Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди сулҳ... Русал ба Талко солона 200 ҳазор тонна гилхок медиҳад


Игор Сатторов

Ширкати "Талко" гуфт, бо "Русал" созиш кардааст, ки дар як сол барояшон то 200 ҳазор тонна гилхок дастрас кунад. Игор Сатторов, роҳбари бахши таҳлил ва иттилооти ширкати "Талко", рӯзи 29 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо имзо шудани созишномаи сулҳ ҷонибҳо нафақат аз ҳама даъвоҳои додгоҳии қаблӣ даст кашиданд, балки ба ҳамкории дуҷониба шурӯъ намуданд. "Барои ворид намудани гилхок мо аллакай бо “Русал” ҳамкорӣ дорем. Бар замми ин, муттахасисони Русал имкони таҷдиди истеҳсоли анодҳоро дар “Талко” баррасӣ мекунанд", - афзуд ӯ.

Дар доираи ин созишнома меҳмонхонаи “Ҳят Реҷенсии Душанбе” ва бинои “Созидание” ба ихтиёри "Талко" гузаштааст.

Сатторов гуфт, бар замми ин ҳамкориҳо, “Талко” тарҳи сохтмони як корхонаи тавлиди гилхокро дар Тоҷикистон ба унвонии “Русал” фиристодааст ва дар сурати ҳавасмандии ин ширкат ба ин тарҳ “Талко” омодааст дар амри сохтмони корхона ҳамкорӣ кунад.

Созиши сулҳи Талко ва Русал дар рӯзи 23 март
Созиши сулҳи Талко ва Русал дар рӯзи 23 март

Талко бо Русал оштӣ кард

Ширкати "Талко", корхонаи тавлиди алюминиюм дар Тоҷикистон, рӯзи 28 март аз ҳосил шудани як созиши оштӣ бо "Русал"-и Русия хабар дод. Ин ду ширкат солҳо боз вориди баҳсҳои тӯлонии додгоҳӣ буданд. Дар баёнияи расмии ширкат гуфта шудааст, "ҷонибҳо аз ҳамагуна даъвоҳои додгоҳие, ки то ин замон ҷой дошт, даст мекашанд” ва муносиботи минбаъдаи ду ширкат бар асоси манфиатҳои дутарафа идома хоҳад ёфт. Дар ҳамин ҳол, хабаргузории “Азия Плюс” бо такя ба манобеаш дар ҳукумати Тоҷикистон навишт, дар доираи ин созишнома меҳмонхонаи “Ҳят Реҷенсии Душанбе” ва бинои “Созидание”, ду бинои марбут ба Олег Дерипаска – сармоядори рус ва молики “Русал” – ба ихтиёри Талко гузашт. Ин ширкат ба навбати худ дар давоми даҳ сол 150 миллион доллар арзиши ин ду биноро ба “Русал”пардохт хоҳад кард.

Олег Дерипаска
Олег Дерипаска

Намояндагии ширкати "Русал"-и мансуб ба сармоядори наздик ба Кремл Олег Дерипаска моҳи октябри соли 2016 расман фаъолияти худро дар Тоҷикистон қатъ карда буд. Он замон як манбаъ дар ширкати Русал ба Радиои Озодӣ гуфта буд, “сабаби аслии тарки Тоҷикистон кардани мо дар ин аст, ки ширкат дар инҷо барои пешбурди бизнеси худ дурнамоеро намебинад”.

Ба таъкиди манбаъ, вазифаи аслии дафтари “Русал” дар Тоҷикистон ҳал кардани баҳсу кашмакашҳои додгоҳӣ бо Талко буд ва чун баҳси ҷонибҳо ахиран бо сулҳ анҷомид, зарурате барои будан намонд.

Меҳмонхонаи Hyatt Regency дар Душанбе
Меҳмонхонаи Hyatt Regency дар Душанбе

Ҳукумати Тоҷикистон соли 2004 дар ҳузури раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин бо “Русал” қарордодеро имзо карда буд, ки ин ширкатро муваззаф мекард то 560 миллион доллар ба сохтмони Роғун ва 160 миллион барои бунёди корхонаи нави алюминиум дар Данғара сармоягузорӣ мекунад. Аммо дар соли 2007 бар асари ихтилоф сари мавзӯи баландии садди обанбори нерӯгоҳи Роғун ҷониби Тоҷикистон якҷониба ин қарордодро бо “Русал” лағв кард. “Русал” баъдан ба ваъдаи дигараш ҷиҳати сохтмони корхонаи нави алюминиум дар Тоҷикистон вафо накард.

Ба дунбол ширкати Олег Дерипаска дар соли 2014 дар як баҳси додгоҳӣ дар Швейтсария ба коршарики корхонаи алюминиум - "Талко" - СDH Investment - ғолиб омада, онро ба пардохти 274 миллион доллар қарзу ҷарима муваззаф кард. Баъдан, Кумитаи андози Тоҷикистон ширкати “Созидание”, ширкати дигари мутааллиқ ба Олег Дерипаскаро ба сарпечӣ аз пардохти андоз ба маблағи беш аз 322 миллион сомонӣ айбдор намуд.

Кумитаи андоз гуфт, молики қаблии “Созидание” ширкати қибрисии WTT Hotels one Limited соли 2008 саҳмияҳояшро ба ширкати дигари қибрисии “SUNLINK LIMITED” фурӯхта, аз ин амалиёт андоз аз даромадро пардохт накардааст.

Ширкати «Созидание» дар навбати худ ба додгоҳи иқтисодии Душанбе шикоят бурд, вале ин додгоҳ дар моҳи майи соли 2014 баҳсро боз ҳам ба фоидаи Кумитаи андоз ҳал кард. Дар ниҳоят Ҳукумати Тоҷикистон бо судури як қарор пардохти қарзи андози ширкатҳои марбут ба Дерипаскаро ба дӯши Талко вогузор кард. Қароре, ки дар ниҳоят боиси созиши Талкову Русал шуд.

Шарҳҳоро бинед (9)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG