ва ба гуфтаи Вазорати молия, барои коркард ва истеҳсоли 1 тонна алюминий ба “Талко” 500 доллар пардохт мекунад. Ширкати “Талко”, собиқ ТадАЗ (корхонаи алюминсозии Тоҷикистон) дар миёнаҳои солҳои 1970 сохта шуд. Баҳси суду зиёни усули толлинг ва бо қимати имтиёзнок дарёфт кардани нерӯи барқ, хусусан дар фасли зимистон, ки мардуми рустонишини кишвар ба он дастрасии маҳдуд доранд, соли 2008-ум рӯ зада буд.

Он замон дар саҳифаҳои матбуот, ин андеша ба миён гузошта шуда буд, ки ТАЛКО ба буҷети давлат андози чандон бузурге пардохт намекунад ва беҳтар аст фурӯхта шавад. Игор Сатторов мегӯяд, ин гуна иддао аз забони шахсоне садо медиҳад, ки умуман аз иқтисод бохабар нестанд ва намехоҳанд, бо он факту далелҳое ки Талко дар ихтиёрашон мегузорад, ошно шаванд.

Зимнан дар ним соли гузашта ширкати ТАЛКО тақрибан 50 ҳазор тонна алюминий тавлид кардааст, ки нисбат ба нақша 32,3 дарсад камтар аст. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон гуфта буд, тибқи нақша ширкати ТАЛКО бояд имсол ҳудуди 170 ҳазор тонна алюминий истеҳсол кунад.

XS
SM
MD
LG