Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон як ширкати чиниро аз боҷу андоз озод кард


Акс аз бойгонӣ

Дар Тоҷикистон боз як ширкати чинӣ аз пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ озод шуд. Ҳукумати Тоҷикистон бо судури як қарор вуруди молу таҷҳизотро ба “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андозҳо озод кардааст. Ин ширкат дар шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар) ба истихроҷи сурб машғул аст ва ба як шаҳрванди Чин тааллуқ дорад.

Бар тибқи ин қарор, ки бо имзои Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҳукумат тасвиб шудааст, “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистон Хитой” аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андозҳои 374 номгӯй молу ашё ва 55 мошин сабукраву боркашон, озод шудааст. Дар матни ин қарор гуфта мешавад, имтиёз ба ин ширкат ба хотири сохтмони як “корхонаи металлургӣ бо иқтидори истеҳсолии 50 ҳазор тонна сурб дар як сол дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд”, дода шудааст.

Имтиёз ба ин ширкат ба хотири сохтмони як корхонаи металлургӣ бо иқтидори истеҳсолии 50 ҳазор тонна сурб дар як сол дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд, дода шудааст.

Зимнан, ин ширкати чинӣ дар Тоҷикистон соли 2008-ум таъсис ёфта, аз мавзеи “зарнисори шимолӣ”, метали сурб истихроҷ мекунад. Ҳарчанд исми ширкат аз номи Тоҷикистону Чин иборат аст, аммо дар асл бинобар иттилои Кумитаи андоз, он ба шаҳрванди Чин Хуан Тсзянжун таааллуқ дорад.

Дар раддабандии бузургтарин андозсупорандагони Тоҷикистон, ки ахиран Кумитаи андоз эълон кард, бар хилофи боварҳо на корхонаи тавлиди аллюминиюм “Талко” ва на ширкатҳои мобилӣ дар қатори андозсупорандагони раддаи аввал нестанд.

Бинобар, эътирофи Кумитаи андоз дар соли гузаштаи 2016 ду ширкати бо сармояи Чин бундёшуда дар Тоҷикистон маҳз “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” ва ширкати муштараки истихроҷи тилло “Зарафшон” дар Панҷакент дар ду раддаи аввали бузургтарин андозсупорандагони Тоҷикистон қарор гирифтаанд.

Дар ҳоле, ки ширкатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон, ки бо сармояи Русия, ва ё кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо бунёд шудаанд аз сарбории гарони андоз дар нисбаташон шиква мекунанд, ба назар мерасад ширкатҳои чинӣ яке паси дигар аз имтиёзҳои андозӣ бархӯрдор шуда, бозори Тоҷикистонро аз худ мекунанд ва аз чизе ҳам шикоят надоранд.

Дар як соли охир ширкатҳои русӣ аз забони

Игор Лякин Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон.
Игор Лякин Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон.

ва ширкатҳои кишварҳои аврупоӣ тавассути Ҳидоят Бишчевич, сафири Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон аз мизони баланди андоз, ҷаримаҳои ҳангуфт ва “зуд-зуд иваз шудани қоидаҳои бозӣ”, шикоят карда буданд. Нуралӣ Собиров, менеҷери собиқадори тоҷик мегӯяд, ширкатҳои чинӣ ба фарқ аз ширкатҳои аврупоӣ, ки танҳо тибқи қоидаву тартиботи корпоративии хеш амал мекунанд, зуд “ба қоидаҳои бозӣ дар кишвари будубошашон” хӯй мегиранд.

Вай гуфт: “Тартиби кор дар ширкатҳои аврупоӣ чунин аст, ки ришват додан ва ё ғайримақсаднок масраф кардани як тин имкон надорад ва ё бисёр душвор аст. Бинобар ин, чунин ширкатҳо дар шароити мисли Тоҷикистон, ки бидуни лоббигарӣ ва ё ришват додан пеш бурдани кор мушкил аст, ба бунбаст дучор мешаванд. Аммо ширкатҳои чинӣ дар назди худ ҳеҷ табуе надоранд.”

Зимнан, дар гузашта низ чанде аз ширкатҳои муштараки Тоҷикистону Чин аз имтиёзҳои андозӣ бархӯрдор шуда буданд. Тоҷикистон 5 соли қабл ба ширкатҳои Хуаксин Ғайюр Семент, Хуаҷин Ғаюр Индастриал-ро низ аз пардохти андозу боҷи гумрукӣ озод карда буд. Аммо коршиносон мегӯянд, давлат барои ҳамаи ширкатҳо бояд “қоидаи ягонаи” бозиро муайян кунад ва набояд ширкатҳои алоҳида аз имтиёзи андозӣ бархӯрдор гашта, дигарҳо зери бори андоз қомат хам кунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG