Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарзҳои бузурги корхонаҳои бузург. ВИДЕО


Давлатов: Корхонаҳои бузург аз пардохти андоз саркашӣ накардаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:58 0:00

Дар ҳоли ҳозир корхонаҳои бузурги Тоҷикистон аз бахши андоз ба ҳисоби 815 миллион сомонӣ қарздор будаанд, ки ин рақам дар муқоиса ба соли гузашта 112,3 миллион сомонӣ бештар аст.

Раҳбарияти Кумитаи андози Тоҷикистон гуфтанд, ки бо корхонаи тиллои “Зарафшон” дар мавриди пардохти қарзи ин корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин ба тавофуқ расидаанд. Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз, рӯзи 22 июл гуфт, ки ҳоло бо ҳеч корхонаи бузург дар заминаи пардохти андоз мушкил боқӣ намондааст.

Ин дар ҳолест, ки охирҳои соли гузашта ин кумита бо корхонаи муштараки истихроҷи тиллои Тоҷикистону Чин мавсум ба “Зарафшон” ба далели таъхир дар пардохти қарзҳояш даъвои додгоҳӣ дошт. Мақомоти Кумитаи андоз он замон гуфта буданд, ки корхонаи тиллои “Зарафшон” ба буҷети кишвар ба ҳисоби 280 миллион сомонӣ андоз пардохт накардааст.

Нусратулло Давлатзода гуфт, ҷонибҳо дар ҳалли ин мушкил ба тавофуқ расида ва ин корхона марҳила ба марҳила қарзи андозро пардохт хоҳад кард. “Маблағи баҳсӣ ба “бонус” иртибот дошт. Ба мувофиқа расидем, ки корхона ҳар моҳ ба миқдори 5 миллион сомонӣ месупорад. Ҳоло қарзҳои умумияш ҳисоб карда мешавад, агар ҳаҷми умумии он 207 ё 204 миллион сомонӣ бошад, минбаъд чораҷӯӣ мекунем,” – афзуд ӯ.

Корхонаи муштараки истихроҷи тиллои “Зарафшон” дар соли 1994 бо сармояи ширкати “Commonwealth & British Mineral Ltd”-и Бритониё дар заминаи корхонаи истихроҷи тилои даврони Шӯравии пешин дар ноҳияи Панҷакент таъсис шудааст. Он замон 49 дарсади фоидаи онро Тоҷикистон ва боқимондаашро ширкати бритониёӣ мегирифт. Ҳамакнун қисме ин корхонаро ширкати Zijin Mining Group-и Чин харидорӣ карда, 75 дарсади саҳмияҳои онро дар ихтиёр дорад ва 25 дарсади боқимонда моли давлати Тоҷикистон аст.

Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон дар идомаи суҳбаташ ба масъалаи қарзи ширкатҳои бузурге мисли “Созидание”-и Русия ва ТАЛКО низ дахл кард. Ӯ ҳарчанд аз ибрози назар дар мавриди мушкили пардохти қарзҳои “Созидание” ба буҷети Тоҷикистон худдорӣ кард, вале бино ба иттилои манобеи ҳукумати кишвар қарзи 322 миллион сомонии ин ниҳод ба дӯши ширкати ТАЛКО вогузор шудааст.

Бар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон таҳти рақами 36 аз 2 феврали соли 2016, ки дар сомонаи Вазорати адлияи Тоҷикистон чоп шудааст, корхонаи воҳиди давлатии “Ширкати алюминийи Тоҷикистон” (ТАЛКО) муваззаф шудааст, ки дар баробари 322 миллиону 352 ҳазору 898 сомонӣ қарзи андози ширкати “Созидание” андоз аз фоидаро ҳам пардохт кунад.

Бинои ширкати "Барқи тоҷик"
Бинои ширкати "Барқи тоҷик"

Масъулони ин кумита гуфтанд, дар ҳоли ҳозир корхонаҳои бузурги Тоҷикистон аз бахши андоз ба миқдори 815 миллион сомонӣ қарздор ҳастанд, ки ин рақам дар муқоиса ба нишондодҳои соли гузашта 112,3 миллион сомонӣ бештар будааст. Гуфта мешавад, ширкати “Барқи Тоҷик” (185 миллион сомонӣ), корхонаи “Алюминсохтмон” (17 миллион сомонӣ) ва “Сангтӯда-1” (14,6 миллион сомонӣ) аз ҷумлаи қарздорони асосӣ аз Кумитаи андоз ҳисоб меёбанд.

Дар ҳамин ҳол, маъмурияти нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-1” мегӯянд, то ҳол ширкати “Барқи Тоҷик” ба миқдори 80 миллион доллар пули барқи истифодашударо пардохт накардааст. Ба ин далел ин нерӯгоҳ натавонистааст, қарзи андозро ба миқдори беш аз 14 миллион сомонӣ ба буҷети Тоҷикистон супорад.

Ба гуфтаи Баҳром Шарифов, иқтисоддони тоҷик, қарзи ин корхонаҳо аз андоз дар муддати солҳо ҷамъ шудааст ва барои ислоҳи ин вазъ бояд сохтори ин корхонаҳо таҷдид шавад. “Ҳоло ҳукумат вазифа гузоштааст, ки қисме аз саҳмияи ин корхонаҳо ба сармоягузорҳо фурӯхта ва аз ин тариқ барои навсозии корхонаҳо сармоя ҷалб шавад. Ҳамчунин системаи менеҷментии корхонаҳо нав шуда ва истеҳсоли маҳсулот бештар шавад. Он вақт мушкили пардохти қарзи андоз аз миён меравад,” – гуфт ӯ.

Кумитаи андози Тоҷикистон ба навбати худ далели пардохт нашудани қарзи андозро аз ҷониби корхонаҳои бузурги кишвар ба “сабабҳои молиявӣ ва камбуди маблағ” марбут хонда ва гуфт, ки барои ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли ин мушкил “чораҳо андешида мешавад”.

XS
SM
MD
LG