Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Азми ТАЛКО барои бунёди 20 корхона дар "чанд соли наздик"


Ширкати ТАЛКО мегӯяд, тобистони имсол дар ноҳияи Ёвон 3 корхона месозад ва қасд дорад, дар чанд соли оянда 20 корхонаи нави саноатӣ бунёд кунад.

ТАЛКО - ширкати алюминсозии Тоҷикистон мегӯяд, ки моҳи июли тобистони соли равон дар ноҳияи Ёвон се корхонаи саноатиро ба кор хоҳад андохт. Сохтмони ин корхонаҳои тавлиди тезоб (кислота), криолит ва фторити алюминий бо харҷи 126 миллион доллар аз соли 2008 ба ин сӯ идома дорад.

Игор Сатторов, сухангӯи корхонаи алюминсозии Тоҷикистон рӯзи 6 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ТАЛКО ҳамин тавр мехоҳад, дар зарфи чанд соли оянда 20 корхонаи саноатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода ва ба ин тартиб ниёзҳои корхонаро бо ашёи хоми ватанӣ таъмин кунад. Ба гуфтаи ӯ, харҷи умумии сохтмони ин корхонаҳо 2,5 миллиард долларро ташкил медиҳад ва ин 20 корхона тақрибан 16 000 нафарро бо ҷои кор таъмин хоҳанд кард.

Аммо ин тарҳҳои пуриддао дар ҳоле эълон мешаванд, ки ТАЛКО ба далели пойин рафтани нархи алюминий дар бозори ҷаҳонӣ дучори мушкилоти молӣ шудааст ва соли гузашта ҳатто аз ҳукумати Тоҷикистон кумаки молӣ хоста буд.

Масъулони ширкат мегӯянд, ин 2,5 миллиард доллар сармоя барои бунёди 20 корхонаи навро мехоҳанд аз тариқи ҷалби сармоягузориҳо аз хориҷ, аз ҷумла аз бонкҳои рушди Осиё ва рушди исломӣ ва аз ниҳодҳои олии Чину Русия ба даст биоранд.

Ба гуфтаи ҷаноби Сатторов, ҳадафи асосӣ аз "Тарҳи сармоягузориҳои мақсадноки ТАЛКО" таъмини пурраи ин корхона бо ашёи хоми ватанист. Дар ҳоли ҳозир як бахши бузурги хароҷоти ин корхонаро воридоти гилхок (глинозём) - ашёи хоми лозим барои тавлиди алюминий ташкил медиҳад. Гилхок ба ТАЛКО асосан аз Русия ворид мешавад.

Игор Сатторов, сухангӯи Талко
Игор Сатторов, сухангӯи Талко

То имрӯз дар мавриди ҳалли мушкили таъмини Талко бо гилхоки худӣ, ашёи хоми аслӣ барои тавлиди алюминиюм, пешрафти чашмгире нашудааст.

Соли 2013 бо ширкати русии РусАл дар заминаи бунёди корхонаи гилхок дар ҳудуди Тоҷикистон музокирот шурӯъ шуда, аммо ба далели мухолифатҳо ва даъвоҳои додгоҳӣ бо ин ширкат гуфтугӯҳо қатъ шуданд.

Дар соли гузашта аз тариқи РусАл ба корхонаи алюминиюми Тоҷикистон 160 ҳазор тонна гилхок ворид гардидааст.

ТАЛКО дар гузашта низ чандин бора барои сохтани корхонаҳои нав дар Тоҷикистон талош карда буд ва аз ҷумла чанд корхонаву коргоҳи тавлиди кабел ва маҳсулоти рӯзгори алюминӣ бунёд кард. Аммо ин корхонаҳо ба муҷарради пур шудани бозори дохилӣ аз кор монданд, чунки дар хориҷ аз кишвар харидори кофӣ пайдо карда натавонистанд.

Игор Сатторов гуфт, ҳамакнун ТАЛКО дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои италиявии FATA Hunter ва олмонии SMS Siemag тарҳи бунёди корхонаи тавлиди варақаҳои алюминиро рӯи даст гирифтааст, ки дар бахшҳои мошинсозию киштисозӣ васеъ истифода шуда ва дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир хоҳад буд. Ҳазинаи ин тарҳ 27 миллион евро буда ва тавоноиаш тавлиди 30 ҳазор тонна варақаи алюминӣ дар сол аст.

ТАЛКО - корхонаи алюминсозии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Турсунзода, тақрибан 60-километрии ғарби Душанбе ва 20-километрии марз бо Узбакистон, бо саҳми умдааш дар таъмини нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Тоҷикистон, бахусус дар таъмини содироти кишвар як корхонаи муҳимтарин ба шумор меояд. ТАЛКО мустақиман ба дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ итоат мекунад ва ба фарқ аз боқӣ корхонаҳои саноатии Тоҷикистон, вобастаи вазорати саноат ва технологияҳои навин нест.

Дар миёнаи солҳои 2000-ум то 60 дарсади содироти Тоҷикистон аз ҳисоби фурӯши маҳсулоти ТАЛКО ба даст меомад, вале дар соли 2013, бино бар коҳиши тавлидот, аз 1 миллиарду 172 миллион доллар ҷамъи содироти кишвар танҳо 370 миллион доллар ё ҳамагӣ 30 дарсадаш аз ҳисоби содироти алюминийи аввалия ба даст омадааст. Дар соли 2014 ТАЛКО ба хориҷ ба маблағи ҳамагӣ 234 миллион доллар алюминий фурӯхтааст ва саҳмаш дар таъмини содироти Тоҷикистон боз ҳам пойинтар рафтааст.

Бино ба иттилои Бонки Ҷаҳонӣ, нархи 1 тоннаи алюминий аз 2400 доллар дар соли 2011 то 1900 доллар дар соли 2014 ва то 1700 доллар дар соли 2015 коҳиш ёфта, дар назар аст, имсол нархи он то 1500 доллар пойин шавад.

Дар авохири соли гузашта ширкати ТАЛКО ба хотири ҳалли мушкили иқтисодии худ аз ҳукумати Тоҷикистон коркарди конҳои Кончоч ва Чӯлбойӣ, воқеъ дар ноҳияи Айниро бо 32 тонна захираи тиллоро дархост кард ва ҳукумат низ ин конҳоро барои 25 сол ба ихтиёри ТАЛКО гузошт.

Ширкати ТАЛКО, собиқ ТадАЗ (корхонаи алюминсозии Тоҷикистон), дар миёнаҳои солҳои 70-уми асри гузашта, вақте Иттиҳоди Шӯравӣ побарҷо буд, сохта шуд. Далели интихоби Тоҷикистони дур аз манобеъи гилхок (глинозём) – ашёи хоми асосии лозим барои тавлиди алюминий - ба ҳайси макони бунёди ин корхона арзон будани нирӯи барқ – дувумин чизи хеле лозим барои фаъолияти дастгоҳҳои барқхӯри тавлиди алюминий будааст. Тарҳи нирӯгоҳи Роғун низ дар он солҳо пеш аз ҳама бо ҳадафи таъмини эҳтиёҷоти ҳамин корхона бо нирӯи барқ таҳия шуда буд.

XS
SM
MD
LG