Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ТАЛКО аз Русал "Hyatt Regency" ва "Созидание"-ро мехарад


Меҳмонхонаи "Hyatt Regency" дар Душанбе
Меҳмонхонаи "Hyatt Regency" дар Душанбе

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки дар наздиктарин фурсат дар мувофиқа бо "Русал" меҳмонхона ва маркази тиҷоратии азими марбут ба ин ширкати русӣ, "Hyatt Regency" ва "Созидание"-ро, ки дар Душанбе ҷойгир ҳастанд, харидорӣ кунад. Як манбаи мӯътамади Радиои Озодӣ ва огоҳ аз ҷараёни музокирот, ки нахост номаш бурда шавад, рӯзи 14 феврал гуфт, тавофуқ дар ин замина дар пайи музокирот бо ширкати Русал ҳосил шудааст.

Аз оғоз маълум буд, ки ин ду объект (“Hyatt Regency” ва “Созидание”) мисле, ки гаравгон шудаанд. Ин сохторҳо қисми асосии даъвоҳои Русал ба Талкоро ҷуброн мекунанд.
Зафар Абдуллоев

Ҳоло, гуфт ӯ, як “меморандум ё ёддошти тафоҳум барои харидани ин ду объект таҳия мешавад ва ба зудтарин фурсат ин хабар ба таври расмӣ эълон хоҳад шуд”. Ин манбаъ дар шарҳи ҷузъиёти созиши нав ба Радиои Озодӣ гуфт, "корхонаи давлатии ТАЛКО меҳмонхонаи “Hyatt Regency” ва бизнес-сентри “Созидание”-и воқеъ дар шаҳри Душанберо дар ивази 150 миллион доллар бар асоси як мусолиҳа ва қарори ҳукуматҳои ҳар ду кишвар харидорӣ намуда, дар зарфи даҳ сол марҳила ба марҳила ин маблағро пардохт хоҳад кард."

"Созиш ниҳоӣ шудааст"

Ӯ гуфт, ҳадафи ин иқдом "созиш дар даъвоҳои додгоҳии миёни ду кишвар, хатми баҳсҳои оянда ва тақвияти ҳамкории дуҷониба мебошад”. Ба қавли мусоҳиби мо, созиш дар ин замина ниҳоӣ шудааст ва танҳо расмиёт мондааст, ки дар сатҳи ҳукумат анҷом шавад.

Олег Дерипаска
Олег Дерипаска

Намояндагии ширкати "Русал"-и мансуб ба сармоядори наздик ба Кремл Олег Дерипаска моҳи октябри соли 2016 расман фаъолияти худро дар Тоҷикистон қатъ кард. Он замон як манбае дар ширкати Русал, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, “сабаби аслии тарки Тоҷикистон кардани “Русал” дар ин аст, ки ширкат дар инҷо барои пешбурди бизнеси худ дурнамоеро намебинад”. Ба таъкиди манбаъ, вазифаи аслии дафтари “Русал” дар Тоҷикистон ҳал кардани баҳсу кашмакашҳои додгоҳӣ бо ТАЛКО буд ва чун баҳси ҷонибҳо ахиран бо сулҳ анҷомид, зарурате барои будан намонд.

Абдуллоев: "Ҳардуи иншоот мисли инки гаравгон буданд"

Он замони дар Утоқи бозаргонии Русия дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз 4 то 7 октябр як ҳайати “Русал” бо нияти ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ТАЛКО аз коргоҳҳои ин ширкат дар шаҳри Турсунзода ва Ёвон дидан кард. Аз рӯи иттилои манбаи Радиои Озодӣ, мувофиқат дар заминаи фурӯши меҳмонхонаи азими воқеъ дар Душанбе ҳамон замон ҳосил шуда, дар фурсати наздик расмӣ ва қонунӣ хоҳад шуд.

Зафар Абдуллоев
Зафар Абдуллоев

Зафар Абдуллоев, коршиноси тоҷик, ки аз вуҷуди созиш дар заминаи фурӯши ду меҳмонхона хабар дорад, гуфт, мусалламан ин муомила ба паёмади баҳсҳои додгоҳии Русал ва “Талко менеҷмент” (сохтори марбут ба Талко) рабт мегирад. “Аз оғоз маълум буд, ки ин ду объект (“Hyatt Regency” ва “Созидание”) мисле, ки гаравгон шудаанд. Ин сохторҳо қисми асосии даъвоҳои Русал ба Талкоро ҷуброн мекунанд. Талко бо роҳи пардохти пули онҳо пурра аз даъвоҳояш даст мекашад”, - афзуд ӯ.

Русал бо ваъдаи бунёди Роғун ба Тоҷикистон омад

Ба саволи Радиои Озодӣ дар бораи онки то куҷо ин тасмим дар сатҳи боло гирифта шуда, ба як баҳси сиёсии байни ду кишвар ҳам табдил шудааст? – Зафар Абдуллоев гуфт, “раҳбарияти ширкати Русал дар Тоҷикистон ба таври ғайрирасмӣ мегуфтанд, ки "Созидание" бо дархости президент бунёд шудааст. Ин як иқдоми рамзӣ ва башарӣ аст, ки маъмулан дар кишварҳои иқтисодашон дар ҳоли рушд ба назар мерасад. Бунёди сохторҳои ғайриаслӣ (непрофильные объекты) ба унвони як иқдоми сармоягузорӣ арзёбӣ мешавад. Он замон Русал бо ваъдаи ширкат дар сохтмони Роғун вориди Тоҷикистон шуд. “Созидание” як фишанги фишор болои ҳамкораш шуд ва аз он истифода кард”.

Ҳукумати Тоҷикистон соли 2004 дар ҳузури раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин бо “Русал” қарордодеро имзо карда буд, ки ин ширкатро муваззаф мекард то 560 миллион доллар ба сохтмони Роғун ва 160 миллион барои бунёди корхонаи нави алюминиум дар Данғара сармоягузорӣ мекунад. Аммо дар соли 2007 бар асари ихтилоф сари мавзӯи баландии садди обанбори нерӯгоҳи Роғун ҷониби Тоҷикистон якҷониба ин қарордодро бо “Русал” лағв кард. “Русал” баъдан ба ваъдаи дигараш ҷиҳати сохтмони корхонаи нави алюминиум дар Тоҷикистон вафо накард.

Баҳсҳои додгоҳӣ

Ба дунбол ширкати Олег Дерипаска дар соли 2014 дар як баҳси додгоҳӣ дар Швейтсария ба коршарики корхонаи алюминиум - ТАЛКО - СDH Investment - ғолиб омада, онро ба пардохти 274 миллион доллар қарзу ҷарима муваззаф кард. Баъдан, Кумитаи андози Тоҷикистон ширкати “Созидание”, ширкати дигари мутааллиқ ба Олег Дерипаскаро ба сарпечӣ аз пардохти андоз ба маблағи беш аз 322 миллион сомонӣ айбдор намуд. Кумитаи андоз гуфт, молики қаблии “Созидание” ширкати қибрисии WTT Hotels one Limited соли 2008 саҳмияҳояшро ба ширкати дигари қибрисии “SUNLINK LIMITED” фурӯхта, аз ин амалиёт андоз аз даромадро пардохт накардааст.

Ширкати «Созидание» дар навбати худ ба додгоҳи иқтисодии Душанбе шикоят бурд, вале ин додгоҳ дар моҳи майи соли 2014 баҳсро боз ҳам ба фоидаи Кумитаи андоз ҳал кард. Дар ниҳоят Ҳукумати Тоҷикистон бо судури як қарор пардохти қарзи андози ширкатҳои марбут ба Дерипаскаро ба дӯши ТАЛКО вогузор кард. Қароре, ки дар ниҳоят боиси созиши Талкову Русал шуд.

XS
SM
MD
LG